Лоиҳаҳои сохтмони инфрасохтори нақлиёт баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 15 ноябр бо тақдимоти лоиҳаҳо оид ба рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳри Тошканд шинос шуд.

Президент Шавкат Мирзиёев 15 ноябр бо тақдимоти лоиҳаҳо оид ба рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳри Тошканд шинос шуд.

Рушди муназзами мамлакати мо барои инкишофи шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахт шароити мусоид фароҳам меоварад. Ин, дар навбати худ, ривоҷ додани роҳу купрукхои нав, кушодани хатсайрҳои нави нақлиётро талаб мекунад.

Солҳои охир дар шаҳри Тошканд хатҳои метрополитен ва зеризаминӣ ба истифода дода шуданд, ки барои мусофирон қулайҳои боз ҳам бештар фароҳам овардаанд. Дар идомаи ин корҳо аз истгоҳи метрои “Буюк ипак йӯли” то мавзеи “заводи тракторсозии Тошканд” хати зеризаминии метро сохтан ва ҳамчунин иҷрои навбати дуюми метрои ҳалқаи рӯизаминӣ пешбинӣ шудааст.

Зимни муаррифӣ пешниҳодҳои лоиҳавии дахлдор баррасӣ гардиданд. Ҳамин тариқ, ду варианти кашидани хати зеризаминӣ - тавассути кӯчаи Мирзо Улуғбек ё кӯчаи Буюк ипак йӯли кор карда мешавад. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, дар навбати аввал дарозии хатти мазкур 8,6 километр, иқтидори мусофиркашонӣ — 62 ҳазор мусофир дар як шабонарӯз хоҳад буд. Дар варианти дуюм дарозии хатсайр 8 километр буда, иқтидори мусофиркашонӣ 55 ҳазор нафар дар як шабонарӯз хоҳад буд. Корҳои сохтмонӣ 5 сол идома хоҳанд ёфт.

Навбати дуюми метрои рӯизаминӣ аз мавзеи Кӯйлуқ то истгоҳи № 5-и шохаи Сергелӣ кашидани зиёда аз 11 километр роҳи эстакадаиро пешбинӣ мекунад. Қарор аст, хатти мазкур аз ҳафт истгоҳ иборат буда, иқтидори дар як шабонарӯз кашондани  38 ҳазор мусофирро дорад.

Инчунин, лоиҳаи васеъ гардондани гузаргоҳ аз кӯчаи Бобур то аэропорти байналхалқии ба номи Ислом Каримови Тошканд бо бунёди купруки ҳалқагин тақдим гардид. 

Зимни муаррифӣ ҷанбаҳои техникию иқтисодии ин лоиҳаҳо баррасӣ гардида, сарвари давлат ҷиҳати аз нигоҳи қулаӣ, бехатарӣ ва сифат такмил додани лоиҳаҳо тавсияҳо дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: