МАКТАБИ МЕҲР ВА САХОВАТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки 17 июни соли ҷорӣ роҳбари давлат ба Маркази гематология, онкология ва клиникаи иммонулогияи бачагон ташриф оварда буд.

Президент бо бачаҳое, ки муддати тӯлонӣ дар ин ҷо муолиҷаи статсионарӣ мегиранд, инчунин бо муассисаи давлатии таълими томактабии “Меҳрли мактаб”-и тасарруфи Вазорати таълими халқ шинос шуда буд. Бачаҳои бемор ба Президент мактуб навишта, шахсан ба ӯ супурда буданд. 
Ба қарибӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Президент ба мактубҳои бачагони бемор ҷавоб фиристонд ва дар мактаби номбурда ба ин муносибат чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони масъули маъмурияти Президент, вазоратҳои ҳифзи тандурустӣ, корҳои дохилӣ ва рушди спорт иштирок карданд. Аз ҷониби Агентии кор бо ҷавонон ва Фонди мақсадноки дастгирии маънавият ва эҷод ба бачаҳои бемор туҳфаҳои гуногун ва маҷмӯи китобҳои бадеӣ тақдим гардид. 
Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси қарори роҳбари давлат “Дар бораи боз ҳам такмил додани хидмати гематологӣ ва онкологӣ ба аҳолӣ” аз 27 майи соли 2021, самти гематология ва онкологияи бачагона аз шифохонаи умумӣ ҷудо карда шуда, ба маркази алоҳида табдил дода шуд ва ба бинои нав кӯчонда шуд. Марказ ба 160 ҷой пешбинӣ шудааст ва алҳол дар ин ҷо 101 нафар бачагони бемор муолиҷа мегиранд. Барои беморон ва падару модари онҳо шароити қулай офарида шудааст. Беш аз 130 нафар табиб, аз ҷумла, 38 нафар ходими илмӣ ва даҳҳо нафар ҳамшираи шафқат бо корҳои муолиҷа машғул мебошанд. 
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки ҳар як мактуби бачаҳои беморро худи Президент кушода хонданд. Аз ҷумла, бемор Алан Маратови 8-сола аз шаҳри Нуқус дар мактубаш навиштааст, ки мехоҳад бо Президент вохӯрад. 17 июни соли ҷорӣ Алан бо Президент вохӯрд ва роҳбари давлат ба ӯ маҷмӯи китоб ва планшет туҳфа намуд. 
Бемор Дилноза Саидхӯҷаеваи 16-сола аз ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд дар мактубаш изҳор  дорад, ки мехоҳад дар Институти рассомии миллӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод таҳсил гирад. Дар чорабинӣ ректори донишкадаи мазкур сертификати донишҷӯиро ба духтарак супорид. Вай метавонад аз оғози соли хониши 2022-2023 дар асоси гранти давлатӣ дар ин муассиса таҳсил гирад. Ба Руслан Насибуллини 10-сола, Бекзод Тӯлибоеви 15-сола, Муниса Содиқоваи 4-сола, Хушнуд Иззатбоеви 12-сола, Ҳаётбек Юсуфови 8-сола маҷмӯи китоб ва якдонагӣ планшет туҳфа карда шуданд.  Саидакбар Ҳамидуллоеви 15-сола аз ноҳияи Учтепаи шаҳри Тошканд дар мактубаш навиштааст, ки мехоҳад ягон бача бемор нашавад. Дар ин марказ саломатиаш рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Аз ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд Диёрбек Абдуқосимови 12- сола менависад: ”Сураткаширо дӯст медорам, дар оянда орзу дорам ходими корҳои дохилӣ шуда, ба Ватанам хидмат намоям». 
Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ ба Диёрбек гувоҳномаи узвият ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ботантана супорид. 
– Писари ман як сол боз дар ин ҷо муолиҷа мегирад, доруву дармон, хӯрок ройгон аст. Табибон бо суханҳои меҳрубононаи худ низ ба дили мо таскин мебахшанд. Ман худ зодаи деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато мебошам. Ба ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах ба шавҳар баромадам. Писарам ба ин беморӣ чӣ тавр гирифтор шуд, намедонам. Ба роҳбари давлатамон аз номи модарони кӯдакони бемор изҳори миннатдорӣ мекунам. Модар ҳамон вақт худро хушбахт меҳисобад, ки фарзандаш солиму комил ба воя расад, – гуфт ҳангоми суҳбат модари Хушнудҷон Моҳира Турсунова.    
Оре, меҳр, мурувват, саховат яке аз фазилатҳои беҳтарини инсон аст. “Инсон бандаи эҳсон аст” гуфтаанд бузургони мо.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.        
            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: