ПОСБОНОНИ СИҲҲАТИИ МО

Ман зодаи деҳаи Кӯшкаки ноҳияи Бойсун мебошам.

Дар собиқа омӯзгор будам, ба фарзандони мардум аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс дода, аз нони ҳалоли омӯзгорӣ устухони фарзандони худро сахт кардаам. Кайҳо айёми шабоби умр гузаштаву пирии ногузир пеш омадааст. Сиҳҳатии тан ҳам чун пешина нест, сад иллат дорад! Ба қавле пирӣ худ бемории бедавост. Мутаассифона, инсон вақте ба қадри саломатии бехалал мерасад, ки онро аллакай ба кадом сабабе аз даст додааст. Оре, ҳангоми саломат будан ба қадри неъматҳои худовандӣ, аз ҷумла пойи раво, чашми бино, гӯши шунаво, хуллас муназзам кор кардани ҳар як узви бадани худ намерасидааст. Шояд беҳуда нест, ки дар урфият одамро «шири хомхӯрда» меноманд. 
Ман ҳоло 73 сол дорам. Азбаски чун ҳамаи сокинони деҳ ба кори замину чорво дилбастагӣ доштам, пайваста меҳнат мекардам, то зиндагии оила аз норасоиҳо орӣ бошад. Бидуни шубҳа, аз пайи меҳнати ҳалол таҳия намудани нони аҳли хонадон ба кас сурур мебахшад. Аз сиҳҳатии тан асло шикоят надоштам. Вале чун умри кас ба нишеб рафт, тан аз пӯлод бошад ҳам, осори рахнаҳо падид омада, касро ба бистар мехкӯб мекардаанд. Ман ҳам аввал аз дарди миён ранҷ кашида, инро натиҷаи заъфи пирӣ шумурдам ва ба сиҳҳатии худ бепарво шудам. Дар натиҷа солҳои охир ба дарозо бистарӣ гашта, аз ду пойи равон маҳрум мондам. Вақте дард аз ҷавшани ҷон гузашт, ночор ба Тошканд, назди беморони маъруф рафтам. Аслан маро ба замбараке бор карда оварданд. Ҳамин таъбири «замбарак» кофист, ки ҳолати он айёми маро бозгӯ кунад. Дар шуъбаи ҷарроҳии Маркази миллии реабилитатсия ва протезонидани маълулон, ки дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт воқеъ шудааст, табобат гирифтам. Шуъбаи ҷарроҳии он дар бинои дуюм ҷой дошта, онро «Бахши ҳисоби хоҷагӣ» меноманд. Доктори улуми тиб, вертебролог, травматолог ва ортопед Алишер Сатторов сарвари он мебошад. Таҳти сарпарастӣ ва роҳнамоии ӯ зиёда аз 30 мутахассиси варзида дар шуъбаи мазкур кору фаъолият доранд. Мутахассисони ин даргоҳ пас аз натиҷаи ташхиси ҳамаҷониба ба хулосае омаданд, ки дар ду пайвандаки сутунмуҳраи қарибии устухони кос зарофати ҳаҷман калоне (чурра) пайдо шудааст ва агар ҷарроҳӣ нашавад, дар зудтарин фурсат пойҳоям аз фаъолият мемонанд.
Шифокори ин даргоҳ Ӯлмас Латипов амалиёти ҷарроҳии пайвандаки сутунмуҳраи маро ба сомон расонид ва ман ба шарофати ин табиби ҳозиқ зуд аз дардҳои шадид фориғ гаштам. Ӯ аз шогирдони беҳтарини Алишер Сатторов буда, таҳти раҳбарии вай рисолаи номзадии худро омода месозад. Дар ин бемористон даҳҳо нафар маризонро вохӯрдам, ки аз гӯшаву канори гуногуни ҷумҳуриамон омадаанд ва мисли ман аз дарди сутунмуҳра азият мекашанд...  
Ин ҷо мехоҳам чанд сухан аз хусуси сардухтур иброз дорам. Алишер Сатторов дар Самарқанди бостонӣ соли 1956 таваллуд шудааст. Солҳои 1975-1981 дар Донишкадаи давлатии тиббии шаҳр таҳсил карда, ба шаҳри Қаршӣ фиристода мешавад ва дар шифохонаи рақами 1-уми ин шаҳр кор мекунад. Орзуи ҳарчи бештар андӯхтани илм ӯро ба шаҳри Тошканд овард, як муддат машғули корҳои илмӣ гардид. Соли 1990 рисолаи илмии худро ҳимоя кард ва соҳиби унвони номзади илмҳои тиб гардид. Дере нагузашта рисолаи докториро низ омода намуда, дар ҳузури мутахассисони беҳтарини соҳаи тибби шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина дифоъ кард. Алишер Сатторов алҳол дар бахши сутунмуҳра ва маризиҳои он аз табибони камназире дар миқёси Ӯзбекистон аст. Ӯро дар берун аз диёри мо ҳам мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. 
Номбурда соли 2012 ба узвияти Иттиҳодияи байналхалқии ҷарроҳони кишвари Швейтсария пазируфта шуда, барои мубодилаи таҷриба ба кишварҳои Ҷопон, Италия, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон ва ғайра сафари хидматӣ анҷом додааст. 
Пас аз амалиёти ҷарроҳӣ ман ҳам шифо ёфта, бо пойи худ ба хона баргаштам. Барои ин аз Алишер Сатторов ва шогирдони ӯ, ба хусус Ӯлмас Латипов зиёда сипосгузорам, барояшон аз даргоҳи илоҳӣ тавфиқ металабам.

Абдумӯмин ҲАКИМОВ, 
сокини деҳаи Кӯшкаки ноҳияи Бойсун. 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: