Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нишасти сарони «Осиёи Марказӣ – Чин»

Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Бори дигар аз дидани шумо самимона шодам.

Мехоҳам ба ҳамкасбони худ дар изҳори сипос ба ҷаноби Раис Си Сзинпин барои ташаббуси баргузории нахустин мулоқоти рӯ ба рӯ дар формати «Осиёи Марказӣ – Чин» ва барои истиқболи гарму самимии анъанавӣ ҳамроҳ шавам.

Шуморо ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва дубора ба вазифаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб шуданатон самимона табрик мегӯям.

Ман инчунин мехоҳам ба Раиси Ҷумҳурии Чин барои ташкили ин мулоқот дар Сиан, яке аз қадимтарин шаҳрҳои ҷаҳон ва пойтахти империяҳои бузурги Чин изҳори сипос кунам.

Он як маркази бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ буда, дар тӯли асрҳо ҳамчун нуқтаи ибтидоии Роҳи бузурги абрешим — роҳи корвонӣ хидмат мекард, ки омили муҳими рушди тамаддун, пайвастагӣ ва пешрафт дар тамоми қитъаи Авруосиё гардидааст.

Ва ман шодам, ки дар соли ҷашни 10-солагии ташаббуси «Як камарбанд ва як роҳ» маҳз дар ҳамин ҷо, дар Чанъан, ки дар Шарқ машҳур аст, мо ин анъанаҳои некро эҳё карда, барои шукуфоии умумии мамлакатҳои мо дар давраи нав таҳкурсии мустаҳкам мегузорем.

Муҳтарам иштирокчиёни ҷамъомад!

Имрӯз дар вазъияти мураккаби байналхалқӣ ҳамоиши мо аҳамияти махсус пайдо мекунад.

Кишварҳои мо, ки озмоишҳои пандемияро паси сар карда, ба оқибатҳои манфии бӯҳрони ҷаҳонии эътимод дучор шуданд. Норасоиҳои ҷиддӣ дар занҷирҳои устувори нақлиётӣ ва логистикӣ, ки махсусан барои Осиёи Марказӣ ҳассосанд, мушкилоти амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, хатарҳои ташаннуҷи иҷтимоӣ дар пасманзари афзоиши воридоти инфлятсия ва мушкилоти дигар аз мо тақозо мекунанд, ки боз ҳам зичтар ҳамоҳанг шуда, ҳамкориҳои амалиро густариш диҳем.

Суханрониҳои пурмазмуни ҳамкасбонам, муносибати қатъии онҳо ба ҳамкорӣ аз дигаргуниҳои куллӣ дар минтақа шаҳодат медиҳанд.

Имрӯз ин аллакай Осиёи Марказии дигар аст, он ҳамҷиҳат ва тавоно буда, барои муколама ва шарикии ҳамаҷониба боз аст.

Соли гузашта мо якҷоя 30-солагии равобити дипломатии кишварҳои минтақа ва Чинро ҷашн гирифтем. Мо ба ҳамкории «комил» дар асоси боварӣ, эҳтиром ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ноил гардидем. Ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузорӣ садҳо маротиба афзуд, мо мисолҳои муваффақи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубодилаи башардӯстона дорем.

Ҳаминро алоҳида таъкид карданиам: мамлакатҳои мо дӯстони ҳақиқии аз санҷиши замони «паси ағбаи Янгуан»-и Чин гузашта мебошанд.

Муҳтарам иштирокчиёни ҳамоиш!

Мо рӯзномаи ҷамъомад ва нуқтаҳои асосии декларатсияи Сианро тарафдорӣ мекунем. Бовар дорам, ки ташаббусу пешниҳодҳое, ки имрӯз садо доданд, бешубҳа, амалӣ мегарданд.

Дар робита ба ин, ман дар бораи аҳамияти ташаккули механизмҳои самарабахши ҳамкорӣ оид ба самтҳои асосии ҳамкориҳои минтақавӣ изҳори назар мекунам. Сухан пеш аз ҳама дар бораи робитаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва гуманитарӣ меравад.

Дар баробари ин, чунин мешуморам, ки тартиб додани рӯзномаи дарозмуддат, нақшаҳои пешомаднок ва вазифаҳои ҳамкории гуногунҷанба барои даҳсолаҳои оянда мӯътақидан муҳим аст.

Ба фикрам, ба роҳандозии кори якҷояи марказҳои пешқадами «ақлӣ»-и мамлакатҳои мо диққати махсус додан лозим аст. Институтҳои таҳлилӣ, олимон ва мутахассисон бояд равишҳои стратегӣ, тавсияҳо ва роҳҳои ҳалли ҳамаҷониба, лоиҳаҳои «пешрафт»-и миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳия кунанд.

Мо омода ҳастем, ки платформаи мубоҳисавӣ фароҳам орем ва соли оянда дар Самарқанд аввалин Конфронси байналмилалии коршиносонро оид ба масъалаҳои пайвастани стратегияҳои рушди миллии худ гузаронем.

Ҳамкасбони азиз!

Мехостам дар бораи дидгоҳи мо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ алоҳида таваққуф намоям.

Пеш аз ҳама, ин ташаккули шароит барои рушди устувори кишварҳои мо ва умуман минтақа мебошад. Ва дар ин ҷо мо ба баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолӣ ва самарабахшии муборизаи зидди камбизоатӣ мақоми марказӣ медиҳем.

Истифодаи фаъолонаи таҷрибаи пешқадами Чин дар ҷараёни татбиқи барномаи дахлдори миллӣ имкон дод, ки танҳо дар як соли охир беш аз як миллион нафар шаҳрвандони мо аз гурӯҳи ниёзмандон хориҷ карда шаванд.

Дирӯз мо бо муҳтарам  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба аҳду паймон омадем, ки барои ноил шудан ба мақсади асосии Ташаббуси рушди ҷаҳонӣ ҳамкории якҷояро давом диҳем.

Боварӣ дорам, ки қабул ва татбиқи барномаи муштарак бо вазифаҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва рушди ҳудудҳо, пеш аз ҳама деҳот, аз ҷониби мардуми мо дастгирӣ ёфта, саҳми муштарак дар расидан ба Ҳадафҳои Рӯзномаи то соли 2030 мегардад.

Мо тарафдори ташаккули гуфтушуниди нави иқтисодӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи байни мамлакатҳоямон мебошем.

Мо то соли 2030 ду баробар зиёд кардани гардиши савдои кишварҳои минтақаро бо Чин, пеш аз ҳама, аз ҳисоби афзоиши мутаносиби интиқоли молҳои саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккули инфрасохтори муассири тиҷорату логистика ва шабакаҳои муосири яклухт ва тақсимот, ҷорӣ намудани системаи долонҳои «сабз» ва экспресс, ташкили платформаҳои умумии тиҷорати электронӣ комилан имконпазир мешуморем.

Мо дар кишварамон ҳамасола баргузор намудани намоишгоҳҳои содироту воридотӣ, форумҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, таъсиси Шӯрои соҳибкорони Осиёи Марказӣ ва Чинро муҳим арзёбӣ мекунем.

Мо пешниҳод менамоем, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва заминаи ҳуқуқии зарурӣ имкони қабули Созишномаи бисёрҷониба оид ба мусоидат ба савдои мутақобила ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ баррасӣ карда шавад.

Масъалаҳои амиқсозии кооператсияи саноатӣ, ҷалби технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани инноватсияҳо, бахусус дар соҳаи кишоварзиро тавассути робитаҳои мустақими байниминтақавӣ бо музофотҳои Чин самаранок ҳал кардан мумкин аст.

Пешниҳод мекунам, ки барои роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ, таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ ва шарикӣ имсол дар Ӯзбекистон Форум ва намоишгоҳи шаҳру минтақаҳои кишварамон баргузор карда шавад.

Рушди долонҳои бехатар ва кӯтоҳтарини нақлиётӣ, ки Чинро бо минтақаи мо мепайвандад, барои дастрасӣ ба Аврупо, Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Лоиҳаи афзалиятноки эҳёи Роҳи бузурги абрешим шоҳроҳи Транс-Авруосиё мебошад, ки ҷузъҳои муҳими он шоҳроҳи Чин–Қирғизистон–Ӯзбекистон ва роҳи оҳан хоҳанд буд. Якҷоя бо шарикони чиниву қирғизӣ мо аллакай ба марҳилаи кори амалӣ мегузарем.

Дар оянда татбиқи ин тарҳ ва бунёди долони Трансафғон имкон медиҳад, ки дар чаҳорчӯби ташаббуси «Як камарбанд ва як роҳ» Чин бо роҳҳои алтернативӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ пайваста шавад.

Мо инчунин таъмини ҳамгироии барномаҳои миллии рушди коммуникатсияи нақлиёт ва дар ин замина таҳияи Стратегияи ягонаи дарозмуддатро вазифаи аввалиндараҷа медонем.

Ман пешниҳод менамоям, ки ба масъалаи ҳамкорӣ оид ба рӯзномаи иқлим ва «энергетикаи сабз» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Мутаассифона, суръати рушди инфрасохтори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба суръати индустриализатсия ва урбанизатсия, инчунин рушди демографӣ баробар нест. Имрӯз ин воқеан барои рушди устувори дарозмуддати кишварҳои мо як даъвати хеле ҷиддист.

Бо дарназардошти пешвоии технологии Чин дар соҳаи энергияи офтобӣ, шамолӣ ва обӣ, инчунин воситаҳои молиявии мавҷудаи дастгирии лоиҳаҳо мо зарур мешуморем, ки шарикии наздики илмию амалӣ дар соҳаи энергетикаи алтернативӣ густариш дода шавад.

Мо инчунин барои ҳамкории судманд дар ҳалли мушкилоти экологии минтақаи баҳри Арал, ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи пиряхҳо ва хок, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об омодаем.

Муҳтарам иштирокчиёни ҷамъомад!

Мо ба сатҳи кунунии муколамаи минтақавӣ оид ба масъалаҳои субот ва амният баҳои баланд медиҳем. Мо аз рӯи масъалаҳои истиқлолият, сохибихтиёрӣ ва дахлнопазири ҳудудии мамлакатҳоямон мавқеи принсипиалӣ дорем.

Ӯзбекистон ташаббуси ҷаҳонии Чинро дар асоси принсипҳои ҷудонашавандаи амният ва рушди осоишта мутобиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ мекунад.

Мо пешниҳод менамоем, ки миёни хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар мубориза бо неруҳои “се бадӣ”, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва киберӣ ҳамкории зич ба роҳ монда шавад.

Мо истифодаи ҳамаҷонибаи платформаҳои муколамаи Гурӯҳи тамос дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро барои таҳияи мавқеи ҳамоҳангшуда ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии фалокати башардӯстона дар ин кишвар муҳим мешуморем.

Муҳтарам ҷаноби Си Сзинпин, тавре ки шумо дирӯз қайд кардед, «пешбурди якҷояи масъалаҳои марбут ба кумак дар бунёди низоми фарогири сиёсӣ дар Афғонистон, роҳандозии ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи зиддитеррористӣ байни кишварҳои мо муҳим аст».

Мо инчунин ба дастгирии ташаббуси худ оид ба таъсиси Гурӯҳи сатҳи баланди байналмилалӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати таҳияи алгоритми иҷрои ӯҳдадориҳои мутақобилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мақомоти кунунии Афғонистон умед дорем.

Барои мунтазам «тафтиш кардани соат» мо таклиф мекунем, ки механизми мулоқоти котибони Шӯроҳои амният дар формати мо ба кор андохта шавад.

Дӯстони азиз!

Мамлакатҳо ва халқҳои мо барои якҷоя ғанӣ гардондани маданияти миллӣ иқтидори бузурги тамаддунӣ ва имкониятҳои калон доранд. Консерте рахшоне, ки дирӯз дар чаҳорчӯби ифтитоҳи Соли фарҳанг ва санъат ва Фестивали ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор шуд, далели равшани ин мебошад.

Бо ҷалби васеи ҷавонон идома додани мунтазам баргузор намудани табодули башардӯстона, намоишгоҳҳо, консерту гастролҳо, чорабиниҳои муштараки варзиширо, ки ба анъанаи нек табдил ёфтааст, муҳим мешуморам.

Мо пешниҳод менамоем, ки соли оянда Форуми ҷавонони истеъдодҳои кишварамонро якҷоя гузаронем.

Ман ба ҷониби Чин барои ташаббусҳои муҳим ва барномаҳои муштарак дар соҳаи тибби анъанавӣ, табобати бемориҳои чашм ва таълим изҳори сипос мекунам.

Ҳамкасбони муҳтарам, сарони ҳайатҳои вакилон!

Кишварҳои мо шарикони стратегӣ ва дӯстони боэътимод мебошанд. Ҳамкории дарозмуддати мо, ки ба принсипҳои боварӣ, эҳтиром ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтааст, ҳеҷ гоҳ ба вазъияти сиёсӣ вобаста набуд.

Имрӯз бошад, дар шароити пурзӯр шудани муқобала ва пешгӯинашавандаи муносибатҳои байналхалқӣ мо ба ҳамдигар ёрӣ расонда, ояндаи неки халқҳои худро якҷоя месозем.

Тасдиқи равшани чунин муносибатҳои махсус кумаки самарабахши кишварҳои мо ба якдигар дар давраи пандемия мебошад.

Ба ин муносибат, мехостам ташаббуси стратегии ҷониби Чинро оид ба баргузории вохӯриҳои мунтазами мо ҷиҳати таҳкими дӯстӣ ва шарикии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дастгирӣ намоям.

Ҷаноби Раис Си Сзинпин, Шумо роҳбари хирадманди Чини бузург ва ҷонибдори самимии таъмини амният, субот ва шукуфоӣ дар минтақаи мо ва дар тамоми ҷаҳон мебошед. Вохӯриҳои мо далели равшани ин мебошанд.

Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо барои суханони дастгирӣ ва орзуҳои нек дар робита ба татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти конститутсионӣ ва интихоботи қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон миннатдории самимӣ баён мекунам.

Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои пурсамари ҳамоиши имрӯза ба мустаҳкам шудани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба, ба гул-гулшукуфии мамлакату халқҳои мо хизмат мекунад.

Ташаккур барои таваҷҷуҳ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: