ПАҲЛАВОНЕ, КИ ЧУСТРО БА ДУНЁ ШИНОСОНД

Тавре ки дар шумораҳои пештараи рӯзнома хабар дода шуд, Муродҷон Аҳмадалиев дар мусобиқаҳои оиди бокси касбӣ, ки дар шаҳри Майами-Бичи иёлоти Флорида (ИМА) баргузор гардид, камарҳои чемпиони ҷаҳон оид ба таснифиҳои WBA ва IBF-ро соҳиб шуда, бо иродаи мустаҳкам, қобилияту маҳорати худ шуҳрати Ватани моро дар арсаи байналхалқӣ дучанд кард.

Ба қарибӣ дар вилояти Намангон маросими тантанавор пешвоз гирифтани чемпиони ҷаҳон Муродҷон Аҳмадалиев ба амал омад. Ду тарафи роҳи картеҷеро, ки чемпиони ҷаҳон меомад, бошандагони шаҳр иҳота карда, офаринҳо мегуфтанд. 
Дар пешвозгирии чемпиони ҷаҳон ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Хайрулло Бозоров ва ҳазорон шаҳрвандон ҳозир буданд. 
Дар боғи маданият ва истироҳати ба номи Мавлоно Лутфуллоҳи шаҳри Чуст, ки бачагии Муродҷон дар ин маскани зебоманзару дилкушо гузаштааст, чустиён бо ифтихори том ва кафкӯбиҳои бардавом шодию хурсандӣ намуда, ӯро хайрамақдам гуфтанд. 
Пазироии навбатии Муродҷон Аҳмадалиев дар Маркази маданияти шаҳри Намангон давом кард. Аз тарафи ҳокимияти вилоят ба падар ва модари чемпион калиди мошини «Дамас» супурда шуд. Чунин вохӯриҳо бо Муродҷон Аҳмадалиев дар ҳудуди вилоят идома дорад. 

А. МУРОДОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: