ХУСУСИГАРДОНИИ ДОРОИҲОИ ДАВЛАТИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛИИ ИМА

Маркази таҳлилии «Center for Caspian Policy» дар бораи натиҷаҳои нахустин Анҷумани байналмилалии сармоягузории Тошканд ва сиёсати Ӯзбекистон дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ мақола нашр кард.

Нашрия қайд мекунад, ки рӯзҳои 24-26 март дар Тошканд нахустин Анҷумани байналмилалии сармоягузорӣ баргузор шуда, дар паи он созишномаҳо ва қарордодҳои сармоягузорӣ ба маблағи 7,8 миллиард доллар, инчунин созишномаҳои пешакӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 3,5 миллиард доллар эълон шуданд.
Ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Ӯзбекистон як ҷузъи калидии саъйҳои васеътари Президент Шавкат Мирзиёев оид ба баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ мебошад, менависад «Center For Caspian Policy». Дар чаҳорчӯби ин талошҳо Президенти Ӯзбекистон 18 март ба қарор “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба минбаъд  коҳиш додани иштироки давлат дар иқтисодиёт ва суръат бахшидан ба хусусигардонӣ” имзо кард.
Дар мақола, инчунин қайд карда мешавад, ки дар солҳои наздик ҳукумат комилан хусусӣ кунондани 627 корхонаи саноати химия, индустрияи сайёҳӣ ва соҳаҳои дигарро пешбинӣ мекунад. Баъзе объектҳои мулки ғайриманқул ва қитъаҳои замин, ки моликияти давлат маҳсуб меёбанд, тавассусти дархости электронӣ ба савдои музоядаи онлайнии мустақим гузошта мешаванд. Саҳмияҳои давлатии корхонаҳои калонтарин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии миллӣ ва ғайридавлатии хориҷӣ ба савдои музояда гузошта мешаванд.
Хусусигардонӣ дар бахши бонкӣ низ сурат мегирад. Тибқи маълумоти Бонки марказӣ, ҳукумат 82 фоизи тамоми дороиҳои бонкиро назорат мекунад, қайд мекунад шореҳи «Centre for Caspian Policy».
Хамаи ин ташаббусҳо таъсири мусбати дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати иқтисодӣ хоҳанд дошт. Дар натиҷаи ислоҳот интизор меравад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон то соли 2026 ба 100 миллиард доллар расида, содироти солона беш аз ду баробар афзоиш ёфта, ба 30 миллиард доллар мерасад. Ҳукумат ният дорад, ки саҳми бахши хусусиро дар ММД то 80 фоиз  афзоиш диҳад.
Дар охир гуфта мешавад, ки агар ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ дуруст амалӣ ва таҳким ёбад, Ӯзбекистон имкон дорад,  ба яке аз муваффақтарин иқтисодҳои Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Ин ташаббусҳои фаъол, аз ҷумла Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, қадами муҳим дар самти озодгардонии  бозор ва рӯшодии иқтисодӣ мебошад.

АИ «Дунё»,
шаҳри ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: