ШАҲРИ БОНАВОИ НАВОӢ

Навоӣ яке аз шаҳрҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ буда, ба он соли 1958 асос гузошта шудааст.

Навоӣ яке аз шаҳрҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ буда, ба он соли 1958 асос гузошта шудааст.
Саҳрои нопайдоканор меноманд Қизилқумро. Намуд, табиат, иқлиму обу ҳавои мураккаби чӯлҳои беҳудудро ба худ тасаввур кардан душвор нест. Навоӣ алъон шаҳри обод, зебову гулпӯши замонавиест дар Қизилқум. Саҳл дуртар  аз шаҳр дарёи Зарафшон ҷорист. Дар водии Зарафшон воқеъгардии шаҳр низ ба файз ва то андозае ба сафо ва таровати дигари он сабаб шудааст. Масоҳати Навоӣ – 35 км. кв. буда, аҳолии он (бо маҳаллаҳои гирду атрофаш) бештар аз 220 ҳазор нафар. Дар 347 метр баландтар аз  сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар шаҳр асосан панҷ миллат: ӯзбекон, тоҷикон, русҳо, қазоқон ва корейсҳо аҳлона умр ба сар мебаранд.
Байни вилояти Фарғона ва шаҳри Навоӣ риштаҳо мавҷуд: ихтиёриён аз деҳоти Сӯх низ дар азхудкунии  заминҳои Қизилқум, бунёд ва ободгардонии шаҳри Навоӣ саҳм гузоштаанд. Дар заводу фабрикаҳои шаҳр кор, ҳатто дар майдонҳои кишт, боғу саҳроҳи нопайдоканори ин ҳудуд деҳқонию боғбонӣ кардаанд, чорводориро ба роҳ гузоштаанд. Сӯхиён ҳоло низ дар Навоӣ мавҷуд, равуои онҳо ба деҳоти мо, яъне диёри аҷдодиашон канда нашудааст. Мустаҳкамии риштаҳои меҳр водор месозад мо, аҳли Сӯх, дар бораи Навоӣ, таърихи барпошавии  бунёдгариҳое, ки он ҷо ба амал меоянд, бештар маълумот дошта бошем.
Бо вуҷуди он ки Навоӣ на он қадар шаҳри бузург, яке аз марказҳои калони нерӯҳои барқӣ ва саноати кимё дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Қисми асосии маҳсулоти умумии вилояти ҳамном дар шаҳри Навоӣ бароварда мешавад. Риштаву калоба, матоъи абрешимию пахтагин, ки дар корхонаҳои саноатии маҳаллӣ истеҳсол мегарданд, бо хушсифатии худ ҷудо шуда меистанд. Иттиҳодияи истеҳсолии «Навоиазот», заводи «Барқӣ-кимиёвӣ», комбинати кону металлургии Навоӣ, комбинатҳои орд ва нон, дар баробари ҳамин «Қизилқумсемент», заводи пахта, корхонаи «Sinterob», корхонаҳои саноати хурду озуқаворӣ ва ҳоказо муттасил кор ва қисме аз маҳсулоти худро ба хориҷ содир менамоянд. Дар шаҳри Навоӣ 21 корхонаи калони саноатӣ мавҷуд бошад, 18 корхонаи муштарак, айни замон, маҳсулоти хушсифат мебарорад. Корҳо, хусусан, дар «Agama» ва «Zerispark» барин корхонаҳои муштарак намунавор ба роҳ гузошта шудаанд. Маҳсули ин коргоҳҳо дар бозорҳои берунӣ ҷойгоҳи худ доранд. Дар маркази маъмурии вилоят ду таълимгоҳи олӣ мавҷуд – Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ ва Донишкадаи давлатии кон. Се литсейи академӣ ва 18 дабистони таълими умумӣ ба рӯйи толибони илм дар кушода ва дар онҳо асосҳои илми замонавӣ омӯзонида мешавад.
Осорхонаи кишваршиносӣ аз экспонатҳо бой. Тарҳ ва намуди замонавии қасрҳои фарҳанги «Фарҳод», «Ширин» ва «Наврӯз» эътибори бинандаро ба худ мекашад. «Фарҳод ва Ширин»-и ҳазрати Навоӣ ба хотир мерасад беихтиёр. 
Дар шаҳрсозӣ, ғоя ва нақшаҳои муҳандисӣ рӯҳи Навоӣ ва осори ҷовидонаи вай ба эътибор гирифта шудааст. Қисме аз меъморон ва сохтмончиён ба мукофотҳои давлатии дараҷаҳои гуногун сазовор гардонда шуданд. Ба муносибати 560-солагии Мир Алишери Навоӣ боғи истироҳат барпо ва ба номи ин шоиру мутафаккири бузург гузошта шуд. Соли 2001 муҷҷассами муаззами Навоӣ дар яке аз майдонҳои марказӣ устувор гашт. 
Вақте сухан дар бораи шаҳри  Навоист, наметавон аз Кармана, ки онро қисми кӯҳнаи шаҳри нав низ номанд, сарфи назар намуд. Кармана аз мавзеъҳои қадимӣ буда, назар ба маълумотҳо дар асри сеюми милодӣ арзи ҳастӣ кардааст. Топонимикаи онро ҳар хел шарҳ медиҳанд. Мувофиқи яке аз ривоятҳо, духтари беки мавзеъ, ки Амина ном дошт, модарзод кар буд. Бек назди табиб рафт ва роҳҳои муолиҷа пурсид. Табиб ба бек гуфт, «Кар Амина!» гӯён фарёд занад.  
Бек ончунон садо баровард, ки тамоми мавзеъ шунид. Бо қудрати илоҳӣ, гӯшҳои Амина кушода шуданд. Бо ҳамин мавзеъро «Кар Амина» мегуфтанд. Кар Амина баъдтар ба Кармана табдил ёфт...
Дар Кармана ёдгорӣ ва обидаҳои таърихӣ, қадамҷойҳо хеле зиёд. Масҷиди Қосимшайх, мақбараи Мир Саид Баҳром, намозгоҳи Деггарон аз даргоҳҳои муқаддас дар давраи асримиёнагӣ ва ин меъмориҳо ҳанӯз барҷо, ки эътибори зиёратгаронро ба худ мекашанд. Боз як меъмории таърихӣ мавҷуд бо номи Хоҷа Хусрав. Мегӯянд, Хоҷа Хусрав аз шогирдони арзандаи Баҳоваддин Нақшбанд ба шумор мерафт.
Аксарият дар бораи Работи Малик ном корвонсаройи маъруф шунидаанд, ки воқеъ дар Кармана буда, дар асри XI барпо шудааст.
Сафариён аснои аз Самарқанд ба Бухоро рафтан (ё баръакс) дар Работи Малик нафас рост мекарданд.
Аз Тошканд то шаҳри Навоӣ – 509 километр. Роҳҳои автомобилӣ тавассути шаҳри Навоӣ ба Учқудуқ, Бухоро  ва Нуқус пайвастаанд.
Аз худи Навоӣ бошад, дар бештар аз 20 самт ба шаҳру ноҳияҳои атроф роҳҳои автомобилӣ мегузаранд. Аэропорти байналхалқии Навоӣ тавассути роҳи ҳавоии Тошканд равуоҳо бо зиёда аз 20 кишвари хориҷиро ба роҳ гузоштааст. 
Аз Навоӣ шахсҳои номдор, фидоиёни зиёди майдони меҳнат баромада, баҳри равнақи диёр, шукуфоии мамлакат ҳисса мегузоранд. 
Яке аз онҳо собиқадори меҳнат Комилҷон Иброҳимов. Ӯро, ки солҳои дароз дар ҶТК Истгоҳи гармӣ-барқии Навоӣ ҳамчун устои смена аз сидқи дил меҳнат кардааст, беҳуда «ифтихори шаҳри Навоӣ» наменоманд. Ба вай соли 2009 унвони олии «Қаҳрамони Ӯзбекистон» дода шуд. 
Истгоҳе, ки зикр кардем ва аз худ қаҳрамон баровардааст, соли 1961 ташкил ёфта буд. Алъон дар як соат ин манбаъи нур якуним ҳазор МБ барқ истеҳсол менамояд. Нафақат Навоиро, балки навоҳии гирду атрофро бо равшанию гармӣ таъмин месозад.
Оилаеро, ки ба он К. Иброҳимов саробон аст, «хонадони нурчи»-ҳо  меноманд. Бонуи хонадон Гулнораапа низ солҳои тӯлонӣ дар корхонае, ки зикр гашт, пултҳоро назорат намуд. 3  писари онҳо, айни замон, он ҷо меҳнат мекунанд.
Нахустустоди ман падарам мебошанд, мегӯяд фарзанди калонӣ Дилшод. 
Яке аз шогирдони Комилҷонака, ки Истам ном дорад, мегӯяд ман баринҳо дар корхона хеле бисёр. Устоди мо – фахри мо, сабақ ва таҷрибае, ки аз он кас андӯхтем, ҳамеша кор медиҳанд.
Қаҳрамони Ӯзбекистон, соҳиби ордени «Дӯстлик» К. Иброҳимов, ки ҳоло 65-сола ва дар нафақаи пиронсолист, дар хона ором нишаста наметавонад. Гармхона барпо кардааст ва лимӯпарварӣ мекунад. Гулнораапа бошад, гулпарвари бомаҳорат. Файз ва тароватест дар хонадон. 
Шаҳри Навоӣ низ торафт бонаво, файзбор ва замонавӣ мегардад. 

М. ШОДИЕВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: