ТАРТИБИ НАВИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ УСУЛИ КЛАСТЕРӢ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Бе муболиға ба хоҷагии қишлоқ ҷорӣ гардидани усули кластериро як дигаргунии инқилобӣ метавон гуфт.

Бе муболиға ба хоҷагии қишлоқ ҷорӣ гардидани усули кластериро як дигаргунии инқилобӣ метавон гуфт. Чунон ки мебинем, бо гузаштан ба усули кластерӣ муносибат ба замин тағйир ёфт, дар сифати ҳосили рӯёндашуда ва пардохти музди меҳнат дигаргуниҳо ба амал омад. 
Имрӯзҳо роҳбари кишварамон тартиби нави дастгирии кластерҳоро ҷорӣ менамояд. Мақсад истифодаи самараноки замин, парвариши ҳосили фаровон ва зиёд кардани даромади кластеру деҳқонон мебошад. Агар кластер ё фермер манфиатдор бошад, ба мардум нафъаш мерасад. 
Дар видеоселектори ба қарибӣ баргузоргардида қайд карда шуд, ки соли оянда кишти ғалла ба муносибати бозорӣ гузаронда мешавад. Ҳамзамон, аз соли оянда бо нигоҳ доштани тартиби ҷойгиркунии зироатҳо ба кластерҳои ғалла ҳуқуқи озодона фурӯхтани ғаллаи рӯёндашуда дода мешавад.
Ҳар як кластери ғаллакорӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ дар давоми 3 сол аз ҳосили ҳарсола ба ҳар як гектар 2,5 тонна ғалларо ба савдои биржа бо нархҳои озод мебарорад. Ба ҳосили боқимонда ҳуқуқи бевоситаи фурӯхтан дода мешавад. Тартиби қарздиҳии имтиёзноки ғалла аз бунёди кишоварзӣ дар давоми 3 соли оянда нигоҳ дошта шуда, барои ин соле 5 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Бунёд аз биржа 2,5 миллион тонна ғалларо бо нархи бозор барои захираи давлатӣ мехарад. Ғаллаи захиравии харидашуда ба кластерҳои ғалла, ки иқтидори нигоҳдории донро доранд, дар асоси интихоб ҷойгир карда мешавад. Инчунин, бо мақсади таъсиси кластерҳои ғалла пойгоҳи корхонаҳои азнавкоркарди ғаллаи таркиби «Ӯздонмаҳсулот» онҳо ба савдои  кушод бароварда мешаванд.
Боварӣ дорам, ки тартибу тамоюлҳои наве, ки дар савдои соҳаи кишоварзӣ ҷорӣ карда мешаванд, барои таъмини халқамон бо нонҳои хушсифат аҳамияти муҳим касб менамояд.

Барно МИРЗАМОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: