НОМИ НЕКИ ГУЗАШТАГОН

Ҳар гаҳ ки ёди гузаштагон – падару модар, устодону ҳамкасбҳо, додаронам ва фарзанди зи ҷону дил зиёди худ мекунам, бар сари қабри онҳо рафта, оятеро бар ҳаққи эшон қироат менамоям ва аз Офаридгор металабам, ки оромгоҳи онҳоро бо гулу раёҳини биҳишт музайян созад.

Сайқали рӯйи замин аз қадим бо боғҳои хушманзара, бо ҳусну латофати худ диққату эътибори шахсро чун оҳанрабо ба худ мекашад. Яке аз боғҳои машҳуру куҳани Самарқанд  Боғимайдон аст. Ман, ки зодаи ин боғи сарсабз ҳастам, бо он доимо мефахраму меболам. Ҳақ бар ҷониби шоири номдорест, ки ин шеъри  дилкашро баҳри Боғимайдони куҳан гуфтааст. 
Биё, хушдил нишин, ҷӯши баҳорон дар Самарқанд аст,
Гуландому суманбӯ, лоларӯён дар Самарқанд аст,
Шакарлаб, моҳпайкар, хушнигоҳон дар Самарқанд аст,
Биҳишти ҷаннатосо Боғи Майдон дар Самарқанд аст...
Боғимайдон аз ҷумлаи қадимтарин деҳаҳои атрофи Самарқанди бостонист, ки номаш тӯли чандин асрҳо дар таърихнома ва рисолаҳои ҷуғрофӣ ҷо гирифтааст.  Он аз мавзеъҳои куҳантарини Самарқанд ба шумор рафта, аксар воқеаҳои ичтимоию сиёсӣ, таърихӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии шаҳр бо ин деҳаи маъруф алоқаманд мебошанд.
Таълиму тарбия аз оила сар мешавад. Муҳити маънавию маърифатӣ, одобу ахлоқ дар ҳар як хонадон барои ҳар як фарзанд пойдевори асосист. Падару модари ман Абдусамад Раҳимов ва Анора Махмудова қариб 40 соли ҳаёти худро дар мактаби дӯстдоштаашон баҳри тарбияи насли наврас сарф кардаанд. Бо меҳру муҳаббати самимона дар қатори фарзандҳои халқ ба мо ҳам, ки шаш нафар фарзанд будем, бародаронам Абдусалом Самадов, Бахтиёр Раҳимов, хоҳаронам Саодат Самадова, Санталат ва Сафия Раҳимоваҳо илму адаб ёд дода соҳиби маълумоти олӣ карданд. 
Инсон табиати аҷибе дорад, баъзан ҳангоми зиндагӣ қадри якдигарро камтар медонад. Беҳуда нагуфтаанд, қадри неъмат – баъди завол. Вале хотира муқаддас аст. Он барои имрӯзу фардо ҳамчун меҳвари ин дунёи гирдгардон хизмат мекунад. Нависандаи маъруфи рус Вера Инбер барҳақ навиштааст: «Шароб дар хум чӣ қадар дертар истад, чӣ қадар кӯҳнатар шавад, ҳамон қадар мусаффо ва баробари ин пурқувваттар мегардад. Симои одамон, воқеаву ҳодисаҳои дар хотираи инсон нақшбаста низ бо мурури замон ва гузаштани вақт сайқал ёфта, беҳтарини онҳо дар хотир бо тамоми ҳастияш ҷилвагар мешаванд...»
Ҳаёт аз пастию баландиҳо, ҳастию нестиҳо иборат аст. Солҳои пеш аз Ҷанги дуюми чаҳонӣ дар Самарқанд Донишкадаи омӯзгории тоҷикӣ фаъолият дошт. Онро бисёр муаллимон, аз ҷумла падару модари ман Абдусамад Раҳимов ва Анора Махмудова ҳам хатм намудаанд. Соли 1956 ин донишкада ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ пайваст мешаваду факултаи забон ва адабиёти он ҳамчун шуъба фаъолияти худро дар назди факултаи филологияи донишгоҳ давом медиҳад. Соли 1993 бо фармони Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи ӯзбек ва тоҷики донишгоҳ ба факултаи мустақил табдил меёбад. Соли 1982 ман мактаби миёнаро бо баҳоҳои хубу аъло тамом карда, хониши худро дар факултаи филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ давом додам. Аз курси дуюм ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда, баъди он таҳсилро ба гурӯҳи шабонаи факултаи филологияи рус идома додам. Илму дониши мукаммалро ба мо – донишҷӯён бисёр устодони фидой таълиму тарбия додаанд. Аммо афсӯс ки ҳоло аксарияти онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Устодон чун Садорат Аюбҷонова, Мардон Шарифзода, Юлия Авалианӣ, Раҳим Муқимов, Раҳмон Эгамбердиев, Самариддин Аслиддинов, Мирсафо Атоев, Ботурхон Валихӯҷаев, Раззоқ Ғаффоров, Талъат Абдуҷабборов, Иброҳим Ғафуров, Рауф Маъруфӣ, Ҷамол Мирсаидов, Ҳусейн Далилӣ, Насриддин Шарофов, Солеҳ Ҳалимов, Шавкат Шукуров, Восеъ Қосимов, Аҳад Мирсафоев, Сабоҳат Умарова, Надимхон Беҳбудӣ, Абдуазиз Зоҳидов, Абдуқодир Носиров, Субҳон Муродов, Султон Иброҳимзода, Лӯъбат Назарова, Малик Адашов, Ҳафиз Аҳроров, Ғафурчон Маҳмудов ва додари азизам, адабиётшинос Абдусалом Самадовро то ҳол ба некӣ ёд мекунем.
Алҳол дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр ёдкарди ҳамдиёрон, устодон ва ҳамкасбон чун шоири маъруф Абдусалом Деҳотӣ, олими маъруф Тӯрақул Зеҳнӣ, нависандаи шинохта Болта Ортиқзода, ходими ҳизбӣ Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода,  ки аз ҷумлаи фарзандони соҳибэҳтирому фарзонаи Боғимайдонанд, ҳам қарз ҳам фарз аст. Ҳар яке аз онҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми сазовор гузоштаанд.  
Оре, дар олам одамони неку хайрпеша бисёранд. Дар ҳаққи онҳо ҳар қадар суханҳои нек гӯӣ, ҳамон қадар кам аст. Бародарам Абдусалом Самадов ҳам аз зумраи ҳамин гуна шахсони обрӯманд буданд. Марди кушодчеҳраи чусту чолок, суҳбаторо, меҳнатқарин. Он кас умри азизи худро баҳри маориф сарф карданд. Мактаб, маориф ва таълим дилу ҷонашон буд. Муаллифи беш аз 15 монография ва рисолаҳои илмӣ, зиёда аз 20 китоби дарсӣ, инчунин 300 мақолаи илмӣ-оммавӣ. Маъракаоро, саховатпеша, дуогӯйи ҷавонон буданд. Бо адибон ва санъаткорони маъруф дӯстиву рафоқат доштанд, туфайли он кас ин ҷониб низ баъзан дар Самарқанду Душанбе ва Тошканд аз файзи суҳбатҳои онҳо баҳраманд гаштаам. То ҳол дар зери гӯшҳоям овози маҳин ва меҳромӯзашон садо медиҳад.
Қадри сухан ва одами асилро медонистанд. Ба суханони самимӣ ва воломақом шефтаву шайдо буданд. Осорашон аз некию накӯкорӣ, инсондӯстию халқпарварӣ ва дӯстию рафоқат саршор буд. Қадри одаму одамгарӣ барояшон бисёр азизу муътабар буд. Ин аст, ки мақолаю хотироташон  дар бораи устодон Раҳим Муқимов, Раҳмон Эгамбердиев, Ботурхон Валихӯҷаев, Ҳамроқул Шодиқулов ва дигарон басо самимиву ибратбахшанд. 
Дар бораи бародарам ёдномаҳои хотирмон бисёранд. Инсони фозилу  маърифатпеша, фарҳангдӯст, соҳиби хислатҳои наҷиб, олим ва омӯзгори варзида буданд. Аз рӯйи васияташон рӯзи ҷаноза китобҳои аз чоп баровардаашонро ҷиҳати ёдгорӣ ба ҳозирон супоридем. Суханҳои имом-хатиби вилоят дардомез буд, ки дилҳои моро реш-реш намуд...  
Ҳамин тавр кас мехоҳад дар бораи ҳар як гузаштагони некаш суханҳои самимӣ гӯяд, аммо имконият маҳдуд асту сухан ба дарозо мекашад. 
Бинобар ин даст бар дуо бардошта, аз Парвардигор барои ҳар кадоми онҳо охирати обод мепурсем!

Ифтихор РАҲИМОВ,
масъули вилоятии Шӯрои ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи таълим ва илми Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: