САРЗАМИНИ САРГУЗАШТАМ, САРНАВИШТАМРО ВАТАН!

Дар арафаи Рӯзи сайиди истиқлол, яъне субҳи 30 августи соли равон як гурӯҳи калони эҷодкорон – шоиру нависандагон, журналистон, арбобони соҳаҳои илму фарҳанг ва умуман кормандони ҷабҳаҳои илму адабиёту матбуоти ҷумҳурӣ, ки баъзеи онҳо ба истиқболи ҷашни истиқлол бо унвону ҷоиза ва ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шудаанду дар пойтахти кишвар кору зиндагӣ мекунанд, бо сарварии раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, Шоири халқии Ӯзбекистон, узви Сенати Олий Маҷлис Сироҷиддин Саййид ва роҳбалади

Ҳоли ҳозир, ҳангоме ки иқтидори азими халқи мо куллан татбиқ мегардад, дар Ӯзбекистон пойдевори даврони нави Барқароршавӣ – Эҳёи сеюм гузошта мешавад. Зеро Ӯзбекистони кунунӣ ин Ӯзбекистони дирӯза нест, халқи мо бошад, ҳоло он халқе нест, ки дирӯз буд...
Шавкат МИРЗИЁЕВ
Дар арафаи Рӯзи сайиди истиқлол, яъне субҳи 30 августи соли равон як гурӯҳи калони эҷодкорон – шоиру нависандагон, журналистон, арбобони соҳаҳои илму фарҳанг ва умуман кормандони ҷабҳаҳои илму адабиёту матбуоти ҷумҳурӣ, ки баъзеи онҳо ба истиқболи ҷашни истиқлол бо унвону ҷоиза ва ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шудаанду дар пойтахти кишвар кору зиндагӣ мекунанд, бо сарварии раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, Шоири халқии Ӯзбекистон, узви Сенати Олий Маҷлис Сироҷиддин Саййид ва роҳбаладии муовини раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ӯзбекистон темир йӯллари», директори корхонаи муттаҳиди метрополитени Тошканд Ойбек Худойқулов ба тамошои сохтмон ва бунёдкориҳое баромаданд, ки дар шаҳри Тошканд бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон сохта ба истифода супурда шудаанд.

Тавре ки зикр шуд, дар байни сафариён роҳбарон ва ходимони идораҳои бонуфузи фарҳангии мамлакат, шоиру нависандагони маъруфу номвар, олимон, сармуҳаррир ва кормандони соҳибтаҷрибаи рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион, ходимони маданияту маърифат буданд.
Маълум аст, ки рӯзе пештар аз ин сафар Президенти муҳтарам Ш.Мирзиёев аз чандин иншоот, корхона, хонаву манзил ва роҳу хиёбонҳое, ки дар рӯзи таҷлили ҷашни истиқлолият бояд ба истифода супурда мешуданд, боздид ба амал оварда буд. Бинобар ҳамин ҳам ин саёҳати аҳли илму фарҳангу адаб «Бо роҳи сафари Президент» унвон гирифт.
Саёҳати гурӯҳ аз тамошои он иншооту корхона ва ҷову манзилҳо оғоз ёфт. Нахуст ба сафариён ду истгоҳи нави хатсайри «Юнусобод»-и метрополитени Тошканд – «Юнусобод» ва «Туркистон» намоиш дода шуд. То имрӯз дар ин хатсайр шаш истгоҳ – «Минг ӯрик», «Юнус Раҷабӣ», «Абдулло Қодирӣ», «Минор», «Бодомзор» ва «Шаҳристон» амал мекарданд ва сохтмони он муддати мадид, наздики бист сол бозистода буд. Мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 7 ноябри соли 2016 ва бо ташаббуси Президент бунёди давраи дуюми ин хатсайр дар фосилаи кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом ёфт.
Ҳар ду истгоҳ, бахусус ороишоти онҳоро метавон намунаи хуби асари санъат номид. Дар ду самти роҳи истгоҳи «Юнусобод» дар ҳар кадом сетоӣ – ҷамъ шаш мониторинги бузург гузошта шудаанд, ки маълумот ва навгониҳои охирини вобаста ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиву фарҳангии мамлакатро мунтазам пешкаши роҳиён мекунанд. Умуман, фикр мекунам, он дар радифи истгоҳҳои зеботарини метрополитени пойтахт қарор хоҳад дошт.
Баъд аз тамошои «Юнусобод» мо бо қатораи зебои сохти Русия, ки аз поездҳои дигар бо бисёр ҷиҳатҳои мусбати худ, аз ҷумла бо доштани бодбезаку аз ҳам ҷудо набудани вагонҳо, инчунин бо ҳусни зоҳириву дохилиаш бартарӣ дорад, нишаста ба истгоҳи «Туркистон» рафтем.
Он низ бағоят зебо буд ва ба таъбири ҳамсафари мо, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ сӯзи», Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Шуҳрат Ҷабборов ғояи хеле муассиру диданиро дар худ таҷассум кардааст.
Сухан аз он хусус меравад, ки дар девораҳои ду самти роҳи қатора – дар як самт танҳо нақшу тасвири ёдгориҳои қадимиву бостонии сарзамини Ӯзбекистони кунунӣ, аз ҷумла майдони Регистони Самарқанд, Манори калони Бухоро, Ҳазрати Имоми Тошканд, ёдгориҳое, ки дар шаҳрҳои Хиваву Қуқанд мавҷуданд ва дар самти дигар сурати иншооту ёдгориҳои куҳану дерини кишварҳои дигари минтақа, яъне Қазоқистон – мақбараи Хоҷа Аҳмад Яссавӣ, Қирғизистон – Сулаймонтоғ, Тоҷикистон – Саразми куҳан ва Туркманистон – Кӯҳна Урганҷ гузошта шудаанд, ки ба истгоҳ мазмуну муҳтаво ва шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшанд. Бояд гуфт, ки аз тариқи ин ду истгоҳ рӯзе 7,5 ҳазор мусофирон мегузаранд. Ин лоиҳа 68,5 миллиард сӯм арзиш дошта, то имрӯз корҳо ба маблағи 58,5 миллиард сӯм иҷро шудаанд.
Сипас роҳбаладҳо ба аҳли эҷод ва илму матбуот роҳу биноҳоеро, ки дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Юнусободи пойтахт сохта шудаанд, муаррифӣ карданд. Бояд таъкид кард, ки дар ин бобат корҳои назаррасе иҷро шудаанд.
Нависандаи ин сатрҳо муддате дар ин мавзеъ зиста буд ва ҳолати он давраи онро хуб медонад. Ҳоло вай ба тарзи шинохтанашаванда тағйир ёфтааст.
Роҳҳо васеъ, ҳамвор ва хеле хуб мумфарш шудаанд. Кӯчае, ки замоне бараш аз 10-12 метр беш набуд, ҳоло то ба 92 метр васеъ карда шудааст. Дар натиҷа воситаҳои нақлиёт бо роҳ, балки шоҳроҳи 6 самта ҳаракат мекунанд. Аз ин роҳ рӯзе 60 ҳазор адад нақлиёт равуо карда метавонад. Бинобар он тирбандӣ дар шоҳроҳи Амир Темур ва кӯчаи Боғишамол хеле коҳиш меёбад...
Баъдан сафариён ба автобусҳои махсус нишаста, ба тамошои метрои рӯизаминӣ, саристгоҳи он – «Дӯстлик-2» омаданд. «Дӯстлик-2» ба  он маънист, ки истгоҳи «Дӯстлик» – собиқ «Чкалов»-и метрои зеризаминӣ ҳам дар ҳамин ҷост. Ҳамагон дар ҳамин ҷо ба қатора нишаста, то Қуйлиқ рафтанд, ки аз 7 истгоҳ иборат буда, 11 километр масофа дорад.
Роҳбаладон изҳор доштанд, ки метрои рӯизаминӣ аз 35 истгоҳ таркиб ёфта, то имрӯз, тавре ки зикр шуд, аллакай 7 истгоҳи он ба кор даромадааст, яъне қатораҳо алҳол бинобар онҳо мунтазам ҳаракат мекунанд...
«Технопарк» – боз як муъҷизае, ки роҳиён ба дидани он имкон пайдо карданд, чунин ном дорад. Вай дар ҳудуди 101,4 гектар ташкил шудааст, ки 50 гектараш майдони истеҳсолӣ мебошад. Дар ин ҷо 17 лоиҳаи арзиши умумиашон 362,7 миллион доллар татбиқ мегарданд. Худи ҳамин қимат бозгӯйи шаҳомату бузургии ин муъҷиза аст. Дар «Технопарк» тарроҳиҳои филизӣ, фурнитура ва ҷузъҳо барои дару тирезаҳо, ҳисобкунакҳои электронӣ, радиаторҳои гармкунӣ, шакл ва қолибҳо, техника барои ошхона, бодбезакҳои маишӣ, мошинҳои ҷомашӯӣ, воситаҳои саноатии обгармкунӣ, сардкунак ва яхдонҳо, лифт ва эскалаторҳо, насосҳои обкаш ва ғайра мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд.
Пешбинӣ шудааст, ки 60 фоизи маҳсулот ба содирот, аз ҷумла ба Русия, Украина, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон бароварда шаванд...
Шоҳроҳи Фарғона то ба қарибӣ аҳволи начандон хуб дошт, яъне бинобар афзудани миқдори аҳолӣ, бахусус зиёд шудани шумораи мошину автомобилҳои давлативу шахсӣ ба талаботи давр ҷавоб дода наметавонист. Вазъият дигаргуниҳои куллиро тақозо мекард. Ва ҳоло ин муқтазо амалан иҷро мегардад. Сафариён бо чашмони худ диданд ва мушоҳида карданд, ки дар шоҳроҳ воқеан шоҳкориҳо татбиқ мешаванд.
Мувофиқи лоиҳа, ки арзиши он 118,9 миллиард сӯм буда, то имрӯз фақат 17,7 миллиардаш аз худ шудааст, роҳи мазкур хиёбони 8 самта мегардад. Дар он бунёди кӯчароҳи пиёдагардону велосипедронон дар назар дошта шудаанд, ки бари ҳар кадом 1,5-2 метрӣ мебошад. Ба сохтмони шоҳроҳ 1360 нафар коргар ва 420 адад техника ва мошину механизмҳо ҷалб гардидаанд. Супоришгари он Ширкати инженирингии «Хидмати ягона»-и назди ҳокимияти шаҳри Тошканд, сарлоиҳагараш Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Allegro Develop Plast» ва сарпудратчӣ Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Crahd Poad Tashkent» мебошанд...
Мавзеи дигаре, ки сафариён муваффақ шуданд аз он боздид ба амал оваранд, Маҷмӯи истиқоматии бисёрошёнае буд, ки майдони умумиаш 23,4 гектар аст. Арзиши ин лоиҳа, ки таҳти сарварии сарпудратчӣ – Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Yangi Zamon Bino» бунёд меёбад, 1 триллиону 193 миллиард сӯм мебошад.
Дар ин ҷо 22 хонаи бисёрошёнаи дорои 3236 ҳуҷра сохта мешавад. Бояд гуфт, ки арзиши он нисбати тарҳ ва ҳусни зоҳириву дохилиаш чандон гарон нест, яъне 1 метри мураббааш 8,3 миллион сӯм баҳо дорад. Сохтмон 20 моҳ давом мекунад ва бояд моҳи декабри соли 2021 ба истифода супурда шавад. Бартарии ин манзилҳои зист он аст, ки дар сохтмони ин биноҳо аз тарроҳиҳои навини бинокорӣ истифода бурда мешавад, ба заминларзаи то 9 хол тоқатовар аст, дар гармову сармо ҳарорати якхеларо таъмин мекунад, аз тариқи сохтори видеоӣ муоина мегардад, он ба соҳибони худ дар ҳолати комилан тайёр супурда хоҳад шуд. Дар атрофи маҷмӯъ дуконҳо, қаҳвахонаву тарабхона, майдонҳои варзишӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ, амфитеатр, майдончаҳо барои бозии бачагон, марказҳои дилхушкунӣ, савдо, кӯдакистон, мактаб ва ғайра низ сохта мешаванд...
Оре, истиқлол симову намои шаҳру ноҳия ва деҳаву деҳкадаҳои моро куллан тағйир дода, онҳоро ба таври ҳайратовар зебову назаррабо кард. Вале дастоварди бузургу беназири он, бидуни шубҳа, куллан тағйир ёфтани нуқтаи назар ва ҷаҳонбинии сокинони вай, мардуми кишвар мебошад.
Тавре ки Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш ба муносибати 29-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон иброз дошт: «Ҳоли ҳозир, ҳангоме ки иқтидори азими халқи мо куллан татбиқ мегардад, дар Ӯзбекистон пойдевори даврони нави Барқароршавӣ – Эҳёи Сеюм гузошта мешавад. Зеро Ӯзбекистони кунунӣ ин Ӯзбекистони дирӯза нест, халқи мо бошад, ҳоло он халқе нест, ки дирӯз буд...
...Алҳол дар кишвари мо, ки ба майдони бузурги сохтмон табдил ёфтааст, бисёр корхонаҳои нав, манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, иншооти инфрасохтор, муассисаҳои илм, таълиму тарбия, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш бунёд меёбанд...»
Ин муваффақиятҳо ва комёбиҳову дастовардҳои бузургу арҷманди минбаъда ба халқи қодиру қобил, ба мардуми заҳматкашу заҳматписанд ва ватандӯсту ватандори мо муборак бод, чунин буд хулосаи аҳли сафар аз саёҳати якрӯза ба мавзеъҳои назари Президенти мамлакат расида...
Камина дар як шеъри худ, ки ҳанӯз 25 сол муқаддам эҷод шуда буду дар ин навишта як сатри он сарлавҳа қарор гирифт, гуфта будам:

Ҳеҷ шак бар ин сухан нест,
Тифли инсон беватан 
нест.
Баҳри ҳамчун ман 
ҳабибат 
Ҳубби ту панд аст, 
фан нест.

Ӯзбекистон, Ӯзбекистон, 
ҳафт пуштамро Ватан,
Сарзамини саргузаштам, 
сарнавиштамро Ватан!

Т.ТӮХТАЕВ (ПАЙМОН), узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: