Президенти Ӯзбекистон Президенти Тоҷикистонро бо ғалабааш дар интихобот табрик кард

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ баргузор намуд.

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ баргузор намуд.

Роҳбари давлати мо сарвари Тоҷикистонро бо ғалабаи боварибахшаш дар интихоботи Президентии мамлакат, ки ба қарибӣ баргузор шуд, аз таҳти дил муборакбод кард ва дар фаъолияташ барои манфиат ва шукуфоии халқи бародари тоҷик комёбиҳои бузург орзу  намуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷиҳатҳои рӯзмарраи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии ӯзбекистониву тоҷикистонӣ баррасӣ шуданд.
Муҳимияти сари вақт ба амал татбиқ намудани муоҳидаҳои сарони мамлакатҳо, иҷрои қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ ва коркарди рӯзномаи нав барои вохӯриҳои дараҷаи олии пешистода махсус таъкид гардиданд.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории тарафайни минтақавӣ табодули афкор ба амал омад.
Президентҳо аз қабул шудани изҳороти муштараки сарони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар вазъи Ҷумҳурии Қирғизистон қаноатмандӣ изҳор намуданд.
Дар анҷоми мулоқот эътимоди тарафайн бинобар рушди ҳамкориҳои дарозмуҳлат ва васеъмиқёси кишварҳои мо таъкид гардид.
Суҳбат чун анъана дар фазои самимӣ, рӯшод ва дӯстона гузашт.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: