ТАРБУРӢ – САРБУРӢ

30-юми декабри соли гузашта Президент Ш. Мирзиёев ба Фармон «Дар бораи чорабиниҳои дар ҷумҳурӣ боз ҳам вусъат додани корҳои кабудизоркунӣ ва пурсамар ташкил кардани муҳофизати дарахтон» имзо гузошт.

30-юми декабри соли гузашта Президент Ш. Мирзиёев  ба Фармон «Дар бораи чорабиниҳои дар ҷумҳурӣ боз ҳам вусъат додани корҳои кабудизоркунӣ ва пурсамар ташкил кардани муҳофизати дарахтон» имзо гузошт.
Дар асоси он дар қаламрави ҷумҳурӣ барои зиёд кардани дарахтзор лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ба амал табдил ёфт.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки тирамоҳи соли гузашта дар вилояти Самарқанд беш аз шаш миллион бех ниҳолҳои манзаравӣ ва меванок бо роҳи ҳашар шинонда шуд.


Минбаъд чӣ бояд кард, ки боғу гулгаштҳои навбунёд  нобуд ва хушк нашаванд.
Анҷумани матбуотӣ, ки дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд бо ташаббуси Садорати экология ва муҳофизати атрофу муҳит ба вуқуъ пайваст, ба ҳамин масъалаҳо бахшида шуд.
– Бо фармону қарорҳои сарвари давлат кишвари азизамон ба боғу бӯстон ва макони булбулон табдил меёбанд, – иброз дошт сардори идораи мазкур Алишер Раҳимҷонов, – танҳо соли гузашта дар вилояти Самарқанд даҳҳо боғҳои Ӯзбекистони нав бунёд шуданд, ки далели гуфтаҳои ман мебошад. Аммо мақсади асосии ҷомеа аз он иборат мебошад, ки ягон  бех ниҳоли шинонда  хушк ва нобуд нашаванд.
Дар идораи мо қариб 100 нафар фаъолият доранд ва онҳо имконияти тамоми ҳудуди вилоятро назорат кардан надоранд. Бинобар ҳамин лозим аст, ки  аҳолӣ ба мо мададгор гарданд.
Хушхабар он аст, ки агар шахс доир ба худсарона буридани дарахт ва ё решакан кардани он хабар диҳад, аз ҳисоби пардохти ҷаримаи қонуншиканҳо мукофоти пулӣ мегирад ва сирри он пӯшида хоҳад монд.
Боз як навид он аст, ки минбаъд дарахтони дар ҳисоби хоҷагии ҷангали вилояти Самарқанд набуда аз рӯихат гузаронида мешавад.
Дар анҷумани матбуотӣ яке аз ҳозирони дилсӯзи табиат таклиф кард, ки дараҳои Оҳалик ва Миронқул мамнӯъгоҳ эълон шавад, зеро чорво ва баъзе шахсони кутоҳандеш  дарахтони бисёрсола, растаниҳои шифобахш ва дорувориро бераҳмона несту нобуд мекунанд. Гарчанд «тарбурӣ – сарбурӣ» мегӯянд, мардуми худобехабар нисбати табиат бераҳму беэътибор ҳастанд.
Таклифи ӯро ба вазорати ҷумҳурӣ ирсол карда, интизори хабари хуш ҳастем.
Анҷумани матбуотӣ на танҳо бо саволу ҷавоб, инчунин дархосту кумакҳои тарафайн хотирнишон гузашт.

З. ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: