ЛУҒАТИ ИМЛО – ОИНАИ ЗАБОН

Забон воситаи табодули андешаву афкори инсонҳост.

Дар дунё забонҳои зиёде вуҷуд доранд. Яке аз забонҳои қадимитарин ва пурғановати дунё забони форсӣ-дарӣ-тоҷикист. Забони форсӣ ё форсии тоҷикӣ дар гузаштаҳои дуру наздик дар минтақаи Осиёи Марказӣ хеле густариш ёфтааст. Имрӯз низ ин забон дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва олии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, мисли Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таълим дода мешавад. Бояд ёдрас намуд, ки то истиқлолиятро ба даст даровардани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мактабҳои таълими ҳамагонӣ ва олии тоҷикии минтақаро бо китобҳои дарсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамуд. 
Баъди истиқлолиятро ба даст даровардан, ҳар як ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори бо китоб ва дастурҳои дарсӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии аҳолии ғайриӯзбекро ба дӯши худ гирифт. Ҳоло, бино ба маълумотҳои дастрасшуда, дар беш аз 250 мактаби таълими ҳамагонии тоҷикии ҷумҳурӣ ва чанд гурӯҳи тоҷикии донишгоҳҳои Самарқанду Бухоро, Тирмиз ва Фарғона, Донишкадаи омӯзгории вилоятии Чирчиқ таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Ба ҷуз ин, дар ин кишвар рӯзномаи ҷумҳуриявие бо номи «Овози тоҷик» аз соли 1924 ин ҷониб интишор меёбад. Барилова, дар Самарқанд рӯзномаи вилоятие бо номи «Овози Самарқанд», дар вилояти Сурхондарё нашрияи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию адабии «Ховар», дар баъзе ноҳияҳо саҳифаҳои тоҷикӣ рӯйи чопро мебинанд.
Аҳли илму адаби тоҷики мамлакат рӯзгоре орзу мекарданд, ки дар нашриётҳои Ӯзбекистон низ бо забони тоҷикӣ китобҳои бадеию дарсӣ рӯйи чопро бинанд. Ҳоло, маблағ бошад, кифоя, ҳамаи нашриётҳои Ӯзбекистон бо забонҳои мухталиф, аз ҷумла, бо забони тоҷикӣ китоб чоп мекунанд. 
Воситаи табодули андешаву афкори инсонӣ – забон сарҳад намешиносад, он метавонад барои ҳама гуна мафкура хидмат кунад. Мисолан, рӯзгоре забонҳои миллии минтақаи мо парчамбардори мафкураи коммунистӣ буданд. Ҳадаф аз ин гуфта ин аст, ки забон ҳарчанд барои мафкураҳои гуногун хидмат мекунад, аммо қонуну қавоиди он бояд дар як коргоҳ офарида шаванд, вагарна гуногуннависию худсарӣ ва баҳс перомуни тарзи дурусти навишти вожаҳо байни соҳибзабонон, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба сар мебаранд, авҷ мегирад. Чунин коргоҳи забонӣ барои тоҷикони дунё Тоҷикистон мебошад.
Забон ҳамеша дар таҳаввулот аст, дар баробари ҷомеа рушд мекунад, ба дороияш меафзояд, ба қавле, шевотару зеботар мешавад. Тӯли чанд даҳсолаи охир забони форсии тоҷикӣ низ хеле пеш рафт. Пешравӣ ва таҳаввулоти он бояд дар қоидаи имло инъикос ёбад. Ҳоло дар матбуоти тоҷик гуногуннависии вожавӣ ба чашм мерасад, ки хонанда намедонад кадомашро бипазирад. Дар мактаб ва рӯзномаҳои тоҷикии Ӯзбекистон низ гуногуннависиҳо гоҳо мавриди баҳс қарор мегиранд. Инҷо бисёр мехостем хонанда идрок намояд, ки услуби нигориш аз гуногуннависӣ фарқи куллӣ дорад. Яъне ҳар инсон шеваи нигориши худро дорад. Вале шеваи нигориш набояд ба гуногуннависии вожаҳо роҳ кушояд.                                                                             
Луғатҳои имлои забони адабӣ бо мурури вақт таҳрир мехӯранд, луғати имлои нав ба вуҷуд меояд.      
Боиси хушнудист, ки забоншиносони тоҷик, бо мақсади нашри луғати имлои нави забони адабии тоҷик, онро ба муҳокимаи умум гузоштаанд. Ба сифати як ҳаводори  ин забон инҷониб низ чанд пешниҳод доштам:
1. Луғати имлои забони адабӣ ё меъёрии тоҷикӣ мисли ҳамеша поккориро тақозо дорад. Дар «Луғати имлои забони адабии тоҷик»-и Я. И. Калонтаров, «Луғати имло»-и А. Маниёзов ва А. Мирзоев чанде аз вожаҳои ноби тоҷикӣ, мисли «афгор», «афзор», «пойафзор» тибқи талаффузи авом дар шакли «абгор», «абзол», «пойафзол» омадаанд. Дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (Душанбе – 2013), ба ҷуз вожаи «пойафзол», вожаҳои боқимонда дар шакли дуруст ворид шудаанд. 
Бисёр шоиру нависандагон ва олимони саршиноси тоҷик бар онанд, ки форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ як забонанд, на се забон. Биноан, ҳангоми интихоб ва ворид намудани вожаҳо ба луғати имлои нав бояд ба луғати имлои ҳамзабонони берунмарзӣ низ рӯйи эътибор гардонд. Мисолан, вожаи «хидмат»-ро, ки бо вожаҳои «махдум» ва «хадамот» ҳамреша аст, мо «хизмат» менависем ва талаффуз мекунем. Вале ҳамзабонони хориҷии мо мисли пешинагон «хидмат» менависанд ва талаффуз мекунанд. Ин вожа дар «Луғати имлои забони адабии тоҷик»-и Я.И.Калонтаров ва «Луғати имло»-и А. Маниёзов ва А. Мирзоев дар шакли «хизмат» омадааст. Мо дар «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», ки луғати имлои охирин аст, вожаи мазкурро дар ду шакл: «хизмат» ва «хидмат» вохӯрдем, ки хонандаро ба андеша водор месозад.  
2. Дар аҳди шӯравӣ дар забони форсии тоҷикӣ бисёр калимаҳои мураккаб пайдо шуданд, ки яке аз онҳо «кирмакпарварӣ»,  дигаре «пиллапарварӣ» мебошад. Ба фикри мо, «кирмакпарварӣ» шакли дурусти калима мебошад, зеро кирми пилларо то вақти ба пилла (ғӯза) табдил ёфтан бо барги тут парвариш менамоянд, вале вақте танида ба пилла табдил меёбад, мавсими «пиллакорӣ» оғоз меёбад, на пиллапарварӣ. Дар «Луғати имлои забони адабии тоҷик»-и Я. И. Калонтаров мо ба вожаи «пиллапарварӣ» дучор наомадем. Дар «Луғати имло»-и А. Маниёзов ва А. Мирзоев низ вожаи «пиллапарварӣ» вуҷуд надорад. Вале дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе – 2008, ҷилди 2) ва «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» хонанда ба вожаи «пиллапарварӣ» бархӯрд мекунад. Пас, вожаи «пиллапарварӣ» аз куҷо пайдо шуд?
Ба тариқи илова бояд бигӯем, ки дар боби «Имлои ҳамсадоҳо»-и «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки 4 октябри соли 2011 тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, омада:
«Ҳарфи й (йот) дар мавридҳои зерин навишта мешавад:
а) дар оғози калимаи иқтибосӣ: йод, йог(а), йот, йӯрға ва ғ;
б) дар байн ва анҷоми калима: кайҳон, майдон, айвон, май, най, ҷой, пой ва ғ; 
в) ҳарфи й пеш аз садонокҳои а, о, у, э (е) дар якҷоягӣ бо ин садонокҳо бо як ҳарф навишта мешавад: й+а-я, й+о-ё, й+у-ю, й+э- е: поя, соя, ёр, ёд, дарё, бӯрё, юнонӣ, юғ, ем, елим ва ғ.
ЭЗОҲ. Калимаҳое, ки таърихан дар таркиби худ ҳамсадои «й» доранд, аз ин қоида истисно мебошанд: чой (чойи сиёҳ), ҷой (ҷойи муносиб), лой (лойи нарм), пой (пойи чап); дар калима ва таркибҳои осойиш, чораҷӯйӣ, рӯйи хотир, ба рӯйи, ба сӯйи, ба ҷойи ва ғ.».
Қоидаи мазкурро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сол қабл тасдиқ карда бошад ҳам, вале дар матбуоти даврӣ ба қисмати «Эзоҳ»-и он, ки аз табиати забони тоҷикӣ берун омадааст, амал карда намешавад. Ҳанӯз мисли пешина «рӯи зебо», «бӯи нон», «лои часпак», «чои кабуд» ва ҳ. менависанд, ки сабаби риоянакунӣ ба қоидаи нави имло мегардад.
Мутахассисони соҳа – забоншиносон хеле хуб медонанд, ки дар чунин корҳо, мисли омода кардани луғати имлои забони адабӣ, шитобкорӣ нашояд. Зеро дар он дороии забони миллат ба маърази намоиш гузошта мешавад.
Ҳадаф аз ин навишта пешгирии гуногуннависӣ дар забоне воҳид ва кӯмак ба луғатнигорон буд. Дигар дар кори басе хайру савоб ба мутахассисони соҳа тавфиқ мехоҳем.
Дар охир хеле мехостем, ки имлои нави забони тоҷикӣ бо теъдоди зиёд нашр шавад. Зеро ба он муассисаҳои таълимӣ, рӯзномаву маҷалла ва нашриётҳои тоҷикии берун аз марзи Тоҷикистон низ ниёз доранд. 
Гузашта аз ин, агар дар байни ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон доир ба табодули китобу дастурҳо ва дигар лавозимоти дарсӣ муоҳидаҳо ба имзо мерасиданд, бисёр мушкилиҳои мактабу маорифи ҳар ду ҷониб ҳаллу фасл мегардид.

А. СУБҲОНОВ,
ходими рӯзномаи 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: