БА СОҲАИ КАДАСТР ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

Президент Шавкат Мирзиёев 21 июл доир ба масъалаҳои пурра таъмин намудани баҳисобгирии замин ва кадастри давлатӣ, ба соҳа татбиқ намудани технологияи рақамӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Президент Шавкат Мирзиёев 21 июл доир ба масъалаҳои пурра таъмин намудани баҳисобгирии замин ва кадастри давлатӣ, ба соҳа татбиқ намудани технологияи рақамӣ ҷамъомад баргузор намуд.
Ҳисобу китоби аниқ ва босамар истифода намудани замин барои бисёр соҳаҳо, мисли хоҷагии қишлоқ, соҳибкорӣ, истеҳсолот, сохтмон, геология хеле муҳим аст. Ҳангоми сафарҳои худ ба минтақаҳо роҳбари давлат ҳамеша ба ин масъала эътибори алоҳида медиҳад ва таъкид менамояд, ки ҳар як ваҷаби замин ба мардум нафърасон бояд бошад.
Мутаассифона дар соҳаҳои геодезия, картография ва кадастр бисёр масъалаҳо ғун гаштаанд. Бори охир инвентаризатсияи замин дар мамлакатамон 40 сол қабл ба амал омадааст. Барои мисол, ҳанӯз сарҳадҳои маъмурии 140 ноҳия муайян нест. Тартиби ҷудо намудани замин барои хоҷагии қишлоқ 20 сол қабл қабул гардида буд ва ба талаботи ислоҳоти имрӯза мувофиқат намекунад. Дар натиҷа дар соҳа ҳолатҳои дуздӣ ва коррупсия авҷ гирифтааст. Он чиз аз ин гувоҳӣ медиҳад, ки дар 66 ноҳия худсарона 150 ҳазор гектар замини кишт ишғол гардидааст, дар ду соли охир бошад, 122 нафар корманди хидмати кадастр ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб гардидааст.
Бинобар ин дар низом ислоҳоти куллӣ шурӯъ гардида, муҳимтарин масъалаҳои он дар ҷамъомади мазкур муҳокима гардиданд.
Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки вазифаи асосии мақомоти кадастр роҳандозии барӯихатгирӣ ва ихтиёрдории замин бояд бошад. То охири сол ба роҳ андохтани низоми иттилоотӣ, ки молики маълумот дар бораи намуд, тарҳ, сарҳад ва истифодабарандагони қитъаҳои замин мебошанд, чун вазифа гузошта шуд. Акнун қарор дар бораи ҷудо намудани замин танҳо дар сурате ҳақиқӣ хоҳад буд, ки агар он ба низоми мазкур дохил шуда бошад.
Инчунин супурда шуд, ки шабакаҳои радифи сунъӣ иҷора гирифта шуда, низоми таҳияи сигналҳо роҳандозӣ гардад. Ин барои таҳлили ҳосилнокӣ, ҳолати мелиоративии замин бо роҳи қиёси аксҳои кайҳонӣ, ки дар солҳои мухталиф аксбардорӣ шудаанд, мусоидат менамояд.
Ногузирии рақамӣ намудани идора кардани хоҷагии қишлоқ, роҳандозии ихтиёрдорӣ ва ба ҳисоб гирифтани замин дар Низоми миллии геоинформатсионӣ эътиборан аз соли оянда, таъкид гардид. Дар заминаи то охири сол татбиқ намудани тартиби ҷудо намудани замини муқаррароти хоҷагии қишлоқ дар асоси озмун ва ауксиони электронӣ, оптимизатсияи тоифаҳои замин бо ҷалб намудани экспертҳои байналхалқӣ супоришҳо дода шуд.
Ба ӯҳдаи Вазорати хоҷагии қишлоқ гузоштани вазифаи Кумитаи давлатии  замин, геодезия ва кадастр барои баҳодиҳии сифати хок, инкишофи замин, ҷойгир намудани намуди кишт ва ҳамчунин Институти илмиву тадқиқотии хокшиносӣ ва агрокимё пешниҳод гардид. Аҳамияти рушди фаъолияти институт ва такомули лабораторияи он аз ҳисоби 87 миллион долларе, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷудо менамояд, таъкид гардид. Ба Вазорати хоҷагии қишлоқ то охири сол тайёр намудани таҳлили хок ва харитаҳои агротехнологии замин дар майдони 10 ҳазор гектар супурда шуда буд.
Боз як камбудии соҳа нопуррагии баъзе намудҳои кадастр ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, кадастри роҳҳои автомобилгард 23 фоиз, объектҳои мероси маданӣ 32 фоиз, трубопроводҳо 32 фоиз, кадастри шаҳрсозӣ 63 фоиз иҷро гаштааст. Бинобар ин ба мушовири Сарвазир оид ба рушди IT-технология Олимҷон Умаров таъсис намудани гурӯҳи корӣ ва таҳияи пойгоҳи пурраи кадастр  супурда шуд.
Дар ҷамъомад масъалаи муайян намудани нархи воқеии замин дар шаҳру деҳот ва ташаккул додани бозори замин ба миён гузошта шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев потенсиали пасти кадрҳои соҳаро таъкид кард, ки ихтисоси 27 фоизи кормандони низоми Кумитаи давлатии  замин, геодезия ва кадастр ба соҳаи кумита мувофиқат намекунад. Бинобар ин аҳамияти ба вуҷуд овардани филиали муассисаи олии таълимии хориҷӣ, ногузирии барқарор намудани ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Пиза (Италия) ва Донишгоҳи давлатии геодезия ва картографияи Маскав (Русия) таъкид гардид.
Шахсони масъул дар бобати масъалаҳои муҳокимагардида маълумоти пурра пешниҳод намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: