НИШОНИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛӢ

Акси садо

Ӯзбекистон роҳи ваҳдат, сулҳу салоҳ ва ҳамдилии байни кишварҳову халқҳоро интихоб кардааст. Дар ҷумҳурӣ намояндагони беш аз 130 миллат ва халқиятҳое, ки онҳоро фарҳанг, анъанаҳо ва дӯстиву эҳтироми тарафайн ба ҳам мепайванданд, зисту зиндагӣ ва кор мекунанд. Ҳоли ҳозир 150 маркази миллии фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои дӯстӣ амал мекунанд. Дар мамлакат барои ҳифз кардан ва инкишоф додани забон, адабиёт, урфу одатҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин кулли ҳуқуқ ва озодиҳои намояндагони халқҳои дигар новобаста аз ҷинс, ирқ, миллат, дин ва баромади иҷтимоиашон дар қонунҳо сабт ёфтаанд.
Дар муассисаҳои давлатии таълимии кишвар ба ҳафт забон сабақ дода мешавад. Ҳамчунин китобҳои дарсӣ ва аёниятҳои таълимӣ ба забонҳои гуногун навиштаву чоп гардидаанд ва дар ҷараёни таълим истифода мешаванд.
Дар Ӯзбекистон созмонҳои маърифатӣ, аз ҷумла осорхонаи рассоми машҳури қазоқ  Ӯ.Тансиқбоев, осорхонаи шоир С.Есенин, осорхонаи Тамарахонум ва бисёр вакилони дигар маданияту санъат, ки замоне дар кишвари мо зиндагӣ ва кор карда, ба рушди соҳаҳои мазкур саҳми муносиби худро гузоштаанд, амал мекунанд.
Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷумҳурии мо миқдори зиёди одамони аз ҷойҳои ҷанг кӯчонидашудагонро қабул кард, ки дар байни онҳо пирону кӯдакон, коргарону намояндагони зиёӣ буданд. Бисёрии онҳо олимон, нависандагону шоирон, журналистону оҳангсозон ба шумор мерафтанд. Тӯли солҳои буду боши худ дар Ӯзбекистон онҳо нафақат имкон доштанд соҳаи фаъолияти худро инкишоф диҳанд, балки баъд аз худ шогирдону ворисони сазовор, ҳамчунин анъанаҳои некеро вогузоштанд, ки бинобар онҳо алҳол дар мамлакати мо соҳаҳои таълим, илм ва фарҳанг инкишоф меёбанд.
Бахусус, дар соҳаи таълим муаллимону омӯзгороне кор карданд ва кор мекунанд, ки вакилони миллатҳои дигар ба шумор мераванд, дар байни онҳо намояндагони миллатҳои рус, яҳудӣ, қазоқ, уйғур, тоҷик ҳастанд. Ҳар кадоми онҳо барои шукуфоии Ватан дар ҷойи худ фидокорона кор карда дар қалбҳои мо шарораи меҳру муҳаббат афрӯхтанд.
30 июл дар Ӯзбекистон ба сифати Рӯзи дӯстии халқҳо таҷлил мегардад. 3 майи соли 2011-ум Ассамблеяи Генералии СММ ин рӯзро эълон карда буд. Дар баённомаи ҳуҷҷати мазкур гуфта мешавад, ки «дӯстии байни халқҳо, кишварҳо, фарҳангҳо ва шахсони алоҳида метавонад ба таъмин сохтани сулҳу салоҳ рӯҳу илҳом бахшад ва ба бунёди пули байни ҷамъиятҳое, ки гуногунрангии маданиро эҳтиром мекунанд, имконият фароҳам оварад». Аз ҷониби роҳбари давлат нишони сарисинагии «Халқлар дӯстлиги» таъсис дода шуд. Бо он кормандони мақомоти давлатии маҳаллӣ ва хориҷӣ, созмонҳои ғайритиҷоратӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, намояндагони соҳаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ, ҳамчунин ҳамватанони хориҷие, ки дар таҳкими муҳити дӯстӣ ва ҳамдилии байни намояндагони тамоми миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар кишвари мо зисту зиндагӣ мекунанд, саҳми сазовор гузоштаанд, мукофотонида мешаванд.

Ойдин АБДУЛЛОЕВА,

депутати Палатаи қонунофарии Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: