ШАҲРАК ДАР ШАҲР

Ҳоло аҳолии шаҳри Самарқанд аз 600 ҳазор нафар афзуд.

Ҳоло аҳолии шаҳри Самарқанд аз 600 ҳазор нафар афзуд. Худ аз худ маълум мегардад, ки эҳтиёҷи аҳолӣ ба хонаву ҷой низ зиёд мегардад.
Салоҳият ва инфрасохтори шаҳр ба эҳтиёҷоти мавҷуда ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, васеъ намудани шаҳр аз ҳисоби ноҳияҳои Пастдарғам, Нуробод, Самарқанд, сохтани маҳаллаҳои нав ва шаҳракҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар мавзеи Қарасуви шаҳр шаҳраке бунёд мегардад. Ҳоло дар ин маскан, биноҳои бисёрошёнаи замонавӣ, объектҳои соҳаи иҷтимоӣ сохта мешаванд. Ҳудуди номбурда солҳои наздик ба шаҳраке табдил меёбад, ки дар он ба зистани 1 миллион нафар аҳолӣ шароит фароҳам мегардад.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба мавзеи Қарасув ташриф оварда, бо як гурӯҳ соҳибкорон вохӯрд. Ӯ ба муносибати васеъ шудани ҳудуди шаҳр ба соҳибкорон оид ба бунёди бино ва иншоотҳо маълумот дода, пешниҳодҳои худро баён кард. Инчунин, бо хоҳиши соҳибкорон масъалаи ҷудо намудани қитъаҳои замин аз ноҳияҳои ҳамсояи мавзеъ низ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва бо хонаву ҷой таъмин кардани онҳо аз масъалаҳои муҳим ба шумор мераванд, ки дар сатҳи сиёсати давлат қарор доранд.
Инчунин, ҳокими вилоят бо лоиҳаҳои хонаҳои бисёрошёнае, ки дар асоси лоиҳаи нави шаҳрсозӣ барпо мегарданд, шинос шуд ва барои беҳтар намудани он маслиҳатҳои муфид дод.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: