Президенти Ӯзбекистон бо ҷойҳои ҷолиби Кремли Қазон шинос шуд

  • Президенти Ӯзбекистон бо ҷойҳои ҷолиби Кремли Қазон шинос шуд

Дар идомаи барномаи сафар ба Ҷумҳурии Тотористон Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба музей-мамнӯъгоҳи давлатии таъриху меъморӣ ва бадеии “Кремли Қазон” ташриф овард.

Сарвари давлатамонро Раиси Тотористон Рустам Миннихонов ҳамроҳӣ мекард.

Кремли Қазон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст. Ин қисми қадимтарини Қазон аст, ки маҷмӯи ёдгориҳои меъморӣ, таърихӣ ва археологӣ мебошад, ки таърихи чандинасраи шаҳрро ошкор мекунад.

Дар ин ҷо Президенти Ӯзбекистон аз масҷиди “Кул Шариф” дидан кард. Раиси Идораи динии мусулмонони Ҷумҳурии Тотористон Комил Самигуллин ба меҳмони олиқадр дар бораи таърихи ин бино муфассал нақл кард. Дуо хонда шуд.

Ин масҷид солҳои 1996-2005 ба ҷойи масҷиди жумъа, ки то нимаи дуюми қарни XVI дар қаламрави хонии Қазон вуҷуд дошт, сохта шуда, ба шарафи Имом Қул Шариф номгузорӣ шудааст.

Сарвари давлатамон инчунин бо ҳамроҳии митрополити Қазон ва Тотористон Кирилл Собори Благовешенскро аз назар гузаронд. Ин қадимтарин бино дар ҳудуди Кремли Қазон аст, ки дар асри XVI сохта шудааст. Ин мисоли барҷастаи меъмории Псков мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: