ТАНТАНАИ ТӮЙИ АРӮСИИ УЛУҒБЕК ВА НАҚШИ ТАЪРИХИИ АМИР ТЕМУР ДАР БАРГУЗОРИИ ОН

Муаррихи маъруфи араб Ибни Арабшоҳ (1392-1450) машҳуртарин асари худ «Аҷоиб-ул-мақдур фӣ навоиби Темур» (дар баъзе нусхаҳои хаттӣ “...ахбори Темур” ҳам ёд мешавад)-ро дар асоси мушоҳидаҳо, ширкатҳои бевоситаи худ дар базмҳову размҳои Темуру темуриён ба забони арабӣ таълиф кардааст.

“Самарқанд, қитъае аз биҳишти барин аст, ки Ризвонаш аз ёд бибурдааст”.
 (Ибни Арабшоҳ).

Муаррихи маъруфи араб Ибни Арабшоҳ (1392-1450) машҳуртарин асари худ «Аҷоиб-ул-мақдур фӣ навоиби Темур» (дар баъзе нусхаҳои хаттӣ “...ахбори Темур” ҳам ёд мешавад)-ро дар асоси мушоҳидаҳо, ширкатҳои бевоситаи худ дар базмҳову размҳои Темуру темуриён ба забони арабӣ таълиф кардааст. Ин китоб бар иловаи доштани маълумоти фаровони таърихӣ чун таърихномаи  Низомиддини Шомӣ «Зафарномаи Темурӣ» (с.1404) ), Шарафуддин Алии Яздӣ «Зафарнома», ки ҳар ду ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудаанд, аз манобеи басо арзишманди таърихи гузаштагони мо, хосса гузаронидани хурсандиҳо дар Наврӯз ҳам баршумурда мешавад. 
Ибни Арабшоҳ аз он ҳақиқатнигорони таърих аст, ки вақте ба тасвири тайёриву гузаронидани тӯйи арӯсии Мирзо Улуғбек, ҷонкоҳӣ ва тараддуди ҳамаҷонибаи бобояш – Амир Темур барои ба дараҷаи олӣ баргузор кардани ин ҷашни никоҳ мепардозад, “нуктагириҳояш”-ро фаромӯш мекунад ва мисли як наворбардори воқеънигор дашту даман, боғу чаман, баробариву бародарии шоҳу гадо, тантанаи адлу дод, саховату эҳсони мардумони Самарқанди бостонро бар асоси дидаву шунидаҳояш мисли як синамобардор ба навори хаёл бардошта, ба мо арза медорад. Дар суханонаш пирӯзии ишқу садоқат бар кину адоват, сафои дил бар зулмати хотир, караму кушодадастӣ бар бухлу тангдастӣ ҷавлон мекунад... Арабшоҳ ҷулуси Улуғбеки 15-сола бар тахти Самарқанд (1409)-ро низ батафсил баён намуда, ин санаро муборак ва даврони авҷу иртиқои илму тамаддуни Мовароуннаҳр номидааст.                                                                                         
Ин асарро Муҳаммадалӣ Наҷотӣ ба форсии тоҷикӣ тарҷума карда, соли 2007 дар Теҳрон нашр кардааст ва ҳоло беҳтар аст хонанда худ вориди ин ҷашни номзадӣ шавад ва аз он ҳама зебоиҳову фаровониҳои куҳандези Самарқанд, ки имрӯз низ, дар ҳақиқат, муҷаллотару шукуфотар шудааст, баҳра бардорад. 
***
Амир Темур дар аввали Наврӯзи соли 1404  ба барпо доштани ҷашни арӯсии (номзадии) набераи худ – Улуғбек, писари Шоҳрух  пардохт. Он рӯзи навбаҳори зарнигор Амир Темур мардуми шаҳрро фармуд, ки ба зебу зийнат додани шаҳри Самарқанд пардозанд. Ба амалдорони худ гуфт, ки ба ҳеч кас бедоду ситам раво надоранд, тамоми анвои боҷу хироҷи мардум бахшида шавад. Фармуд, ки ҳама бисоти амну амон бигустаронанд ва бо хурду калон, тавонову нотавон ба лутфу накӯкорӣ рафтор кунанд. Озори касон наҷӯянд ва шамшери ситам наёзанд. Ҳамагон асбоби зийнату озин аз шаҳр берун баранд  ва дар маконе ба номи “Кони гил” дар ҳаволии (атрофи) шаҳр, ки фосилаи он як мил то Самарқанд аст, бичинанд (паҳн бикунанд). Он сарзамин ҳавое чун мушк, обе ба ширинӣ қандин дорад, чунонки гуфтӣ (гӯйӣ) “Қитъае аз биҳишти барин аст, ки Ризвонаш аз ёд бибурдааст”. Ва ман (яъне Ибни Арабшоҳ) васфашро чунин гуфтаам: 

Магар дар сабзазораш сабза 
чидаст...,
Ғизол ин сон, ки мушк афшонд 
аз ноф!
 
Ҳавои мушкбӯйи он макон аз нафаси насими субҳгоҳӣ  латифтар ва оби равонафзояш аз зулоли чашмаи зиндагӣ гуворотар, сафояш аз раҳгузори кудурат (ғаму андӯҳ) дур ва замзамаи мурғонаш чун навои мавзуни мусиқӣ мояи инбисоту (дилкушоию) сурур. Ва ман васфашро чунин гуфтаам:
 
Ту гӯйӣ дар бари ҳам 
Заргари сунъ (Худо),
Зи гулҳо чида рангоранг
 гавҳар.
Ба гуна ин яке – сим, 
он яке – лаъл,                                                  
Яке марҷон, яке ёқӯти аҳмар.
Фишонда бар сар инро 
судаи мушк,
Нишонда дар дил онро 
тӯдаи зар. 
Чу гулшан хост бар мо 
вонамояд,
Мар он маҷмӯаро бо зеби 
зевар.
Ба дасте чун забарҷадшон
 баровард,
Ки гавҳар дар кафи гавҳар 
накӯтар! 
Рангрези нерӯи хаёл омехтаи алвони ҷамол (анвои ҳусну латофатҳо) аз варақи гулҳои он гирифта ва зийнатгари наварӯси камол оройиши дӯшу болои ҷамол аз сафҳаи зебои ӯ омӯхта. Ва ман васфашро чунин гуфтаам:
Чу бинӣ, хоса дар вақти 
саҳаргоҳ,
Ба зеварҳои рангоранг зебош. 
Ҳаме гӯйӣ, ки дар домони 
алтоф,
Ба зебогавҳарон парварда 
дарёш!
 
Замине паҳновару бекарон чун тамаъи ниёзмандон дар ҷоҳи тавонгарон, фурӯғи дидаи комронӣ чун таровати даврони ҷавонӣ, монанди кафи дасти рӯзгор осори кушодагӣ ва умри дарозу моли фаровон дар ӯ ошкор! Ин яке аз амокин (маконҳо)-и он сомон ва намунае аз тафарруҷгоҳи (сайру саёҳатгоҳи) он диёри Самарқанд аст, ки ба лутфу зебоӣ машҳури ҷаҳон ва ба неъмату фаровонӣ мояи саодати мардумон аст! 
Ва ман васфашро чунин гуфтаам:

Шақоиқаш варақи рӯйи 
хубрӯён аст,
Ки хомаи мижа бар вай набишта 
ояти ҳусн.

Лашкари Амир Темур, агарчӣ дарёи мавҷзан буданд, дар он сарзамин чунон менамуданд, ки қавми Бани Исроил дар гӯшае азтияҳ (бо оромиши ботин).
Темур бифармуд, ки салотину соҳибони афсару дайҳам (сарбозон) ба сӯйи ӯ гароянд (биёянд) ва ҳар якро дар он мақом ҷойгоҳе ба фарохӯри ҳолаш муқаррар дошт ва ҳудуди он аз пасу пеш ва чапу рост муайян кард. Ва ҳам бифармуд, ки он чӣ аз асбоби таҷаммул ва тамаккун (ҳадяҳояшонро барои ҷашни арӯсии Улуғбек) намудор кунанд ва хаймаву хиргоҳ ба анвои зевару зийнат биёроянд. Ва ҷуз онон – бузургон ва аъён ва саркардагон ва фармондеҳони ақвому қабоилро низ дар он гулгашт ҷойгоҳе мураттаб кард. Пас ҳар кас ҳар чӣ дошт бинамуд ва мубоҳоткунон дар баробари дигар бинандагон ҳадяҳояшро ҷилвагар сохт ва ба сабаби он сар ба сарафрозӣ барафрошт.
Бад-ин гуна тӯмори гуноҳони хешро, ки бо ҷамъи он нафоису наводир (молҳои нафису нодир) ва туҳфаҳои обиву хокӣ сиёҳ карда буданд ва гузашти замонаш чанде ба ҳам печида ва аз ёдҳо бурда буд, дигарбора бигустурданд, андӯхтаҳое гаронбаҳо бинмуданд, ки дар тороҷаш оташ афрӯхтанд ва ҷону дил сӯхтанд ва туҳфаҳое арӯсвор биёварданд, ки васлашро ҷомҳо кашиданд ва ҷомаҳо дариданд, гавҳарҳои тобнок бигустурданд, ки равшанони Торуми ахзарро (ситораҳои осмонро) дар баробараш ночиз намуданд. 
Темур бо ташрифи худ бад-он зийнатҳо ва зеварҳо ба зебоии он макони фараҳзой бияфзуд ва бартарии он макон бар ҳама ҷойи замину осмон ҳувайдо гашт. 
Пас бифармуд, то саропардаи вай (нишемангоҳи Темур) дар маркази он ҷойгоҳ барафроштанд ва нуқтаи доираи он сипеҳри гардон сохтанд. Деворе бар он муҳит намуданд, ки ҳама хаймаҳо ва хиргоҳҳои он дар бар дошт ва дарвозаи  бузург, ки аз он ба долоне дароз дарун мешуданд ва ҳама манзилҳо ва хаймаҳо дар ба девори ҳамдигар мениҳоданд ва бар қуллаи он деворҳо ду шохи баланду калон насб шуда буд, ки бинандаро ба дидораш  биму ҳарос дар дил афканда. Аз ин рӯй вайро зулқарнайн  (душоха) ном ниҳоданд. Ва дар он девор хаймаҳо ва пӯшишҳои фаровон буд: яке саропой зарандуд ва даруну берунаш аз пару боли паррандагон ороста, дигаре аз парниён ва ба рангҳову нақшҳои бадеъ музайян гашта, яке сартопой аз луълуйи рахшанда, ҷуз Худои таъоло ҳеҷ кас қимати як донаи он надонистӣ, дигарӣ аз анвои ҷавоҳири тобнок, ки бар сафаҳоташ зар нишондашуда ва сақфаш аз сими хом, ки дида ба диданаш хира фурӯ мондӣ. Ва ҳар як аз онҳоро дарҳо буду тахтҳо, ки бад-он такя ҳамемекарданд ва дар миёни нақшҳои бадеъ ва айвонҳои зарандуд ва хаймаҳо ва биноҳои шигарф бодбезанҳо қарор дошт, чафтҳову (толор, иморати чӯбӣ) қуфлҳову калидҳову туҳфаҳову турфаҳо бо рӯпӯшҳои гаронбаҳо пӯшонида шуда буданд. 
Аз ҷумла, рӯпӯши Чӯхоӣ, ки аз хизонаи Султон Боязид рабуда шуда буд, ба паҳнои даҳ зиръ (андозаи тӯл, дарозӣ) бо нақшҳои бадеъ аз растаниҳо ва амокину ашколи паррандагону даррандагон ва сурати пирону ҷавонон ва занону кӯдакон ва хатҳои зебо ва аъҷубаҳои шаҳрҳо ва кӯҳҳо бо беҳтарин рангомезиву наққошӣ ба тасвир кашидашуда, чунон, ки пиндоштӣ пайкарҳои ҷунбандаи онон бо ту сухан меронанд ва меваҳои расидаи онон туро ба чидан мехонанд. Ин рӯпӯш яке аз нодираҳои замон буд, ки ба тавсиф дарнаёяд ва шунаванда чун бинанда дарки зебоии он натавонад...
Дар баробари саропардаи Темур ба масофати як тохти асб (як тохтани тезу тунди асб, ки тахминан ба 5 км. баробар аст) хаймаи мубоширон (назоратгарон) ва муншиёни вай барафрошта буданд ва он монанди чатре баланд бар фарози чанд сутун устувор шуда буд. Фаррошони бар болои он бӯзинавор (маймунвор) овехта чунон менамуданд, ки суханони шаётин дар гӯш ҳамегиранд (мисли ҷину аҷинаҳо) ва чун сутунҳо барафроштанд, бар фарози он чунон медавиданд ва ҷасту хез мекарданд, ки пиндоштӣ бар рӯйи замин қарор доранд. 
Мардуми шаҳри Самарқанд он чӣ аз зийнату асбоби таҷаммул омода карда буданд, дар баробари саропардаи Темур пеши чашмҳо ниҳоданд ва ҳар даста аз пешаварону арбоби саноеъ дар санъату пешаи хоси худ ниҳояти кӯшиш ва ҳунар ба кор бурданд. Ҳарирбофон савории ҷангӣ аз ҳарир бипардохтанд ва асбоби набарди вайро аз тиру камону шамшер ва тамоми пайкараш, ҳатто нохуну мижгонашро аз парниён бисохтанд ва дар ҷойгоҳи хеш қарор доданд. Катонбофон манорае баланд ва устувор бо пайкаре ба латофат ҳур ва қомате ба иртифоъ қусур (мисли қасрҳо) бисохтанд ва дар он ҷашни биҳиштойин барафроштанд ва он ба некӯӣ чунон будӣ, ки бинанда ба диданаш аз рафтор фурӯ мондӣ ва ба баландӣ онро “Дирафши ситорагон” мехонданд.  Ҳамчунин соири соҳибони саноеъ аз рангрезону оҳангарону кафшдӯзону камонгарону ҳуққабозону шуъбадабозон  ҳунари хеш бинамуданд.
Дар он ҳангом Самарқанд маркази арбоби фазилат ва манзилгоҳи донишварон буд. Пас ҳар касе дар ҳадди хеш турфае сохта дар ҷойгоҳи махсуси худ баробари саропардаи Темур ва девониёнаш (ходимони девонаш) ба намойиш ба по доштанд. Дар паси он деворҳо бозорҳо сохтанд ва бӯқу (карнайю) сурно навохтанд. Пилҳо ва асбҳои тундрав бо зеботарин ҷома ва зеварҳо биёростанд ва мардумро иҷозат доданд ҳар тавре ки бихоҳанд, ба лаҳву лаъаб (бозиву хушгузаронӣ) кӯшанд ва он чӣ аз асбоби бозиву шодмонӣ аст, баҳра бигиранд. Пас ҳар ошиқ ба ҷониби маъшуқи худ шитофт ва ҳар дилдода домони дилдори худ гирифт ва ҳар хостгор ба ҷониби дилхоҳи худ шитофт, бе он, ки касеро дар роҳ озори касе нишинад ва зердасте аз забардасте дароздастӣ бинад!
Чун ҳама корҳо ба дилхоҳи ӯ анҷом пазируфт ва он дашти паҳновар ба зевару гавҳари лашкариён ва шаҳрнишинон зийнат ёфт, Темур дар миёни қавми худ аз шаҳр берун шуд ва бо шукӯҳу ҷалоли фаровон бад-он саҳро фуруд омад. 
Пас бифармуд, ки майи ёқутфом дар ҷоми забарҷадини он дашт фурӯ резанд ва сели бода аз ҳар сӯ барангезанд ва хосу ом дар амвоҷи он шиновар гарданд. Он гоҳ ахтарони хушиву шодмонӣ дар он сарзамини осмониранг ба гардиш даромаданд ва фариштагони малоҳат дар он уфуқ падидор шуданд. Шерони ҷангҷӯ чун оҳувони мушкбӯ ҷилва намуданд ва аз дӯзахи ҷангу ситезаи манзил ба биҳишти неъмату оромиш гузиданд. Афсарону саворону пиёдагони ҷангӣ тундиву дуруштӣ фурӯ ниҳоданд ва ба лутфу муҳаббату гармию нармӣ гаравиданд. Пас аз он ҳама бедоду ситам раҳи меҳрубонӣ гирифтанд ва маънии ин шеъри ман ҳамегуфтанд:

Теғи адли мо зи бун барканд 
бунёди ҷафоро,
Дигар аз ҷавру ситамгорӣ 
нанолад додхоҳе.
Ҷуз миёни лоғаре озурда аз 
бори гароне,
Ё дили афсурдае хаста зи 
пайкони нигоҳе. 
 
Гоҳе агар тире раҳо шудӣ, тири нигоҳе будӣ, он ҳам ниммасту ҳолатангез ва замоне агар найзае аз ҷой бархостӣ, найзаи қомате будӣ дилпазир ва диловез... Ҷуз уд дида намешуд чизе, ки бисӯзад ва ҷуз май чизе, ки дар фишор уфтад ва ҷуз мутриби хушхон касе ба шукӯҳ лаб накшудӣ ва ҷуз масти арбадаҷӯ касе фарёд барнаёвардӣ. Танҳо гули ораз буд, ки дил мерабуд  ва орази гул буд, ки ҷома медарид ва ҷоми лаб буд, ки макида ва мазида мешуд ва лаби ҷом буд, ки газида мегашт... ва ин абёти ман забони ҳоли эшон аст:

Фасли баҳору бо ман он ёри 
рамида меҳрубон,
Муждаи васли гул диҳад пайки 
сабо ба бӯстон,
Об равону шохи гул саҷдакуну 
намозхон,
Мо ба даруни гулшане ҳусни 
рухаш балои ҷон,
Абр чу ошиқон бар ӯ гавҳари 
ҷону дилфишон! 

Бар сари мо пароканад абри 
булӯргун дурар,
Дар чамане чу парниён бода чу 
лаъл ҷилвагар,
Бар лаби чун ақиқи ӯ хандаи 
хуштар аз шакар,
Чашмаи симфоми ӯ чашми зи 
хоб бехабар,
Нақди гулу шукуфааш танг 
гирифта дар миён. 

Ваҳ чӣ нишоту ишрате —
 мояи рӯҳпарваре,
Бӯсу карашмаву тараб, 
ишваву нозу дилбарӣ,
Ҷоми майю навои най, 
хушдиливу тавонгарӣ,
Зоҳидаш ар бубинад аз шеваи 
худ шавад барӣ,
Чора набошадаш магар тавба 
зи зуҳду тарки он...

Бода биёру гарди ғам аз рухи 
зиндагӣ бишӯ,
Ҷом ба гардиш ору аз 
гардиши осмон магӯ,
Обу шаробу сабза ҷон 
парвараду рухи накӯ,
Муддаӣ гар ба сарзаниш
 гӯядат ин равиш маҷӯ,
Гуфтаи ӯ зи сӯзи дил суҳбати ӯ 
фиреб дон!
 
Ва он замони ҷашни арӯсии Улуғбек – ҳангоми кушоиш ва даврони осойиш фаро расид. Адолати Султон ва эътидоли замон ба ҳам пайваст ва камоли матлуб ва висоли маҳбуб фароҳам гашт. 
Темур дар ин базмгоҳи арӯсӣ аз ҷоҳу бузургиву шавкат бад-он ҷо расид, ки дар гумон ҳеҷ як аз хулафои пешин дарнагзашт ва баъд аз эшон ҳам касеро мақдур нагашт.
Базми арӯсии Улуғбек чунон буд, ки дар шомгоҳи арӯсӣ бар зери пойи Темур фарши зарандуд бигустурданд ва бар сару дӯшаш лӯълӯъҳои гаронбаҳо нисор карданд ва ӯ бад-онҳо илтифоте накард. Гӯйӣ ин базм ҷилвае аз базмҳои Маҳмуду Маъмун буд, балки болотар!
Амир Темур дар ин базм аз писарону духтарони подшоҳон бандагону канизакон дошт, ҳама дар ҷойгоҳи бандагӣ истода  ва қосидони ал-Малику-н-носир (яъне Амир Темур) – подшаҳони Мисру Шом дар баробари тахти ӯ бо пешкашҳо ва армуғонҳое аз диёрашон,  аз ҷумла: шутурмурғу зарофа, бар сари пой буданд ва фиристодагони Хитову Ҳинду Ироқу Дашту Синд  ва фиристодагону намояндагони  Фарангу дигар ақолими (кишварҳо) дуру наздик, бегонаву ошно ва душману дӯст  ҳамчунон бар ҷой истода  ва ӯ худ пас аз ҳамагон ба базм даромад ва ҳишмату ҷоҳи вайро дар он базмгоҳ  ҳама диданд ва ҷалолу ҷабаруташро дар назар гирифтанд.
Темур подшоҳони мамолик, фармонравоёни навоҳӣ, бузургони тавоиф, сарони лашкару пешвоён  ва гузидагони ақвомро  фаро хонда, ба дасти худ ҷоми шароб бинӯшонд ва онҳоро дар маҳалли бародару фарзанди худ биншонд  ва хилъати фохир бипӯшонд  ва бахшишу инъом  карда  эшонро дар ҷониби рости маҷлис ҷой дод. Тарафи шимол низ хоси занон ва канизакон буд  ва онон рӯй аз мардон намепӯшиданд, хусусан дар маҷлиси суру шодмонӣ. Ва ҳамчунон чангу қонуну уду арғунуну нойу навои дилрабой  дар кор буд (садо медод). Орзуҳо бароварда мешуд ва рӯзгорашон ба муроду комронӣ мегузашт. Пас Темур ба сӯйи онон, ки зери бозӯяш мегирифтанд,  даст баровард ва онон ба кӯмакаш барҷаста дасташ бигирифтанд ва ӯ бад-он шикастагӣ ва фурӯтанӣ ба рақс бархост  ва хуш бирақсиду каф заду  овоз хонд! 
Пас подшоҳону бузургон ва занони эшон  симу зару гавҳар  ва дигар туҳфаҳои гаронбаҳо  бар пойи Темур барафшонданд  ва ӯ ҳамчунон дар кори пойкӯбӣ ва дастафшонӣ буд. Ва ҳама баҳраи хеш аз  шӯхиву комронӣ ва нишоту шодмонӣ бистуданд  ва домоду арӯс бар ҷойгоҳи хеш даромаданд  ва он ҷамъ оҳиста-оҳиста пароканда гаштанд...  
Темур бад-ин кушоиш Худойро бистуд ва ба тахтгоҳаш фуруд омада ба эминӣ биншасту биёсуд, ончунон ки манаш васф кардаам: 
                                    
Миннат Худойро, ки расидам ба 
орзӯй,
Иқбол рӯй карду аду рӯй 
дарнуҳуфт.

Таҳиягарон 
Машҳура ДАРМОНОВА, 
мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Ӯзекистон, доктори илмҳои таърих.
Файзхоҷа МАҲМУДОВ, 
дастхатшинос.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: