МУБОРИЗА АЛАЙҲИ КОРРУПСИЯ – ТАҚОЗОИ ДАВР

Тақрибан даҳ сол қабл аз ин суҳбати гирди миз, ки аз тариқи оинаи нилгуни яке аз давлатҳои ҳамсоя пахш гардид, диққати маро ҷалб намуд: иштирокдорон масъалаи мубориза алайҳи коррупсияро мавриди муҳокима қарор медоданд.

Тақрибан даҳ сол қабл аз ин суҳбати гирди миз, ки аз тариқи оинаи нилгуни яке аз давлатҳои ҳамсоя пахш гардид, диққати маро ҷалб намуд: иштирокдорон масъалаи мубориза алайҳи коррупсияро мавриди муҳокима қарор медоданд.
Он солҳо дар мо коррупсияро ҳатто ба забон намегирифтанд. Коррупсияро ба маънии хеле танг – ришват мефаҳмидем аксарияти мо. Ба ин мавзӯъ ишора намудани расонаҳои ахбори оммавӣ умуман имкон надошт. Гӯё ҷамъиятамон аз ин иллати иҷтимоӣ умуман холӣ, ҳоҷат ба таваҷҷӯҳнигаронӣ ба ин мавзӯъ нест. Ҳол он ки коррупсия мағз-мағзи сохтореро фаро гирифта буд, ки мо ҳамеша онро адолатнок ҳисобида ва ба осмони ҳафтум мебардоштем. Хору зории одамони оддию беҳимоятро дида ё ҳис карда истода, бонг мезадем дар мо қадр ва эътибори инсон аз ҳар чиз волост.

Давраи бачагӣ фикр мекардем фақат аснои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ баъзе довталабон пора медиҳанд. Дар ҷавонӣ дидем бе пора кореро ба сомон расондан, масъалаи шахсиро ҳал кардан душвор. Мутахассиси ҷавон барои он ки кори дилхоҳ ёбад, бояд миёнрав кофта, ҳанӯз дар ибтидои фаъолияти мустақилона ба каҷравӣ роҳ гузорад, зеро ӯ хуб медонад баробари порахӯрӣ порадиҳӣ низ гуноҳ ва ҷиноят.
Дар арафаи соли  хониши нав дар яке аз дабистонҳои таълими умумӣ синферо «буриданд» – аз чаҳор синфи якум се синф боқӣ монд. Лозим омад барои барқарорсозии миқдори аввала ҳаштсад ҳазор сӯм (чанд сол қабл) ба идораи болоӣ супоранд. Дар қатори се муаллими синфҳои ибтидоӣ мутахассиси ҷавоне ҳам, ки нав ба кор қабул шуда буд, дусад ҳазор сӯм ҳиссаи худро ҳамроҳ кард.
Зодгоҳи роқими ин сатрҳо ноҳияи хурд аст. Аксарият якдигарро хуб мешиносанд. Тамаъгарӣ аз одамони «чашми дид» ё худ шинос боз зишттар ба назар тофта ва ба дуршавии наздикон боис мешудааст. Ҳамдеҳагонам як хислат доранд: дароз мекунанд ва кор буд менамоянд. Баъд овоза мекунанд ба ҳама: фалон қадар гирифт!
Сӯм кайҳо аз «муомила» баромада ва доллар мавриди истифода: як коғаз додам, ду коғаз додам... Аввалҳо ман намефаҳмидам як коғазро, баъд мавриди назар будани сад долларро донистам.
Алоқамандони соҳаи таълим, ки ҳамкасбони мананд, низ аз ин иллат фориғ не: барои дохил шудан ба кор, соҳиби тоифа шудан, иловапулӣ ё мукофот дароз кун:
Ҳайрон мешавад одам: роҳбар ё шахси масъул аз нафаре, ки шинос аст, ҳатто дар як коргоҳ кор мекунад, шарм надошта чӣ тавр пора мегирад? Оиди он ки порадода берун баромадан замон ҳамаашро ба одами пешомада мегӯяд, фикр мекунад ё не?
Дар бораи ҳолатҳои бо ришват алоқаманд дар муассисаҳои таълими томактабии ноҳияи номбурда низ овозаҳо паҳн мешаванд.
Роҳбарони ба вазифа муносиб ҳам кам не. Аммо, мутаассифона, онҳо алайҳи коррупсия, ки дар шаклҳои мухталиф ба пешравии таълими халқ халал мерасонад, қатъиян мубориза намебаранд. Тасаввур кунед, вақте роҳбар ҳалолкор нест ё ба хотири осуда дар курсии амал нишастан ба лоқайдиҳо роҳ мегузорад, кадом соҳаи ҳаёти ҷомеаи мо рушд месозад?
Тӯли 20-25 соли охир ҳоким, прокурор, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ, раиси суд дар ноҳияи хурдакаки Сӯх якчанд бор нав гардид. Ивазшавии роҳбарон ҳолати табиист. Вале қисме аз шахсони бо боварӣ ба ин мансабҳои баланд таъиншуда ба таври муқаррарӣ аз вазифа озод карда нашудаанд, балки бинобар алоқамандӣ бо коррупсия ба курсии сиёҳ нишастанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Вақте роҳбари ноҳия ё шахси аввали идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ба тамаъ майл намуд ё аз вазифа сӯиистеъмол кард, аз «роҳбарча»-ҳо чӣ ҷои гила?
Дар додани замин, иҷозатномадиҳӣ ва харидҳои давлатӣ, хидматҳои бонкию кредит ва ҳоказо дар Сӯх тамаъгарӣ авҷ кард, ноинсофӣ сахт реша давонд, одами оддӣ ҷабр кашид.
Чанд сол қабл беморхонаи марказии ноҳия масоҳати калон дошт, боғот ва киштзор даромади хуб медод, беморон ё хабаргирҳо дар гулгаштҳои васеъ озод сайру гашт менамуданд. Вале бо баҳонаи ба «соҳибкорон додани замин» майдонҳои васеи касалхона тақсим шуданд. Ба хаёли роҳбарон нарасид, ки аҳолӣ зиёд мешавад, барпои биноҳои иловагии муолиҷавӣ як ҳолати табиӣ, замин ба сиҳатгоҳ зарур. 
Президент дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис, аз ҷумла, қайд кард дар ибтидои сол: «Самаранокии ислоҳоти мо асосан бо чаҳор омили муҳим – таъмини волоияти қонун, мубориза алайҳи коррупсия, баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ ва ташаккули институтҳои пурқуввати демократӣ муайян карда мешавад».
Роҳбари давлати мо боз таъкид сохт, то он даме ки тамоми қишрҳои аҳолӣ ва мутахассисони беҳтарин ба мубориза алайҳи коррупсия ҷалб карда нашаванд, то тамоми ҷомеаи мо, ба маънои рамзӣ, бо «ваксинаи ростқавлӣ» эм карда нашаванд, мо ба ҳадафҳои худ ноил шуда наметавонем. Мо бояд аз рафъи оқибатҳои коррупсия ба пешгирии барвақти он гузарем...
Вақтҳои охир дар мамлакатамон бинобар мубориза алайҳи коррупсия ислоҳоти ташкилию ҳуқуқӣ корбаст мегарданд. Дар ҷодаи баланд бардоштани тафаккур ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Муттасил чораҳое андешида мешаванд, ки ба ташаккули муносибатҳои оштинопазирӣ ба коррупсия дар ҳаёти ҷамъиятамон нигаронида шудаанд.
Бо ифодаи дигар, баланд бардоштани тафаккур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули муносибатҳои оштинопазирӣ нисбати тамаъгарӣ, таҳкими муносибатҳои идораҳои давлатию ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ, устувории чораю тадбирҳо дар пешгирии ҳолатҳои номатлуб, ба ҳар гуна амалҳои ба қонун хилоф муқаррарии ҷазо самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар мубориза алайҳи коррупсия қарор доранд.
Таъсиси як сохтори алоҳидаи зиддикоррупсиониро дар назди парламент ва Президент худи замон тақозо дорад, гуфта буд Президент дар оғози соли равон.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 июни соли ҷорӣ Агентӣ оид ба муқовимат бар зидди коррупсия таъсис карда шуд. Вазифаи аввалиндараҷае, ки дар назди он гузошта шудааст, якҷо бо ҳокимони тамоми вилоятҳо, ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва роҳбарони соҳаҳо таҳиясозии барномаи «Бидуни коррупсия» мебошад. 
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 30 июн таҳти сарпарастии Президент ба амал омад ва дар он масъалаҳои таъмини суди одил ва муқовимат бар зидди коррупсия мавриди баррасӣ қарор ёфт, аз ҷумла воқеъоти нохуш дар мақомоти корҳои дохилии шаҳри Андиҷон ва ноҳияи Чироқчӣ хотирнишон гардид. Гуфта шуд 11 нафар ходимони корҳои дохилӣ, ки ба ҷиноят алоқаманданд, ба ҷавобгарӣ кашида ва 7 нафар роҳбарон аз вазифа сабукдӯш карда шуданд. Навъе мебинем, қонуншикан – худи идораҳои ҳифзи ҳуқуқ.
Назар ба маълумотҳо, ба наздикӣ ходими корҳои дохилии ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд, ки рутбаи майорӣ дошт, бо ваъдаи кӯмак ба шахсе, ки мехост яке аз курсиҳои роҳбарии ҶММ «Чинобод нефтбаза»-ро соҳибӣ кунад, 50 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намуд. Ва дар натиҷаи андешидани чораҳои таъҷилӣ аз ҷониби масъулони ХАД ва прокуратура аснои гирифтани 10 ҳазор доллари пешпардохт дар назди госпитали марказии Вазорати корҳои дохилӣ ба даст афтид.
Қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои таълими олӣ барои соли хониши 2020-2021 оғоз гардида ва тамаъгарҳо ба ҷунбиш омадаанд. Ду нафар устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд аснои аз ду нафар гирифтани ҷамъ 12 ҳазор доллар, ҳамчунин ходими Донишкадаи давлатии меъмории Самарқанд, ки барои дар асоси гранти давлатӣ қабулкунонии ду нафар 10 ҳазор доллар талаб карда буд, дар вақти гирифтани 2 ҳазор доллари пешпардохт дастгир шуданд, ки алҳол дар болои онҳо корҳои тафтишотӣ пеш бурда мешаванд.
Вазъ нишон медиҳад коррупсия, минҷумла порахӯрӣ ва тамаъ дар шаклҳои гуногун давом дорад ва водор месозад барои пешгирии ин иллати иҷтимоӣ чораҳои боз ҳам қатъитар андешида шаванд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: