САХОВАТПЕША

Мардум одатан соли навро нисбат ба дигар идҳо бо омодагии махсус пешвоз мегиранд, ҳаракат мекунанд, ки идро бо аҳли оила гузаронанд.

Мардум одатан соли навро нисбат ба дигар идҳо бо омодагии махсус пешвоз мегиранд, ҳаракат мекунанд, ки идро бо аҳли оила гузаронанд. Дар ин рӯз ҳама якдигарро табрику таҳният мегӯянд, орзуву ниятҳои нек изҳор менамоянд, ба якдигар туҳфаҳо месупоранд.
Аммо ин ид ба дили апаи Шарифа пайи дарднок гузошта буд. Ӯ ҳоло ҳам дар ин хусус фикр кунад, аз кори кардааш пушаймон мешавад. Лаҳзаи дар назди рафиқонаш сархамии Собирҷон ва чашмони аз ашк пури ӯ ба ёдаш меояд...
Ӯ яке аз муаллимаҳои ҷавон ва фаъоли мактаб, роҳбари синфи панҷум буд. Дар давоми панҷ соли омӯзгориаш бо феълу хӯ, азхудкунӣ, падару модар ва шароити зисти хонандагон ба хубӣ ошно гардид. Дар сари соли хониш маҷлиси падару модаронро гузаронда, барои фонди синф чӣ қадар пул ҷамъ карданро хотиррасон намуд. Баъзе падару модарон аз ин норозӣ ҳам шуданд. Шарифа, ки ҳоло ба шавҳар набаромада буд ва чӣ будани «рӯзгор — ғор»-ро намедонист, аз волидони камхарҷ хушаш намеомад.
Пеш аз иди Соли нав маҷлиси навбатии падару модаронро даъват намуд. Дар маҷлис масъалаи таҷлили ид, рағбатнок кардани хонандагони аълохон, супурдани туҳфаҳои солинавӣ муҳокима гардид. Яке аз модарон – апаи Мавҷуда, ки дукондор буд, ба аҳли ҷамъомад рӯ оварда гуфт:
– Соли навро ҳама мехоҳад хотирмон ҷашн гирад. Бачаҳо аз Бобои барфӣ туҳфаҳои хуб гирифтан мехоҳанд. Барои ин чӣ қадар маблағ ҷамъ кунем ҳам, меарзад. Пулро ба ман диҳед, дар дуконам ҳама чиз ҳаст, худам туҳфаҳои хуб омода месозам.
– Чанд пулӣ ҷамъ мекунем? – пурсид яке аз модарон.
Модари Собирҷон – апаи Холида, ки хомӯш менишаст, миқдори пулеро, ки бояд ҷамъ мешуд, шунида карахт шуд. Шавҳари ӯ вафот карда буд. Чор нафар фарзанд дорад, танҳо худаш кор мекунад. Ба харидани туҳфаи гаронбаҳо маблағаш намерасад. Ӯ дили нохоҳам мақсадашро баён намуд:
– Ҷамъ кардани ин миқдор маблағ чӣ лозим?
Муаллима, ки то ҳол хушҳол буд, якбора авзоаш ҷиддӣ шуд ва аз дил гузаронд: «Як магас як дег ошро вайрон мекунад!»
– Апаи Холида, мебахшед, ин пулро ба ман не, барои фарзандатон медиҳед, – бо зарда гуфт ӯ.        
Аҳли маҷлис Мавҷударо дастгирӣ карда, ба суханҳои апаи Холида аҳамият надоданд.
Ҳамин тариқ, Шарифа рӯйхати хонандагони аълохонро тартиб дод. Ба сафи аълохонҳо Собирҷонро ҳам дохил карданӣ буд, аммо норозигии модарашро ба ёд оварда, аз навиштани номи ӯ даст кашид.  
Соли нав торафт наздик мешуд. Хонандагон арчаро бо бозичаҳои гуногун оро медоданд.
Шарифа баъди дарс хонандагонро нигоҳ дошта, ба тартиб додани барномаи идона шурӯъ кард. Яке бо шеър, дигаре бо суруд, сеюмӣ бо рақс ва намоишҳои саҳнавӣ бояд баромад мекард. Собирҷон низ шеър азёд карда, барои иштирок дар намоиши саҳнавӣ тайёрӣ медид.
***
Иди Соли нав фаро расид. Духтарон либоси Маликаи барфиро ба бар карда буданд. Писаракон куртаи сафед, шими сиёҳ пӯшида, гарданбанди шабпаракнусха баста буданд. Ҳама бо чеҳраи хандон арчаро ҳалқавор печонданд. Модари Собирҷон куртаю шими ҳаррӯзаи писарчаашро шуста дарзмол карда буд. Ӯ ба либосҳои нав ва оҳораш нашикастаи ҳамсолонаш ҳавас мекард ва дарун-дарун печутоб мехӯрд. «Агар падарам ҳаёт мебуд, ба ман низ либоси нав мехарид», аз дил гузаронд ӯ. Вале озурдагии худро ба дигарон ошкор накарда, ба хандаю бозии ҳамсинфон ҳамроҳ шуд.
Ҷашни солинавӣ оғоз ёфт, бачаҳо барномаи идонаи худро ба ҳозирон намоиш доданд. Падару модарон, иштирокдорон онҳоро бо кафкӯбиҳо дастгирӣ намуданд. Дар поёни ҷашн Шарифа ҷамъомадагонро бо Соли нав табрик гуфта, ба хонандагони аълохон супурдани ифтихорнома ва туҳфаҳои солинавиро шурӯъ намуд. Вақте ӯ номи ҳар як хонандаро ба забон мегирифт, онҳо шодон рафта туҳфаҳои худро аз дасти муаллима мегирифтанд.
Собирҷон низ ба хурсандии ҳамсолон ҳамроҳ мешуд ва дилаш пур буд, ки муаллима номи ӯро низ ба забон мегирад. Охир ӯ яке аз хонандагони аълохон буд, ҳатто якто ҳам баҳои «4» надошт.
«Ифтихорномаро дар чаҳорчӯба ба девор овехта мемонам, ҳама бинаду ҳавас кунад»,– аз дил гузаронд ӯ.
Инак, дар дасти муаллима ихтихорномаи охирин, Собирҷонро торафт ҳаяҷон зер мекард. Наход ӯро фаромӯш карда бошанд?
Ниҳоят номи ӯро гирифта ҷеғ зад: «Собирҷон Назаров, барои хулқи намунавӣ ва баҳоҳои аъло бо ифтихорнома мукофотонида мешавад!». Собирҷон бо хурсандӣ ба саҳна баромад, муаллима дасти ӯро фишурду ба ӯ танҳо ифтихорномаро супурд. Собирҷон дар дасти ҳамсинфон халтачаҳоеро, ки дар онҳо шириниҳо буданд, дида дилаш фишор хӯрд, дасту по гум кард ва ба муаллимааш саволомез нигоҳ кард.
– Ҳа, Собирҷон, чаро шах шудӣ? Рав дар ҷоят шин! – амр дод Шарифа.
– Устод, ба ман туҳфа намедиҳед? – бо содагии ба бачаҳо хос пурсид Собирҷон.
Муаллима худдорӣ накарда фарёд зад:
– Агар модарат туро дӯст медошт, ба туҳфа пул медод. Касе, ки пул додааст, ба ҳамонҳо туҳфа дода шуд. Аз қатор намонӣ гуфта, ифтихорнома додем, ба ҳаминаш ҳам шукр гӯй.  
Чашмони Собирҷон пури об шуданд.
– Модарам маро дӯст медорад, ин тавр нагӯед. Танҳо худаш кор мекунад, маошаш ба рӯзгорамон намерасад... Ба ман ифтихорнома ҳам лозим нест... Мана, гиред! – Собирҷон ҳиқ-ҳиқкунон коғазро ба муаллимааш дароз карда, тозон аз синф баромад.
Аз он ки садои мусиқӣ баланд буд, бисёриҳо ин лаҳзаро ҳис накарданд. Шарифа аз ин ҳаракати хонандааш хиҷил шуд. Вале «модараш ғами бачаашро нахӯрд, ба ман чӣ?» гуфту ба рақсу бозии бачаҳо ҳамроҳ шуд. 
***
Солҳо гузаштанд. Бо мурури вақт воқеаҳои бачагӣ, солҳои мактабхонӣ ҳам хира-хира дар ёд монданд. Шарифа низ куҳансол шуд, ба нафақа баромад. Духтар баровард, арӯс фаровард, момои меҳрубони наберагон шуд. Хотираш аз ҳамаи фарзандонаш ҷамъ буд, аммо духтари хурдиаш Нозанинро бисёр фикр мекард. Нозанин ҷавонеро дӯст дошт ва ҳар ду издивоҷ карданд, «дар ангуштарӣ — нигин» гуфтагӣ барин, муносиби якдигар буданд. Вақте соҳиби ду фарзанд шуданд, домодаш ба садама дучор шуда, аз олам чашм пӯшид. Нозанини ҷавон бева монд. Фарзандонашро ба воя расонд. Писараш мактабро хатм намуда, дар асоси шартнома ба донишкада дохил шуд. Нозанин аз дохил шудани фарзандаш шод буд, вале фикри пардохти пули шартнома ӯро ором намегузошт. Аз бародаронаш кӯмак хостанӣ шуд, аммо онҳо низ чархи рӯзгорашонро базӯр меғелонданд. 
Рӯзе Нозанин бо ҳамин фикру хаёл дар коргоҳаш нишаста буд, ки ба наздаш роҳбари корхона Собирҷон Назаров даромад.
– Апаи Нозанин, хуб ҳастед? Саломатиатон чӣ хел? Шумо рӯзҳои охир хомӯшу серташвиш менамоед. Тинҷӣ? – ҳолпурсӣ кард Собирҷон.
Нозанини аз фикру хаёли бисёр, кору бори зиндагӣ хасташуда дилашро ба роҳбар холӣ кард.
– Ҳамааш ҳамин? Асло фикр накунед, пули шартномаро худам мепардозам. Маро низ модарам танҳо худаш ба воя расонд, хононд, оиладор кард. Ҳангоми таҳсил дар донишкада ба тангиҳо дучор омадам. Ният карда будам, ки баъди хатми донишкада агар кори муносиберо ёбам, то имкон ҳаст ба муҳтоҷон кӯмак мерасонам...
Нозанин аз пайдо шудани чунин шахси саховатпеша сараш ба осмон расид. Ба хона рафта воқеаро бо хушнудӣ ба модараш нақл кард. Апаи Шарифа суханҳои духтарашро гӯш кард ва хост дертар бошад ҳам ба роҳбари Нозанин арзи сипос намояд.
Рӯзе ӯ ба коргоҳи духтараш рафт. Ӯро худи роҳбар гарм пешвоз гирифт. Собирҷон муаллимаашро шинохт. Апаи Шарифа Собирҷонро дида шах шуда монд. Ҳамон рӯзи иди Соли нав, сари хами Собирҷон ва чашмони ашкбори ӯро ба ёд оварда аз шарм дар дил гуфт: «Кош ҳозир замин мекафиду ба қаъри он медаромадам».

Саодат РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: