САҲМГУЗОРОНИ «МАКОНИ САБЗ»

Дар асоси тадбири «Макони сабз» танҳо дар муддати ду моҳи охир дар вилояти Самарқанд беш аз 5 миллион бех ниҳоли мевадор ва манзаравӣ, гулбуттаҳои бисёрсола шинонда шудааст.

Дар ин кори хайру савоб ҷамоати аҳлу тифоқ ва байналмилали шуъбаи вилоятии пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии таҷрибавии боғпарварӣ, токпарварӣ ва машруботпазии ба номи Маҳмуд Мирзоев (собиқ академик Рихард Шредер), ки воқеъ дар ноҳияи Самарқанд аст, саҳми арзанда дорад.
Шуъба соли 1956 дар дашти «одам гардад пояш, парранда парад қаноташ сӯзад» ба ивази меҳнати пурмашаққат бунёд ёфтааст, ки ҳоло шаҳраки зебои дилнишин дораду ҳам боғу киштзори олиҷаноб.
Дар атрофи шаҳраки истиқоматӣ  қариб  600 гектар майдон буда, боғбони соҳибтаҷриба бо парвариши ниҳолҳои мевадор ва манзаравӣ, ток ва гулбуттаҳои бисёрсола машғул ҳастанд. Олимони самарқандӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони хориҷӣ навъҳои гуногуни маҳаллӣ, ки ба иқлиму шароити замин муносиб ва ба бемориҳо тобовар мебошанд, аз донак парвариш мекунанд.
Номзади илмҳои кишоварзӣ, пири боғдорӣ Ӯрмонбобо Мирзоҳидов  соли 1966 фаъолияти худро ҳамчун лаборант оғоз намуд ва имрӯз мудири шуъбаи боғдории пажӯҳишгоҳи мазкур аст
— Ҳоло дар тасарруфи шуъбаи мо қариб 300 гектар майдон буда, дар 175 гектар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ идома доранд, – иброз дошт Ӯрмонбобо Мирзоҳидов, –  танҳо соли гузашта ва имсол 12 намуди себ,  4 намуди шафтолу, 5 намуди олу ва ғайра бунёд кардем. Навъҳои «Азамат» ва «Фаризӣ»-и нок ба номи набераҳои ширини бибиҷон ва бобоҷон аст.
Аҷибаш он аст, ки додари ӯ номзади илмҳои кишоварзӣ Бахтиёр  Мирзоҳидов низ дар пажӯҳишгоҳи мазкур бо токпарварӣ машғул буда, вай ҳам муаллифи чандин патенти кашфиёти илмӣ-тадқиқотии таҷрибавии боғпарварӣ ва токпарварӣ мебошад.
«Маликаи кишмиш», «Мароқанд» ва ғайра дар ҳамин ҷо бунёд ёфтааст ва ба фермерҳо ирсол шудаанд.
Чанде пеш дар ҳамкории нозирони назорати маҷмӯаи агросаноати назди Девони Вазирон ва шуъбаи вилоятии он ба пажӯҳишгоҳи мазкур пресс-тур ташкил ёфт ва вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ бо корҳои муфиди олимону мутахассисони соҳаҳои асосии боғдорӣ ва ангурпарварӣ аз наздик ошно гардиданд.
– Мо аз рӯзҳои офтобӣ истифода бурда, донаҳои дарахтони мевадор ва манзаравиро дар асоси қоидаҳои агротехникаи парвариши онҳо ба замин кишт мекунем, – гуфт директори ташкилот Тӯлқин  Исломов, – танҳо соли равон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд беш аз 400 ҳазор бех ниҳоли мевадор ва манзаравӣ, 750 ҳазор қаламчаи ток ва 200 ҳазор гулбуттаи бисёрсола ирсол намуда, инчунин барои оилаҳои камбизоат ва мӯҳтоҷ 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафканро ҳадя кардем.
Имрӯзҳо барои соли оянда бештар парвариш кардани ниҳолҳо ҷидду ҷаҳд дорем. Зеро нияти неки мо ба мардуми Самарқанд ва фермерҳо 172 ҳазор бех ниҳоли мевадор ва 234 ҳазор дона қаламчаи ток ирсол кардан аст. 
Дар толори маҷлисгоҳи пажӯҳишгоҳ бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи боғу токпарварӣ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: