Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистону Русия дар ҳайати васеъ сурат гирифт

  • Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистону Русия дар ҳайати васеъ сурат гирифт
  • Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистону Русия дар ҳайати васеъ сурат гирифт
  • Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистону Русия дар ҳайати васеъ сурат гирифт
  • Музокироти ҳайатҳои Ӯзбекистону Русия дар ҳайати васеъ сурат гирифт

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин пас аз анҷоми вохӯрӣ дар ҳайати маҳдуд музокиротро дар ҳайати васеъ бо иштироки аъзои ҳайатҳои расмӣ идома доданд.

Шавкат Мирзиёв барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдории амиқ намуда, пешравии бесобиқаро дар рушди шарикӣ ва иттифоқи ҳамаҷонибаи стратегӣ байни кишварҳо таъкид кард.

Сарвари давлатамон пай дар пай вусъат ёфтан ва пешравии назаррасро дар ҳамаи самтҳои муносибатҳои Ӯзбекистону Русия бо қаноатмандии калон қайд кард.

Ба натиҷаҳои фаъолияти муштараки мақсаднок дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баҳои баланд дода, тағйироти сифатии онҳо таъкид гардид.

Барои тавсеаи кооператсияи саноатӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мошинсозӣ, металлургия, энергетика, коркард, нассоҷӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо гурӯҳи муштараки доимӣ таъсис дода шуд.

Дар рафти гуфтушунид як қатор созишномаҳои дигар ба даст оварда шуданд, ки ба мустаҳкам намудани робитаҳои маданию гуманитарӣ нигаронида шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: