Президенти Ӯзбекистон ба Қазоқистон сафари корӣ анҷом медиҳад

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2-3 ноябр барои ширкат дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони кишварҳои туркӣ ба шаҳри Остона сафари корӣ анҷом медиҳад.

Аз рӯзномаи ҳамоиш масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чаҳорчӯби Созмон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, экологӣ, фарҳангиву башардӯстӣ ва ғайра ҷой гирифтаанд.

Сарони ҳайатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард.

Аз рӯи ҷамъбасти чорабинӣ қабули як қатор ҳуҷҷатҳои муштарак дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон имсол ба Созмони кишварҳои туркӣ раисӣ мекунад.

Зиёда аз 100 чорабинии муҳим доир гардид, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба нигаронида шудаанд.

Аъзои ин созмон Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Туркия, нозирон – Венгрия ва Туркманистон мебошанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: