ТАРЗИ ОМӮЗИШИ МУБОЛИҒА ВА ШЕЪР ДАР ДАРСИ АДАБИЁТ

Дарси адабиёт одобу ахлоқи хонандагонро сайқал медиҳад.

Дарси адабиёт одобу ахлоқи хонандагонро сайқал медиҳад. Дар раванди таълими адабиёт мавзӯъҳои шавқовар низ пешбинӣ шудааст, ки  тарғиби он ба муаллими фан вобастагии қавӣ дорад. Яъне барои омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти ин ё он эҷодкор бояд аз кадом санъат истифода бурданро хуб донист. 
Масалан, дар синфи панҷум омӯзиши санъати муболиға пешбинӣ шудааст. Таълими ҳамин мавзӯъро ба тариқи мисол дида мебароем. 
Баъд аз пурсиши мавзӯи “Эраҷи тилисмшикан” риштаи суханро ба мавзӯи муболиға пайваст намуда, фикрҳои муаллим оиди мавзӯъ тариқи маърӯза ва ё саволу ҷавоб давом мекунад. 
Муболиға калимаи арабӣ буда, маънии “дар коре сахт кӯшидан”-ро дорад. Муболиға аз санъатҳои маънавист, ки ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам дар адабиёти имрӯзаи тоҷик бисёр ба назар мерасад. Нависанда барои равшантар баён намудани ҳодиса ва ё хислати инсонӣ, барои мутаассир баён намудани ҳиссиёти худ образ ё воқеаи тасвиркардаашро аз ҳоли аслиаш барзиёд карда нишон медиҳад. Ин ҷараён тавассути санъати муболиға сурат мегирад. 
Дар асарҳои насрӣ, махсусан, дар асарҳои ҷудогонаи нависандагон муболиға ба таври фаровон корбаст мегардад. Аз ҷумла, дар повести “Марги судхӯр”-и Садриддин Айнӣ аз ин навъи санъати бадеӣ бисёр истифода шудааст. Дар тасвири яке аз образҳои асосии асар Қори Ишкамба бисёр муболиға кор фармуда шудааст. Масалан, фикри сартарош, ки ба Қори Ишкамба гуфтааст: “Саллаи шумо қариб панҷсер вазн дорад ва агар ба сари мех мемондед, мех мешикаст ва лӯнгиҳои ман ба замин ғалтида чиркин мешуданд”. 
Баландтарин дараҷаи муболиғаро иғроқ меноманд. Иғроқ калимаи арабӣ буда, маънии “сахт кашидани камон”-ро ифода менамояд. Ин намуди муболиға бештар дар адабиёти мумтоз ба назар мерасад. Масалан, дар асарҳои манзум барои пурзӯртар изҳор намудани ҳиссу ҳаяҷон ва ифшои нидоҳои шоир корбурд мешавад. Дар ин маврид аз китоби “Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ”, ки бо ҳаммуаллифии Р. Ҳодизода, М. Шукуров, Т. Абдуҷабборов чоп шудааст, иқтибос овардан барои дарки мақсади мавзӯъ кӯмак мерасонад. Байти Анварӣ тариқи зайл таҳлил гардидааст:
“Эй зи шарми ҷоҳи ту 
саргашта авҷ андар фалак
В-эй зи рашки дасти ту 
ноланда мавҷ андар Фурот. 
Шоир гуфтан мехоҳад, ки аз баландии тахту ҷоҳи ту авҷи фалак шармсору шарманда аст ва дасти ту чунон бахшанда аст, ки ҳатто мавҷҳои дарёи Фурот аз он рашк мебаранд”.  
Дараҷаи аз иғроқ ҳам болоро дар адабиёт ғулувв меноманд. Ғулувв калимаи арабӣ буда, маънояш “дастро то ба ҳадди имкон боло кардан” аст. Дар ин равия шоир воситаи аз ақл ва воқеа дури тасвирро кор мефармояд. Дар китоби “Санъати сухан”-и Т.Зеҳнӣ оиди муболиға ин нуктаро хонданамон мумкин: “Агар муболиға ба ақлу мантиқ мувофиқ ва ҳаётӣ бошад, муболиғаи таблиғ ё ки танҳо муболиға меноманд. Агар муболиға ба ақл мумкин буда, вале ба одату воқеъ мумкин набошад, онро муболиғаи иғроқ мегӯянд. Лекин агар муболиға на ба ақлу муҳокима ва на ба одату ҳаёт мувофиқ намояд, муболиғаи ғулӯ (ғулувв) ном медиҳанд ё ки кӯтоҳ карда ғулӯ мегӯянд”. 
Дигаре аз навъҳои санъати бадеӣ ин шеър мебошад. Таълими мавзӯи мазкур дар мактабҳои ҳамагонӣ барои синфи шаш пешбинӣ шудааст. Барои муфассалан омӯзонидани ин мавзӯъ, ғайр аз методҳои анъанавӣ аз методҳои ноанъанавӣ истифода намудан низ самарабахш мебошад. Барои ин аз слайд-тақдимот, компутер, видеопроектор ва ё аз аудиосабтҳои овозӣ истифода бурдан мумкин. Сараввал, барои фаҳмонидани мавзӯъ дар слайд-тақдимот зеринҳоро бо шаклҳои гуногун омода менамоем. 
Дар ин роҳ оиди мавзӯъ ба хонандагон маълумоти назариро фаҳмонида, сониян аз шеърҳои беҳтарини шоирони муосир, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, дар дарс истифода менамоем. Қироати беҳтарин ин қироати худи шоир аст, ки онро мо тавассути интернет дарёфт намуданамон мумкин. Масалан дар сомонаҳои интернетӣ видеолавҳаҳои М.Турсунзода, Л.Шералӣ, Б.Собир, Ф.Хуҷандӣ ва дигаронро дастрас кардан осон аст. Ин лавҳаҳоро дар лаҳзаҳои дарс истифода барем, аҳли синф ба бузургии сухану шеър ва шоирӣ эътимод ҳосил карда, барои омӯзиши фан ва мавзӯъ рағбати бештар пайдо мекунанд. Чунки баромади нотиқон, шоирон ва носирон аз фасоҳату балоғати сухан замзама менамояд. Ин омилест, ки барои ба мақсад ноил гардидани муаллим ҳангоми омӯзиши адабиёт мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, дар дарсҳои адабиёт барои синфҳои болоии мактаб низ ташкил кардани лаҳзаи истироҳат, истифода аз монолог, диалог ва хонишҳои ибратбахш тариқи видеолавҳаҳо ҳусни дарс ва эътибори хонандаро афзун менамояд. Баъди афзун сохтани шавқи донишомӯзон ба дарс, онҳо ба ҳар гуна роҳи номатлуб надаромада, ба корҳои ношоям даст назада, рӯ ба таҳсили илм меоранд ва аз пайи андӯхтани дониш мешаванд.
Хулоса, дарс муқаддас аст ва чӣ тавр ташкил кардани он ба эҷодкории муаллим вобаста мебошад. Барои ба муваффақияти касби педагогӣ ноил гардидан, бояд дарсро бо истифодаи технологияҳои муосир ташкил кард. Зеро, донишомӯзони муассисаҳои таълимӣ ба чунин технологияҳои нави замонавӣ шавқу рағбати бештар доранд. Бо ин роҳ ба қалб ва шуури хонандагон роҳ ёфта, дониши онҳоро ташаккул додан, муваффақияти омӯзгор дар таълиму тарбия аст. Чунки донистани санъатҳои бадеӣ ба дарки матолиби адабӣ, мазмуну мӯҳтавои онҳо ёрӣ мерасонад. Бо як сухан,  навидҳои технологияро вобаста ба синну соли хонанда корбаст кардан мувофиқи мақсад мебошад. Чунки дарсҳои якранг ва якхела боиси беэътибории хонандагон ва косташавии таваҷҷӯҳи онҳо ба дарс мешавад. Бинобар ин, эҷодкори дарс – муаллим, бояд бо шароитҳои зарурӣ мусаллаҳ бошаду барои тарбияи хонандагони  донишвар таҳтидилона кӯшиш намояд.
 
Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,
муаллими фанни забону адабиёти 
мактаби таълими умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: