МАСЪАЛАҲОИ МИНБАЪД ВАСЕЪ НАМУДАНИ ҲАМКОРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

29 июн дар Бизнес-маркази байналхалқӣ дар Тошканд даври ҳаштуми мулоқотҳо аз рӯи лоиҳаи Қарордод дар бораи шарикии васеъ ва ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

29 июн дар Бизнес-маркази байналхалқӣ дар Тошканд даври ҳаштуми мулоқотҳо аз рӯи лоиҳаи Қарордод дар бораи шарикии васеъ ва ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Дар он муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғайрат Фозилов, муовини вазири сармоя ва савдои хориҷӣ Бадриддин Обидов, муовини директори идоракунанда оид ба Русия, Шарикии шарқӣ, Осиёи Марказӣ, ҳамкории минтақавӣ ва САҲА Хидмати аврупоии амалиёти хориҷӣ Люк Девин ва ҳамчунин намояндагони идораҳои дахлдори Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати имрӯзаи гуфтугӯҳо оид ба Қарордод дар бораи шарикии васеъ ва ҳамкорӣ ва инчунин нақшаҳои оянда дар бобати татбиқи онҳо муҳокима гардиданд.
Дар натиҷаи бозсозиҳои мусбии доманфарохе, ки зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба амал татбиқ мегардад, ҳамкории мамлакатамон бо давлатҳои хориҷӣ, аз он ҷумла бо Иттиҳоди Аврупо инкишоф меёбад. 
Бинобар ин ҷониби Аврупо, дар ҳоле ки ба ислоҳоти ҷории Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳад, изҳор дошт, ки ба васеъ намудани робитаҳои дуҷониба бо Тошканд аҳамияти муҳим медиҳад.
 – Иттиҳоди Аврупо ба мустаҳкам намудани шарикии стратегӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ эътибори калон медиҳад. Аз он ҷумла, ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ ва ғайра инкишоф меёбад. Дар ҷамъомад ҳолати ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид. Моро ислоҳоте, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон ба амал меояд, хушҳол менамояд. Мо бозсозиҳои демократиро дар ҷумҳурӣ дастгирӣ менамоем ва кӯшиши онро дар сиёсати хориҷӣ ҷонибдорӣ мекунем. Мамлакататон кори муҳимро дар бобати таъмини субот дар Афғонистон ба амал татбиқ менамояд. ИА омода аст, ки минбаъд муносибатро бо Ӯзбекистон мустаҳкам намояд, – гуфт Люк Девин.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки қарордоде, ки дар байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо мерасад, муносибатро ба дараҷаи нав мебардорад ва инчунин имконоти васеъро барои рушди робитаҳои шарикӣ дар чандин ҷанба ба вуҷуд меорад.

Беҳрӯз ХУДОЙБЕРДИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: