Ҳайати Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Душанбе ширкат хоҳад кард

12-13 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҳайати кишвари мо бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунад.

Дар чорабинӣ табодули афкор роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар формати ИДМ, баррасии рафти иҷрои барномаҳои муштарак, инчунин лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ба баррасии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод пешниҳод шудаанд, пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби сафари худ дар Душанбе ҳайати Ӯзбекистон дар нишасти навбатии раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат ва як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: