ПАРКИ АРХЕОЛОГӢ ДАР АРКИ БУХОРО

Байни ёдгориҳои таърихии шаҳри Бухоро Арк мавқеи алоҳида дорад.

Давраи бунёдшавии ин қалъа ба асри IV пеш аз милод рост меояд. Мегӯянд, ки ин ҳисорро шоҳзода – писари подшоҳи Эрон Сиёвуш сохтааст. Дар тӯли асрҳо ин қалъа ҳамчун маскани ҳукмдорон, амирони Бухоро хидмат кардааст ва таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Арки Бухоро гӯё дар дохили шаҳри кӯҳна худ шаҳрчае буд. Соли 1920, ҳангоми аз ҷониби шӯравиён иҳота гардидани шаҳри куҳна аз се ду ҳиссаи қалъа валангор гашта буд. 

 

Аз ин рӯ, дар давоми даҳсолаҳо қисми вайроншуда аз назари сайёҳон берун мемонд. Дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва рушди сайёҳӣ дар мамлакат дар қатори дигар объектҳои таърихӣ ба барқароркунӣ, таъмирёбии Арк низ эътибор афзуд. Аз ҷумла, дар қисми вайроншудаи қалъа барои сайёҳони маҳаллию хориҷӣ маскани нави сайёҳӣ – «Парки археологӣ» созмон ёфт. Ин ҷо меҳмонон баробари дидани Арк аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон огоҳ гардида, манзараҳои шаҳри кӯҳнаро пеши чашм меоранд. Агар хоҳанд, дар ҷараёни ҳафриётӣ иштирок карда метавонанд.
Бегоҳии 22 сентябри соли ҷорӣ маросими тантанавии кушодашавии «Боғи бостоншиносӣ» ба амал омад. Дар он сайёҳони хориҷӣ, намояндагони ҷамоатӣ ва аҳолии маҳаллӣ, мутахассисони соҳаҳои сайёҳӣ, мероси маданӣ, музейшиносӣ, олимони бостоншинос ва вакилони ВАО иштирок карданд. Ба чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят Ботурҷон Шаҳриёров ибтидо гузошт.
– Ниҳоят баъди 103 сол ин маскани барои меҳмонону сайёҳон мамнӯъ кушода шуд. Ин лоиҳа бо дастгирии ЮНЕСКО ва ҳамкории олимони осорхонаи Луври Фаронса ҷомаи амал пӯшид, – гуфт ӯ. 
Бостоншиноси машҳур Елизавета Некрасова, ректори ДДБ Обидҷон Ҳамидов, профессори ҳамин даргоҳ, доктори илмҳои таърих Ҳалим Тӯраев, мутахассиси соҳа, узви ИКОМОС Тӯйғун Бобоев низ ба сухан баромада, ҳозиронро бо кушоиши «Парки археологӣ» муборакбод намуданд. Намоишҳои саҳнавӣ, консерти дастаҳои ҳунарӣ ба иштирокдорони тадбир завқи маънавӣ бахшиданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: