Президенти Ӯзбекистон ва роҳбари БАТР дурнамои рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро баррасӣ карданд

  • Президенти Ӯзбекистон ва роҳбари БАТР дурнамои рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро баррасӣ карданд
  • Президенти Ӯзбекистон ва роҳбари БАТР дурнамои рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро баррасӣ карданд
  • Президенти Ӯзбекистон ва роҳбари БАТР дурнамои рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро баррасӣ карданд

Дар доираи барномаи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассонро қабул кард.

Ҷиҳатҳои амалии иштироки минбаъдаи фаъолонаи Банки аврупоии таҷдид ва рушд дар пешбурди барномаи ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакати мо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Сатҳи бесобиқа баланди шарикии байни Ӯзбекистон ва БАТР, ки солҳи охир ба даст омадаанд, бо қаноатмандӣ қайд гардид. Сандуқи лоиҳавии бонк дар кишвари мо бо афзоиши ҳиссаи сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ то 50 фоиз ба 3 миллиард евро расид.

Соли дуюм аст, ки Ӯзбекистон аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои асосии ин ниҳоди пешрафтаи молиявӣ дар минтақа пешсаф аст.

Дар шаҳрҳои Андиҷон ва Урганч филиалҳои БАТР мавҷуданд.

Президент Одил Рено-Бассо бо баргузории бомуваффақияти Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд самимона табрик гуфта, омодагии бонкро барои дастгирии ҳамаҷониба дар ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав тасдиқ кард.

Зимни мулоқот оид ба омодасозии «харитаи роҳ» ҷиҳати амиқсозии шарикӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Ба ҳамкорӣ дар самти трансформатсия ва хусусигардонии корхонаю бонкҳои давлатӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, дастгирии лоиҳаҳои рушди “сабз”, энергетика ва нақлиёт, ҷорӣ намудани механизмҳои шарикии самарабахши давлатию хусусӣ, пеш аз ҳама дар пешбурди лоиҳаҳои инфрасохторӣ, инчунин дастгирии барномаҳои соҳибкории занон ва ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Ҳамчунин рафти омодагӣ ба Ҷаласаи ҳарсолаи Шӯрои идоракунандагони БАТР дар Ӯзбекистон дар соли оянда баррасӣ шуд.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: