ҶОНИБЕКИ КӮҲСОН СОЛОРУ ДАРЁДИЛ

Хонанда ғазал, рубоӣ, шеърҳои шодравон Ҷонибеки Қувноқро тавассути маҷмӯаҳои шеъриаш бо номҳои “Зангӯла”, “Чароғи сухан”, “Қарз”, “Ифтихор”, “Арзи дил”, “Розҳо”, “Саховат” мехонад ва он шеърҳоро, ки ӯро ба ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, миллатшиносӣ ва ҳуввияти милливу худшиносӣ роҳнамун месозанд, дӯст медорад.

Хуш бувад, гар монад аз кас номи хуш,
Номи хуш бо номбардори баҳуш. 
Ҳар кӣ хонад панд бар фарзандҳош,
Худ хамӯшу ҳарфи ӯ ояд ба гӯш.
Тухми ғамро бо хушӣ гар кам кунад,
Бишкуфад дар чеҳраҳо гулҳои рӯш...
Хонанда ғазал, рубоӣ, шеърҳои шодравон Ҷонибеки Қувноқро тавассути маҷмӯаҳои шеъриаш бо номҳои “Зангӯла”, “Чароғи сухан”, “Қарз”, “Ифтихор”, “Арзи дил”, “Розҳо”, “Саховат” мехонад  ва он шеърҳоро, ки ӯро ба ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, миллатшиносӣ ва ҳуввияти милливу худшиносӣ роҳнамун месозанд, дӯст медорад.
Ҳар сол моҳи ноябр дар байни аҳли адаб ва фарҳанги Ӯзбекистону Тоҷикистон бахшида ба зодрӯзи шоири хушбаён, шоҳпули байни тоҷикону ӯзбекон, инсони нексиришту дилёб Ҷонибеки Қувноқ баргузор намудани шабнишиниҳои ада-бию фарҳангӣ, суҳбату гирдиҳамоиҳои дӯстона ба анъана даромадааст.
Бо ташаббуси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ чорабинии маданӣ-маърифатӣ бахшида ба 80-умин солгарди шоир баргузор шуд. 
Дар чорабинӣ раиси кумита Рустам Қурбонов, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раисони марказҳои миллӣ-фарҳангии вилоятҳои Фарғона, Намангон, Сурхондарё, Қашқадарё, Самарқанд, Сирдарё, Ҷиззах ва Тошканд, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ, муаллимон ва хонандагони мактаби рақами 43-юми ноҳияи Бӯка ва мактаби рақами 34-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё, фарзандону набераҳои шоир ва дигар ҳаводорони каломи бадеъ иштирок карданд.
– Бо ташаббуси роҳбарони дурандешу хирадманди ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон муносибати ду халқи бародар, арзиш ва урфу одатҳояшон муштарак аз нав барқарор гардид, ки ин бешак, идомаи дӯстӣ ва ҳамфикрии бузургони хирад – Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад, – гуфт дар баромади худ Рустам Қурбонов.
– Аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ барои миллату халқиятҳои мухталифи Ӯзбекистон, озоду обод ҳаёт ба сар бурдани онҳо, баргузор намудани чорабиниҳои адабӣ, маърифативу фарҳангӣ, намоиши урфу одат, либос, таомҳои миллӣ ва дигар арзишҳояшон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҷонибек Қувноқ аз шоирони зуллисонайн ва тарҷумони моҳир ба шумор мерафт. Асарҳои чанде аз шоирону нависандагони ӯзбекро ба тоҷикӣ, осори адибони тоҷикро ба ӯзбекӣ баргардондааст.  
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷа-мъомадагонро бо ин шабнишинии адабию фарҳангӣ табрик гуфта, таъкид намуд, ки сафорат  омодааст ба ҳамзабонони ӯзбекистонӣ барои таҳсил, мактабу маориф, санъату маданият  дасти кӯмак дароз кунад. Инчунин ӯ ба Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ ва китобҳои бадеии тоҷикиро туҳфа намуд. 
Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ Гуландом Субҳонова ҳозиронро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки барои гузарондани чунин чорабиниҳо марказ ба кӯмаки ҷонсӯзони миллат, зиёиён, соҳибкорон ва саховатпешагон ниёз дорад. 
Дар чорабинӣ раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарипов, муҳаррири бахши адабиёт ва санъати “Овози тоҷик” Абдулло Субҳон, шоир Асадуллоҳ Исмоилзода, шоир Масъуд Мирзо аз рӯйи мавзӯъҳои “Эътирофи шогирдон”, “Ҷонибеки Қувноқ – шоҳпули маънавии байни тоҷику ӯзбек”, “Ҷойгоҳи мероси адабии Ҷонибеки Қувноқ дар рушди адабиёти тоҷику ӯзбек” сухан ба миёи оварданд. Донишҷӯён ва хонандагони мактабҳо аз шеъру ғазалҳои шоир қироат намуданд. Баромади дастаҳои ҳунарӣ ба гирдиҳамомадагон як олам завқ бахшид. 

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
 “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: