ҒАРИБӢ КӮЙИ САХТ АСТ...

Танҳо аз хатмкардагони як мактаб 17 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ вафот кардаанд

Аввалин бор бо вожаҳои мусофир, ғариб, сафар, муҳоҷир, ҳиҷрат... замони таҳсил дар мактаб шинос шудаам. Ҳарчанд устодон маънои калимаҳоро шарҳ додаанд, аз сабаби ҳаёти хушбахтонаи замони наврасӣ, ки дар канори модару оғӯши пурмеҳри падар мегузашт, дар зери ин суханҳо чӣ қадар дарду ғам, ранҷу азоб, мушкилию машаққат ниҳон буданашро ҳис намекардам. 
Дар луғат калимаҳои муҳоҷир, муҳоҷират, ҳиҷрат маъноҳои ҷудо шудан аз ватан ва хонумон, тарки ватан, кӯчидан аз ҷойе ба ҷойеро мефаҳмонад.
Калимаҳои сафар, мусофир маънои аз ҷойе ба ҷойе рафтан, сафаркунандаро дорад. Дар навишти форсӣ сафар бо син (се), фо (фе), ро (ре) навишта мешавад, ки бузургон ин ҳарфҳоро чунин шарҳ додаанд: с – саҳархезӣ, ф – фоида бурдан, р – роҳат дидан (ризоият...). 
Шаҳрвандонеро, ки бо мақсади меҳнат кардан ба дигар кишварҳо сафар мекунанд, мусофирони меҳнатӣ номем мантиқан дуруст аст.
Солҳои 90-уми асри ХХ шароити зисти мардум душвор буд, дар мағозаҳо маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, орду равған аз рӯйи меъёр тақсим мешуд, дигар маҳсулот ҳам камёбу қимат буда, сафи бекорон низ зиёд буданд. Халқи ҳаётдӯст, бунёдкор, оилапарвари мо дарк намуд, ки:
Рӯзӣ ба нишастан насиби кас 
намешавад,
Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.
Бинобар ин, аз анҷоми асри ХХ шаҳрвандон бо мақсади таъмини оилаву рӯзгор бо ниятҳои нек ба дигар давлатҳо, аз ҷумла, ба Русия сафар карда, меҳнат дар мусофиратро ихтиёр намуданд, ки ин ҳам фармудаи муаллими ахлоқ низ ҳаст:
Саъдиё, ҳубби ватан гарчӣ 
ҳадисест саҳеҳ,
Натавон мурд ба хорӣ, 
ки ман ин ҷо зодам.
Хушбахтона, аксарияти мусофирони меҳнатӣ «ҳаққи худро аз даҳони шер» бошад ҳам гирифта, манзил, хонаю дар, тӯй, маърака карданд ва карда истодаанд. Вале мутаассифона, ҳастанд онҳое, ки дар мусофират, дур аз волидайни меҳрубон, ҳамсару фарзандон, бародарону пайвандон дар ҳолатҳои гуногун, ғайричашмдошт «дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ» ба Ҷонофарин таслим намуда, орзуҳои ширини худро ба хок бурданд. Падару модар, ҳамсару пайвандонро бо чашми ашкрезону қалби хунчакон гузоштанд, фарзандон ятим монданд. Охир дуруст фармудаанд, ки «ҷигарҳо хун шавад то як писар мисли падар гардад». Боз гуфтаанд, ки «оташи фироқ аз оташи ҷаҳаннам сӯзандатар аст».  
Мехостам мухтасар аз ҷавонмардони дар мусофират фавтидаи деҳоти Тиргарону Ӯзгариш, ки шогирдони як мактаб – мактаби рақами 7-уми ноҳияи Сариосиё буданд, ёдовар шавам.
Сайфулло Ҷумъақулов моҳи августи соли 1976 таваллуд шудааст, нахустфарзанд буд, мактабро бомуваффақият хатм намуда, факултаи иқтисодиёти Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Сайфулло ҷавони ором, ботамкин, падари се нафар фарзанд буд. Соли 2001 дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҷойи кор вафот кардааст.
Абдуҷаббор Самеев соли 1952 ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаб дар техникуми савдои Тирмиз таҳсил намуд. Хидмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи иттифоқ дар Венгрия гузаронидааст. Асосан дар соҳаи савдо меҳнат кард, марди хушсуҳбат, дилёб, кордон буд. Моҳи сентябри соли 2002 дар Санкт-Петербург дар ҷойи кор фавтидааст.  
Тоштемур Қурбонов  моҳи октябри 1968 зода шуда, пас аз хатми мактаб хидмати ҳарбиро дар кишвари Хабаровск адо кардааст. Дар шаҳри Владимири Русия таҳсил намудааст, далеру дилёбу баландҳиммат, падари 3 нафар фарзанд буд. Моҳи апрели соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербург, шабона вақти аз кор баргаштан аз дасти гурӯҳи авбошон ба шаҳодат расидааст.
Икром Эшонқулов соли 1979 таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб факултаи биологияи Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм намуд. Дар мактаб се сол омӯзгорӣ кард. Ҷавони вазнин, хоксор буд. 8 октябри соли 2004 дар Санкт-Петербург вафот кардааст.
Фарҳод Ҳамроҳқулзода (1984-2008) аз шогирдони фаъоли мактаб буда, хулқи намунавӣ дошт. Шуъбаи фармасевтикаи коллеҷи тиббии Тирмизро бо дипломи имтиёзнок хатм намуд. Ҷавони хушодоб, бомаърифат, масъулиятшинос буд. Волидайнаш интизораш буданду нияти оиладор намуданро доштанд, афсӯс риштаи умраш ба тарзи фоҷиавӣ канда шуд.
Баъзан чунин ҳолатҳо низ рӯй дод, ки волидон паси ҳам аз ҷигарбанди худ ҷудо гаштанд. Бародарон Толиб (1985-2015) ва Ҳоҷиқурбон (1991-2010) Розиқовҳо пас аз хатми мактаб ба мусофират рафта меҳнат карданд. Толиб оиладор шуда, соҳиби 3 нафар фарзанд буд, Ҳоҷиқурбон бошад, акнун ба синни нуздаҳ расида буд.
Тавре ки маълум шуд, ба ҳаёти баъзеи онҳо авбошон нуқта гузошта бошанд, Исо Рӯзиев ва Избулло Мирзоназаров барин шахсон, ки меҳнатдӯсту суҳбаторо буданд, ҳангоми кор дар ҳолати ногувор вафот кардаанд.
Гузаштагони мо бесабаб, «ғарибӣ кӯйи сахт аст» нагуфтаанд. Ба Зокирҷон Неъматтуллоев (1990-2019) ва Раҳимназар Қаландаров (1990-2019) дар мусофирӣ хидмати тиббии босифат нишон дода нашуд...
Хатмкунандаи мактаби мазкур Фазлиддин Шокиров истеъдоди беназирашро «бо худ бурд» – 1981-2018. Ӯ мактабро бо баҳои аъло хатм намуд. Дар санъату навозандагӣ шогирди Султонмуроди Саид аст, дар дастаҳои ҳунарии «Парвин», «Ориён», «Танин», «Таманно» чун навозанда ҳунарнамоӣ кардааст. Бастакорӣ низ мекард, аз ҷумла муаллифи оҳанги шеъри «Алвидоъ»-и Абдуллоҳи Раҳмон аст, ки овозхони шинохта  Сафаралӣ Раҷабзод месарояд. Дар ҳаёт ҷавони зиндадил, бомаданият, зарифтабъ ва оиладӯст буд.
Камина дар вақти вафоти чанд нафари онҳо агар дар мусофират монда бошам, дар қисми дигар дар зодгоҳ буда, дар манзили онҳо дар таъзиягӯйӣ ҳузур доштам, ки гӯё рӯзи маҳшар барпо мешуд. Агар 7 нафар фавтидагон падару модарро мотамзада гардонида бошанд, 10 нафар марҳум бори гарони тарбияи фарзанду ташвиши рӯзгорро ғайриихтиёр ба дӯши ҳамсар гузошта рафтанд... Дар якҷоягӣ 35 нафар фарзандони хурду наврас аз давлати ноёб – падари меҳрубон маҳрум шуданд. Саъдии бузург аз айёми падардориаш бо алам ёдовар шуда буд:
Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам,
Ки сар дар канори падар доштам.
Агар дар вуҷудам нишастӣ магас,
Парешон шудӣ хотири чанд кас.
Мақсад аз ин навиштаҳо ёдовар шудан аз ғарибмаргони ормонии пурҳасрат буд. Агар бо навиштаи худ хотири нозуки наздикони дар мусофират фавтидаро озурда, дардиашонро тоза карда бошам, бахшиш мепурсам. Мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзӯъҳои муҳими рӯз аст, миқдори қурбоншудагон аз шогирдони як мактаб ин қадар бошад, дар миқёси ноҳия, вилояту ҷумҳурӣ чӣ қадар бошад?!
Шоир Хусрави Деҳлавӣ фармудааст:
Ғаму дарди ғарибӣ аз касе пурс,
Ки ӯ аз хонумоне дур мондаст. 

Маҳкам ҶАЪФАРОВ, 
масъули корҳои маънавӣ-маърифатии мактаби рақами 
7-уми ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: