Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бинобар рӯзномаи муҳими дуҷониба мубодилаи афкор намуданд

24 июл суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Дар оғози сӯҳбат раҳбари Тоҷикистон Сарвари давлатамонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, аз самими қалб сулҳу субот, шукуфоӣ ва муваффақиятҳои бузург орзу кард.

Оид ба рӯзномаи кунунии дуҷониба, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Аҳамияти татбиқи саривақтии амалии “харитаи роҳ” оид ба  иҷрои тавофуқҳое, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба кишвари мо рӯзҳои 2-3 июни соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, таъкид шуд. Ба тезонидани лоиҳаҳои ҳамкорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Масъалаҳои омодагӣ ба ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар моҳи сентябри соли равон дар Самарқанд баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: