Теннисбози ҷавон аз Ӯзбекистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Белгия пирӯз шуд

Аз 14 то 20 февраль дар шаҳри Спаи Белгия мусобикаи байнал-халқӣ оид ба тенниси рӯи миз дар байни бачаҳхо ва наврасони гурӯҳҳои синну солашон гуногун барпо гардид.

Боиси хушнудист, ки ҳамватани мо Асел Эркебоева, ки дар он ширкат дошт, дар сабқати то 13-сола бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, соҳиби медали тилло гардид.

Намояндаи ҷавони Ӯзбекистон рақибонро аз Украина, Олмон, Ҳиндустон ва Фаронса шикаст дод.

Ин старт байни писарону духтарони 11, 13, 15, 17 ва 19-сола ташкил карда шуд. Дар ин мусобиқа дигар ҳамватанони мо низ ширкат доштанд. Ҳарчанд онҳо ба сафи ҷоизадорон наафтида бошанд ҳам, таҷрибаи рақобатии худро баланд бардошта тавонистанд, хабар медиҳад КМО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: