БА МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ РАВОБИТИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ЭЪТИБОР ДОДА ШУД

Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбоева сафири нави Фавқулода ва Мухтори Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар кишвари мо Ҷонатан Хеникро қабул кард.

Раиси Сенат сафирро ба муносибати таъйин шуданаш ба вазифаи масъулиятнок самимона табрик гуфт.
Дар рафти мулоқот ба ҳолати кунунӣ ва пешомади ҳамкории Ӯзбекистон ва ИМА, аз он ҷумла масъалаҳои густариши равобити парлумонии  Ӯзбекистон ва ИМА эътибор дода шуд.
Т. Норбоева таъкид кард, ки равобити байнипарлумонӣ бояд ба яке аз механизмҳои муҳими таҳкими минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии кишварҳои мо табдил ёбад. Вай таъкид кард, ки марҳилаи кунунии шарикии стратегӣ бояд ҳамкориҳои зичи байнипарлумониро инъикос намояд. Таъмини муколамаи пайваста, ки ҳамкориҳоро ба сатҳи баландтар мебардорад, аҳамияти муҳим дорад.
Зимни суҳбат нақш ва самаранокии фаъолияти гурӯҳи дӯстии «Кокус оид ба Ӯзбекистон», ки дар Палатаи намояндагони Конгресси ИМА таъсис ёфтааст, дар самти густариши робитаҳои парлумонҳои ду кишвар қайд гардид.
Дар навбати худ сафир Ҷонатан Хеник барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки ӯ 26 сол пеш дар Ӯзбекистон буд ва шоҳиди дигаргуниҳои бузурги мусбате мебошад, ки аз он замон то имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҷомеа ба амал омадаанд. Аз ҷумла, сафир ба натиҷаҳои дар Ӯзбекистон бобати масъалаҳои таъмини ҳуқуқи инсон, муносибатҳои меҳнатӣ, баробарии гендерӣ бадастомада баҳои баланд дода,  алоҳида таъкид намуд, ки  таҷрибаи Ӯзбекистонро оид ба барҳам додани меҳнати бачаҳо ва меҳнати иҷборӣ метавон ба тамоми ҷаҳон ҳамчун намуна нишон дод, онро бояд  кишварҳои дигар омӯзанд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки рушди фаъоли равобити тиҷоративу иқтисодӣ, анҷоми сафарҳои мутақобилаи намояндагони бахшҳои мухталифи Ӯзбекистону Амрико ҷиҳати фаъол гардонидани ин раванд ба сифатан густариш додани муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад.
Зимни мулоқот доир ба рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию башардӯстона, аз он ҷумла, густариши фаъолияти соҳибкории занон, таҳкими нақши занон дар ҷомеа, таъмини баробарии гендерӣ табодули афкор сурат гирифт.

Норгул АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: