НАШЪАМАНДӢ – ВАБОИ АСР

Дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳар як ҳодиса, хоҳ нек бошад, хоҳ бад, заминаҳои пайдоиши худро дорад.

Дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳар як ҳодиса, хоҳ нек бошад, хоҳ бад, заминаҳои пайдоиши худро дорад. Метавонем онҳоро дар шакли хушбахтӣ ва бадбахтӣ  муқоиса намоем. Хушбахтӣ ба қуллаи баланде шабеҳ аст. Шахсе, ки ин қулларо фатҳ намудааст, метавонад ба амалҳои нек машғул бошад.
Дар муқобили ин гуна амалҳо, ки одамро ба хушбахтӣ раҳнамун мешаванд, мутаассифона, амалҳое ҳам ҳастанд, ки инсонҳоро ба вартаи бадбахтӣ мебаранд. Яке аз чунин иллатҳо нашъамандӣ аст, ки оқибат боис ба заволи умр мегардад. Яъне, тавре гуфтем, ба бадбахтӣ замина фароҳам меоварад. Баъзе шахсон аз доираи таълиму тарбия ва одобу ахлоқи ҳамида дур мондаву даст ба корҳои ношоям зада, оқибат майзада, нашъаманд мешаванд ва бо ин амали худ ба бадбахтиҳои ҳаёти хеш замина мегузоранд.
Нашъамандӣ амалест марговар. Чун инсон мубталои ин вабои аср мегардад, дунё дар назараш ранги дигар гирифта, ӯро саодату хушбахтӣ, оромию осоиштагӣ ва бахусус одоби одаму одамгарӣ абадан тарк мекунад, ғаму андӯҳ, ранҷу бадбахтӣ, носолимию нооромии доимӣ шарики абадиаш мегарданд.
Дар ҳаёт шахсоне побанди ин касалӣ ва иллат мешаванд, ки иродаашон заиф буда, дониши кофӣ ва тафаккури амиқу дақиқ надоранд. Шахси нашъаманд ба он умед мебандад, ки баъди истеъмоли маводи нашъаовар ҳамаи мушкилоташ ҳал шуда, ғаму дардро фаромӯш мекунад. Ҳол он ки истеъмоли нашъа боиси мушкилот ва муаммоҳои ҳалношуданист. Шахси гирифтори ин касалӣ бояд сари вақт биандешад ва роҳи дурустро қабул кунад, яъне баҳри даво ёфтан ба мутахассиси соҳа муроҷиат намояд.
Дар акси ҳол, истеъмоли доимии маводи нашъаовар, агарчи лаҳзае хушҳолӣ медиҳад, оқибат ӯро ғаму андӯҳ, беҳолию нооромӣ ва беморию хавфи марг интизор аст.
Айни ҳол нашъамандӣ бештар ҷавонону наврасонеро, ки қувваи асосӣ ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд, ба коми хеш мекашад, ки хеле нигаронкунанда аст. Зеро ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти ҷавонон аст. Имрӯз нашъамандӣ чун зуҳуроти номатлубу ношоиста ҷомеаи инсониро фаро гирифта, ба яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ мубаддал шудааст ва аҳли башарро ба таҳлука мегузорад. Нашъамандӣ аз бемориҳои хатарноктарин буда, сол аз сол афзоиш дорад ва таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ собит менамояд, ки онро ба пуррагӣ наметавон аз байн бурд. Дар муқобили ин падидаи нопок бояд иродаю майли бо он мубориза бурдан қавӣ бошад, қонунҳои дахлдори мақомоти ваколатдор қатъиян амал кунанд, ҳамчунин тамоми ҷомеа бояд алайҳи он муборизаи беамон бубарад.

Ҳамроқул ОСТОНАЕВ, 
муовини сардухтури  беморхонаи марказии ноҳияи Узун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: