СЕМИНАРИ БОҒУ ТОКПАРВАРОН

Ноҳияи Шофиркон бобати боғу токпарварӣ таҷрибаи зиёд дорад.

Ноҳияи Шофиркон бобати боғу токпарварӣ таҷрибаи зиёд дорад. Солҳои 80 - 90- уми асри гузашта овозаи ангурҳои пуршаҳду шакари хоҷагиҳои токпарварии мавзеи Ҷилвон ҳатто то мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ расида буд. Дар ноҳия ташкил ёфтани боғу токзорҳои нав имконият медиҳад, ки аҳолӣ бо меваи хушхӯр таъмин ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд ояд. Бо ҳамин мақсад дар ноҳия барпо намудани 3,5 ҳазор гектар токзор ба нақша гирифта шудааст.
Ба қарибӣ семинари машваратии аёние, ки дар мавзеи Искогареи ноҳия бо иштироки ҷонишини Сарвазир оиди масъалаҳои рушди соҳаҳои аграрию хӯрокворӣ Ш. Ғаниев ва и. в. ҳокими вилоят Б. Зарипов баргузор гардид, ба ҳамин масъала дахл дошт. Дар он ҳокими ноҳия Ш. Ҳакимов, роҳбари Агентии танзими бозори машрубот, тамоку Р. Бобоев, сарвари хоҷагии фермерии «Азим-Шофиркон юлдузи», Қаҳрамони Ӯзбекистон А. Латипов бобати амалӣ сохтани нақшаи номбурда изҳори ақида карданд.
– Афзалияти ток нисбат ба дигар зироатҳои мевадор он аст, ки зуд ба воя мерасад. Баъди шинондани қаламча соли дуюм ё сеюм ба ҳосил медарояд. Агар хуб нигоҳубин кунед, 100 сол, ҳатто бештар аз ин муддат низ мева медиҳад. Аҷибаш дар он, ки замин шӯр бошад ҳам, ток нашъунамо меёбад. Навъҳои ба иқлими ин ҷо мувофиқро интихоб карда шинондан муҳим аст, – гуфт ҳангоми гузоришаш роҳбари агентӣ Р. Бобоев.
Дар ҷараёни семинар ба онҳое, ки токпарвариро пеша карданианд, расондани кӯмаки молиявӣ, ба соҳибкорон додани субсидия барин масъалаҳо низ муҳокима гардида, ба мутасаддиён супоришҳо дода шуд.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: