ЯК ХОНА ДУХТАР – ДАВЛАТИ ХОНАДОН

Касбу корҳоро ба мардонаву занона ҷудо кардан чандон дуруст нест-куя, вале баъзе аз онҳо хоси мардона ё занона шуданашон ҳам мумкин.

Касбу корҳоро ба мардонаву занона  ҷудо кардан чандон дуруст нест-куя, вале баъзе аз онҳо хоси мардона ё занона шуданашон ҳам мумкин. Масалан, ба механизаторӣ одатан мардҳо машғуланд. Ва умуман шуғлҳое, ки нисбатан вазнинанд, дар зиммаи мардҳо. Вале баъзе касбҳои мардона, аз ҷумла тракторрониро ихтиёр намудани занҳо низ ба назар мерасад. 
Хусусан, дар давраи шӯравӣ механизаторзанҳо зиёд буданд. Қисмате аз занҳои тракторрон бо меҳнати фидокорона ном бароварда, бо мукофотҳои олӣ сазовор ҳам шудаанд. Мисолан, механизатор аз ноҳияи Оққӯрғони вилояти Тошканд Турсуной Охунова дар ғунучини пахта саҳми калон гузошта, ба дараҷаи қаҳрамони меҳнат расид. Хоҳари Турсуной низ механизаторӣ пеша кард ва дар майдони пахта диловариҳо нишон дод.
Сокини маҳаллаи Бӯстони ноҳияи Зарбдор Зулайхо Мамарасулова, айни замон, яке аз аввалин механизатордухтарҳо дар вилояти Ҷиззах ба шумор мерафт. Ҳоло ӯ даври пирӣ ронда, оиди чӣ тавр ба механизаторӣ дил бастанаш ин тавр нақл мекунад: Дар оила мо 11 фарзанд будем. Баъде чун духтари сеюм ба дунё омадам, падари тракторронам, ки умедвори писар буданд, бо қаҳр, бо баҳонаи сафари хидматӣ, баромада мераванд. Вақте бармегарданд, ки ман аллакай дар ҷои худ менишастагӣ шуда будам. Модарам дарҳол маро бардошта, рӯи тахмон мегузоранд, то ба чашмашон нанамоям. Падарам маро мепурсанд. Мурд, мегӯянд модарам бо оби чашм. Сахт хафа мешаванд падарам. Аз баромада рафтанашон пушаймониашон баръало намоён... Раҳм меояд модарамро ва маро аз тахмон гирифта, нишон медиҳанд: Ана, Зулайхоятон калонак шуд.
Маро бо меҳр ба бар мекашанд падарам. Мисле назди духтарчаашон худро гунаҳкор ҳискунон дигар аз бағал намегузоранд. Ҳамроҳ ба саҳро мебаранд, ба паҳлу нишонда, трактор меронанд. Ман, ҳамин тавр, дар саҳро, дар кабинаи трактори падарам калон шуда, ба ҳаракатҳои падар зеҳн мондаву тракторрониро ҳавас карда, оянда механизатор шудаам. Зулайхо дар синни ҳафтдаҳ курси тракторрониро хатм кард ва паси фармони трактор нишаст. Дар саҳроҳои нопайдоканори Ҷиззах баробари мардҳо меҳнат кард ва обрӯ ёфт. Он солҳо Шароф Рашидов роҳбари аввали ҷумҳурӣ буд. Вай соли 1979 ба хоҷагие, ки Зулайхо кор мекард, ташриф овард. Аз меҳнати Зулайхо ва дигар диловарони саҳро мамнун гашт. Ба механизатордухтар соати дастиеро тақдим намуд, ки номаш сабт ёфта буд. Он туҳфаи хотиравиро ҳануз нигоҳ медорад Зулайхо.
Ба духтаре, ки аз натанҳо аз корҷома, балки аз дастҳояш бӯи равғани трактор меояд, ҷавоне дил баст, ки Абулқосим ном дошт. Хонадор ва фарзанддор шуданд. Вале фарзандҳо – духтар пайи духтар.
Баъди ба дунё омадани чаҳорум духтар Абулқосим андак мулзам монд, вале ин рӯ накард. Ҳатто ҳамсарашро тасаллӣ дод.
Машав ғамгин агар 
духтар бизодӣ,
Ки аз духтар бувад 
пайваста шодӣ.
Басо духтар, 
ки соҳибтоҷ гардад,
Ба пешаш сад писар 
муҳтоҷ гардад.
Баъди он боз чаҳор духтар диданд. Хайр, доди Худо. Аз дасти банда чизе намеояд. Ба ҳар чӣ дод, бояд шукр намуд. Духтарҳое, ки онҳо ёфтанд, сиҳат ва саломат, хушодоб, гармрӯ, меҳнатдӯст ба воя расиданд. Болои ин – илмдӯст. Фақат бо баҳои аъло хонданд ва мехонанд, варзишгар, эҷодкор, дилбохтаи санъат...
Як-як номбар кунем? Хуб: Нахустдухтар Шоира сарлаборант, Дилдора– муаллима, Гулноз – доктори фан, Зулхумор – магистр,  Мадина – муаллима, Хайринисо – ходимаи хонаи маданият, Мухтасар – муаллима, Муқаддас – донишҷӯ, соҳиби Мукофоти давлатии Зулфия.
Аз соҳаи варзиш ба волейбол бештар таваҷҷӯҳ менигаронанд. Ва ба гӯштин, ки одатан мардҳо шуғл меварзанд.
Натанҳо касб ё намуди варзиш,балки “духтаронаю писарона” будани корҳои хона низ ба ҳамаамон маълум. Азбаски дар хонадон писарбача набуд, духтарон ба корҳои писарона низ писарвор мечаспиданд. Корҳои духтарона, бинобар ғайратмандии хоҳарон, дар вақташ сару сомон меёфт, ҳавлии сариштаю бофариштаи онҳо ҳаваси ҳамаро меовард.
Имрӯз шаш духтари калонӣ – соҳиби хонаю дар. Ба ду духтари хурдӣ, ки чун хоҳарбузургҳо аз падар қатъият, аз модар меҳнатдӯстиро омӯхтаанд, писардорҳо ҳавас мекунанд.

Т. ГУЛМИРА, 
ноҳияи Зарбдори
вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: