ОВОЗХОНЕ АЗ ДЕҲАИ ХУШМАНЗАР

Деҳоти тоҷикнишини хушманзари доманакӯҳҳои Нурато низ одамони барӯманд дорад.

Ин деҳаҳо дар домани худ инсонҳои бофазлу ҳунарро парваридаанд. Ҷавонони зиёде пайи аз бар намудани илмҳои замони худ камари ҳиммат бастаанд. Тӯли солҳои охир дар бахши мутрибиву овозхонӣ дар ин кӯҳпоя нафарони зиёде ба камол расидаанд. Месазад, ки дар ҳаққи ҳар яки ин ҳунарварон маводи хондание бинависем.
Яке аз онҳо парвардаи деҳаи хушобуҳавои Ӯхм Ҷӯрабек Йӯлдошев мебошад, ки ҳанӯз аз даври бачагӣ бо созу мусиқӣ ошноӣ дошт. Падараш омӯзгори собиқадор – Сарабек Йӯлдошев ва модари раҳматиаш – холаи Баҳрия аз ҳунарнамоиҳои Ҷӯрабеки овозхон дар саҳнаҳои тӯю сур, маҳфилу базмҳои гуногун, ба қавле, курта-курта гӯшт мегирифтанд. Аҷаб нест, ки ба ӯ, ба хотири он, ки мисли устоди ҳунар Ҷӯрабеки Мурод ҳунарманд шавад, ин номро ниҳода бошанд.
Ҷӯрабек чанд сол қабл ҷавонони болаёқатеро, ки ба ҳунари навозандагиву сарояндагӣ сарукор доштанд, муттаҳид намуда бо номи «Парандоз» гурӯҳе таъсис дод. Онҳо ҳамаи созҳои мусиқиро навохта метавонанд. Ҳоло узви даста Қувончбек дар мактаб аз фанни мусиқӣ дарс медиҳад. Ҷӯрабек аз зумраи овозхонҳоест, ки оҳангу сурудро хуб дарк менамояд. Дилбастагӣ ба ҳунар буд, ки ӯро ба шаҳрҳои гуногун бурд. Дар чорабиниву маҳфилҳое, ки Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах баргузор мекунад, мунтазам ширкат ҷуста, дили иштирокдоронро бо сурудҳои дилнишин болида месозад. Борҳо бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонда шудааст. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: