«МО ЯКДИЛУ ЯКҶОНЕМ”

Зери чунин шиор бо ташаббуси ташкилоти ғайридавлатию ғайритиҷоратии «Ҳаёт»-и Самарқанд дар Маркази ҷавонони Самарқанд анҷумани байналмилалии фарҳангию маънавӣ байналмилалии ба вуқӯъ пайваст.

Зери чунин шиор бо ташаббуси ташкилоти ғайридавлатию ғайритиҷоратии «Ҳаёт»-и Самарқанд дар Маркази ҷавонони Самарқанд анҷумани байналмилалии фарҳангию маънавӣ байналмилалии ба вуқӯъ пайваст.
Дар чорабинӣ, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии ногироҳо доир гардид, вакилони ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, варзишгарони ногиро, санъаткорон, волидайну парасторҳои маъюбон ва дигарон иштирок карданд. 
Тадбирро сарвари ташкилоти ғайридавлатию ғайритиҷоратии «Ҳаёт» Раъно Халилова ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро хайра мақдам гуфт.
– Ташкилоти мо соли 1999 бо ташаббуси занону духтарони хайрхоҳ таъсис ёфта, ҳамагӣ 47 нафар аъзо дошт, – гуфт ӯ. – Ҳоло шумори узви ташкилот беш аз 600 нафар мебошад. Асоси фаъолияти мо кӯмаки беғараз ба ногироён ва волидайну парасторони онҳо аст. Хушбахтона, бо дастгирӣ ва кӯмаки сарпарастони савобкор бисёр корҳои хайр анҷом дода мешаванд.
Масалан, бобати табобати бемории ногироён, ташкили саёҳат ба ҷойҳои таърихӣ, таъмин бо маводи озуқаворӣ, таъмири манзили зист ва таълими онҳо як қатор амалҳои хайр иҷро гардиданд. Ҳар сол ба муносибати Рӯзи ногироён тадбиру вохӯриҳоро ташкил мекунем, ки писаракону духтарони имконияташон маҳдуд бо санъату ҳунар, варзишу эҷоди худ баромад мекунанд. Аксари онҳо дар мусобиқаву озмунҳои байналхалқӣ низ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидаанд.
Дар тадбир роҳбари намояндагии созмони масъулияташ маҳдуди «Мерос»-и шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Марҷон Абдуллина ва асосгузори ташкилоти ғайридавлатию ғайритиҷоратии «Идҳои асосӣ»-и Қазоқистон Бутакӯз Игенбоева низ ба сухан баромада, аз таҷрибаи худ нақл карданд.
Дар идомаи анҷуман чанд филми мустанад доир ба ҳаёти ҷавонони имконияташон маҳдуд намоиш дода шуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: