ТАНТАНАҲОИ ИДОНА ДАР «ЧУҚУРАКИ ПОЁН»

Субҳи 4 декабр ҳавлии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чуқураки Поён»-и ноҳияи Шофиркон намуди идона дошт.

Субҳи 4 декабр ҳавлии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чуқураки Поён»-и ноҳияи Шофиркон намуди идона дошт. Садои савту суруду нидои рӯҳнавози карнаю сурнай дар фазо танин меандохт. 
Ин ҷо меҳмонону мизбонон: роҳбарону фаъолони маҳалла, собиқадорони меҳнату намояндагони халқ, намояндагони ВАО, раисони маҳаллаҳо, варзишгарону сокинони маҳалла ба пешвозгирии роҳбари вилоят омодагӣ диданд. Ҳавои беғубор, осмони софи ғайриодӣ, нурпошии саховатмандонаи офтоб, ҷилваи байрақҳои қатор шукӯҳи гирду атрофро афзуда буд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ду моҳ муқаддам ин маҳалла шомили барномаи давлатии «Хонадони обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» гашта, баҳри ҳалли як қатор масъалаҳои ҳудуд, ободу зебо гардондани он ҷараёни кор бо шиддат суръат гирифт. Таҳти роҳбарии ҳокимони вилояту ноҳия, масъулони сектори сеюм – садорати корҳои дохилии вилоят корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Роҳҳо шағалфаршу асфалтпӯш гардида, хатҳои обу барқ таҷдид ёфтанд, норасоиҳои иморатҳои хонадонҳои мӯҳтоҷи дастгирӣ ислоҳ карда шуданд, барои ҷавонони деҳа варзишгоҳ, майдончаҳои баскетболу волейбол ва як қатор қулаиҳо бунёд гардиданд. Кӯчаю иморатҳо сайқал ёфтанд. Роҳҳои асосӣ ва пиёдагард  баъди ороиш зебою ҷозибанок шуданд.
Гурӯҳи меҳмонон аз вилояту ҷумҳурӣ ташриф оварданд. Мизбонон меҳмононро бо нону намак истиқбол гирифтанд. 
Ҳокими вилоят Б. Зарифов аҳли маҳалларо дар арафаи 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо комёбии бузургашон муборакбод намуд. Сипас ба собиқадорони меҳнат, пешсафон ва онҳое, ки баҳри ободгардонии маҳалла хидматҳои арзанда кардаанд, нишони сарисинагӣ, ифтихорномаю ташаккурномаҳо супурданд. 
Лента бурида шуда, ҷамъомадагон ба идораи нав даромаданд ва бо шароитҳои он шинос шуданд.
Ҳамин тариқ, онҳо бунёдкориҳои нави маҳалла: толори варзиши мактаби №33, варзишгоҳи ҷавонон, майдончаи бадминтон, Workaut, маркази саломатии бонувон, бунгоҳи тиббӣ, гузари маҳалла ва ғайраро аз назар гузаронданд ва боварӣ ҳосил карданд, ки дар маҳалла бинобар тамоюли «Барои қадри инсон» корҳои назаррас ба анҷом расидааст.
А.АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: