Сафари расмии Президенти Эрон ба Ӯзбекистон оғоз шуд

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ 14 сентябр бо сафари расмӣ ба кишвари мо омад.

Дар фурудгоҳи Самарқанд Президенти Эронро Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Имрӯз музокироти сатҳи олии Ӯзбекистону Эрон баргузор мешавад. Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард. Дар поёни музокирот як қатор санадҳои муштарак ба имзо хоҳанд расид.

Иброҳим Раисӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ширкат хоҳад кард.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: