ЁРИИ АМАЛӢ ВА ПУРСАМАР

Ҷамъияти имрӯза дар назди ходимони ҳамаи зинаҳои таълим ва тарбия вазифаҳои басе масъулиятнокро мегузорад.

Дар видеоселектори 23 августи соли ҷорӣ гузаронидаи сарвари кишварамон Шавкат Мирзиёев ин вазифаҳо ба таври амиқ ифода гардиданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки баҳри беҳтар кардани кори муассисаҳои таълимӣ чунин тадбири васеъмиқёс дар мамлакатамон бори аввал гузаронида шуд ва ин, албатта, сабабҳои ба худ хос дорад.
Бигзор талху ногувор бошад, аммо бояд иқрор шуд, ки ба таълиму тарбия барин масъалаи  муҳими ҳаёт беэътиборӣ ва аз паси панҷа нигоҳ кардан гапи рост аст. Ҳатто дар солҳои мустақилӣ ҳам ба ҷуз беҳтар кардани базаи моддиву техникӣ ва кӯр-кӯрона пайравӣ   кардан ба таҷрибаи баъзе давлатҳои ривоҷёфта дигар кори назаррасе амалӣ нашуд. Меҳнати вакилони ин соҳа баҳои ҳаққонӣ нагирифт. Дар натиҷа аз зинаи таълими томактабӣ то таълими олӣ кадрҳои беҳтарин аз соҳа дур шуданд. Дар навбати худ дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия норасоии кадрҳои лаёқатманд эҳсос шуд ва ин ҳол ба сифати кори таълиму тарбия бетаъсир намонд, аниқтараш таъсири манфӣ расонд.
Бинобар ин Президенти кишвар дар ҷамъомади селекторие, ки дар боло зикраш рафт, алоҳида таъкид намуд:  «то муносибат нисбат ба муаллим ба куллӣ дигар нашавад, то номи устод дар ҷамъият мақоми арзандаи худро наёбад, на инсони комил тарбия меёбаду на ҷамъият рӯ ба инкишоф меорад. Ин кори имрӯз аст, ё ҳеҷ вақт!».
Тавре ки маълум аст, тарбияи кӯдак нахуст аз оила ибтидо гирифта, дар муассисаи томактабӣ, мактаб, таълими миёнаи махсус ва ниҳоят дар мактаби олӣ идома ёфта, ӯ соҳиби касб мешавад ва ба ҳаёти мустақил қадам мегузорад. Таҷриба собит кардааст, ки ҳамаи зинаҳои кори таълиму тарбия чун занҷир ба ҳам пайвасту алоқаманданд. Аз ин ҷост, ки баҳри иҷрои вазифаи бузурге, ки сарвари кишвар ба наздамон гузошт, мо – масъулони ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия бояд аз як гиребон сар бароварда, ҳамкорӣ кунем ва сифатнокии таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳо таъмин намоем.
Дар Донишгоҳи давлатии Гулистон баҳри ҳамкорӣ кардан бо дигар муассисаҳои таълимӣ ҳамаи шароитҳо муҳайё аст ва метавон гуфт, ки мо дар ин соҳа таҷрибаи кофӣ  дорем. Зеро солҳост, ки муаллимону  профессорони донишгоҳи мо бо мактаби миёнаи рақами 16-уми шаҳри Гулистон робитаи ҳамкорӣ доранд ва ин ҳамкорӣ самари дилхоҳ медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли хониши ҷорӣ низ бо ташаббуси донишгоҳ дар мактаби номбурда як қатор тадбирҳои илмиву адабӣ ва маънавиву маърифатӣ гузаронида шуданд. Ҳамкории кафедраҳои “Биология”, “Физика”, “Кимиё”, “Забон ва адабиёти ӯзбек” бо мактаб хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Муаллим-профессорони донишгоҳ  ба муаллимони мактаб кумаки илмиву услубӣ мерасонанд, ба хонандагон сабақ медиҳанд. Аз ҷумла, мудираи кафедраи “забон ва адабиёти ӯзбек” О. Файзуллоева ҳар ҳафта як рӯз ба хонандагон дарс медиҳад ва ба гузаронидани тадбирҳо ёрӣ мерасонад. Мудираи кафедраи “кимиё” Ӯ. Абдураҳмонова оид ба гузаронидани дарсҳои лаборотория маърӯзаҳо ташкил мекунад, мудири кафедраи “таърих” С.Қудратов дар мавзӯи таърихи пайдоиши халқи ӯзбек машваратҳо ташкил менамояд. Махсусан, ҳамкории муаллим-профессорони кафедраи забони англисии донишгоҳ самараи хуб медиҳад. Ду нафар муаллими ин кафедра бо 14 нафар омӯзгори забони англисии мактаби номбурда мунтазам дарсҳои маҳорат мегузаранд. Дар мактаб гӯшаи “Кафедраи забон ва адабиёти англисӣ” ташкил карда шудааст, ки дар он ҷадвали солонаи “дарсҳои маҳорат” ва муваффақиятҳое, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ ба даст омадаанд, акс меёбанд.
Мо ҳамкории устодони донишгоҳро дар мисоли мактаби рақами 16-уми шаҳри Гулистон ба забон гирифтем. Дар асл ин ҳамкорӣ дар як қатор  муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабҳои миёна ва миёнаи махсус ба роҳ монда шудааст. Ҳоло мақсад дорем, ки бо ҳамаи 309 мактаби миёна (аз он ҷумла бо 8 мактаби махсус ва мактаб-интернат), Шаҳрчаи бачагон, маркази ахборот-ресурси вилоят, 12 маркази “Баркамол авлод” робитаи доимӣ барқарор намоем. Бо ҳамин мақсад мутахассисони 22 кафедраи донишгоҳ бо фаъолияти корӣ ва муаммоҳои ин муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла бо базаи моддиву техникӣ, дараҷаи таъминот бо компутер ва дигар воситаҳои электронӣ, таҷҳизоти лабороторӣ, асбобу анҷомҳои варзиш ва мусиқаро омӯхта баромаданд. Ин ба мо имконият медиҳад, ки уфуқҳои ҳамкориро бо онҳо аниқ муайян намоем. Мо, махсусан, ба мактабҳое эътибор нигаронидем, ки ба кадрҳои педагогии болаёқат эҳтиёҷ доранд. Ҳоло ҳашт нафар муаллим-профессорони факултети филологӣ, 52 нафар донишҷӯёни курсҳои болоии факултети  забони хориҷӣ ба мактабҳои сифати таълимашон паст вобаста карда шудаанд.
Алҳол дар мактабҳои вилояти Сирдарё 155981 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд, ки 10 фоизи онҳоро тамомкунандагон, 10 фоизашро хонандагони синфи якум ташкил мекунанд. Кӯшишу талоши мо ба он нигаронида шудааст, ки ҳамаи ин хонандагон то дараҷае аз нигоҳи мо дур набошанд. Зеро, хонандаи имрӯза фардо ба даргоҳи мактаби олӣ меояд ва дараҷаи донишу ҷаҳонбинии ӯ чӣ қадар боло бошад, мо ҳамон қадар мутахассиси болаёқат тайёр мекунем. Набояд фаромӯш кард, ки ояндаи Ватани азизамон, гулгулшукуфии он аз мутахассисони тайёркардаи мо вобаста аст.

Муҳсин ҲОҶИЕВ,
ректори Донишгоҳи
 давлатии Гулистон,
доктори илмҳои техника, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: