ТАҒЙИРОТИ ИҚЛИМӢ МУҲОКИМА ГАРДИДАНД

Тағйироти иқлимие, ки солҳои охир бештар ба назар мерасанд, ҳеч як шаҳрванди кишварро бефарқ намегузорад. Чунин мушкилот ба ҳамаи соҳаҳои ҷамъият таъсири манфии худро мерасонад.

Семинар-тренинге, ки ба наздикӣ аз тарафи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамкории Маркази хидмати гидрометеорология баргузор шуд, масъалаи об, тақсимот ва обёрӣ намудани заминҳои минтақа муҳокима гардиданд. 
Дар семинар масъалаи дар доираи лоиҳаи «Тағйироти иқлим дар Осиёи Марказӣ ва барқароршавӣ» ба нақшаи идоракунӣ дохил намудани дарё – ҳавзаҳои Майлисой, Шоҳимардонсой ва Подшоотасой, барқароршавӣ ва дастгирии рушди тобоварӣ ба иқлим  дар ҳудуди транссарҳадии водии Фарғона, ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон доир ба коркарди нақшаи амалиёти мосшавӣ ба тағйироти иқлим, хатарҳое, ки ба тағйироти иқлим вобастаанд, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар семинар мутахассис ва намояндагони Узгидромет, Вазорати хоҷагии об, Кумитаи экологияи давлатӣ, идораҳои самтҳои ирригатсияи вилояти Намангон иштирок карданд.
Дар он мушкилоти глобалии экологӣ, тағйироти иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ ва рушди барқароршавии он, таъсири тағйироти иқлим дар шароити имрӯза ва оянда, таҳлил ва таклифҳо оиди дигаргуниҳои иқлимӣ ва имкониятҳои пешгирии чунин мушкилот муҳокима карда шуд. 

Гӯзал АЛИМОВА,
мутахассиси Маркази захираи ахбор-таҳлили Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: