«THE GUARDIAN»: ШАҲРҲОИ ТАЪРИХИИ ӮЗБЕКИСТОН МИҚЁС ВА МУҲТАВОИ БУНЁДКОРИҲОРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯНД

Дар рӯзномаи машҳури «The Guardian» мақолаи журналист Мишал Хусайн дар бораи саёҳати ӯ ба Ӯзбекистон чоп шудааст.

Мишал Ҳусайн, журналисти британиёӣ, барандаи барномаҳои зиёд дар телевизион ва радиои BBC ба шумор меравад. Ӯ аввалин муслимае гардид, ки барандаи барномаи «Today» дар «BBC Radio 4» мебошад. Моҳи январи соли 2014 сазовори мукофоти «British Muslim Awards» дар номгӯйи «Барои хидматҳояш дар назди расонаҳои ахбор оммавӣ» гардид. Соли 2015-ум ба ҷоизаи «Барандаи сол» муваффақ шуд, ки он дар клуби матбуоти Лондон бо тантана супурда шуд. Сафири созмони хайрияи «Mosaic» ба шумор меравад, ки ба ҷавонони аз оилаҳои камбисот барои татбиқ намудани маҳорат ва иқтидорашон кумак мерасонад. Муаллифи китоби «Малакаҳо»-аст, ки барои занон бобати муваффақ шудан ба ҳадафҳои худ ҳамчун дастуруламал хидмат мекунад.
Журналисти британиёӣ якҷо бо модараш ба кишвари мо, ки решаҳои таърихӣ ӯро ба он пайванд месозанд, омада буд. 
«Барои ман сафар бо эҳсоси иртиботи шахсӣ бо Осиёи Марказӣ оғоз ёфт, зеро ман медонистам, ки шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро дар таърих ва тамаддуни ислом нақши муҳим бозидаанд, ҳамчунин оилаи модари ман низ бо ин минтақа аз гузаштаи дур иртибот дорад. Ин ба шарофати падари ӯ, ки дар ҳудуди Ӯзбекистони кунунӣ ҳанӯз аз асри XIV зисту зиндагӣ кардани гузаштагонашро медонист, рух дода аст. Ниёи мо Амир Кулол дар замони Амир Темур, асосгузори салтанате, ки дар асри XIV мавқеи муҳим дошт ва заминҳои дуртар аз кишвари худро низ забт карда буд, зистааст», – менависад ӯ. 
Саёҳат аз шаҳри Хива оғоз ёфт, муҳити Ичан Қалъа – шаҳри дохилӣ барои онҳо ибтидои хуби сафар шуд. Сипас бонувон ба Самарқанд равона шуданд ва, пеш аз ҳама, Регистонро зиёрат карданд. 
«Мо дар он ҷо мадрасаҳоеро, ки дар се самти майдон ҷойгир шудаанд, тамошо кардем. Роҳнамо моро ба Шоҳи Зинда бурд, дар он ҷо қабрҳоеро, ки шахсиятҳои машҳур мадфун шудаанду бо ҳокимон алоқадор мебошанд, аз он ҷумла хоҳарон, дояҳо ва мувофиқи ривоят бародархонди пайғамбар Муҳаммадро зиёрат кардем. Худи Амир Темур дар маҷмӯи алоҳидаи Гӯри Амир мадфун мебошад, дигар як ҷойи дидании Самарқанд масҷиди Бибихонум мебошад, ки онро ҳамсари Амир Темур бунёд кардааст, умуман аз замоне, ки ман бори охир, яъне соли 1992 ба Самарқанд омада будам, дар ин ҷо бисёр бозсозиҳо, таҷдиду тармимҳо рух додаанд. Алҳол ҳама чиз тағйир ёфтааст, корҳои анҷомёфта миқёс ва муҳтавои бунёдкориҳоеро, ки ҳанӯз охири асри XIV сохта шудаанд, нишон медиҳанд».
Муаллиф қайд менамояд, ки Ӯзбекистон ҳанӯз аз сайёҳии оммавӣ халалдор нашуда ва аз ҷониби сайёҳони Британиёи Кабир нисбати дигар кишварҳои Аврупо камтар омӯхта шудааст. 
Меҳмонон аз тамошои бозори Чорсу таассурот ва хотираҳои фаромӯшношуданӣ бардоштанд, дар ин ҷо онҳо аз тамошои таомҳо ва тамъи кабоби ӯзбекӣ баҳра бардоштанд.
«Замоне, ки ман соли 1992 дар байни Самарқанду Бухоро бо автобус сафар карда будам, ин роҳи дуру дароз ва серчанг буд, ин дафъа мо бо қатораи баландсуръат сафар кардем, ки масофаро дар ду соат тай намуд. Дар вокзали Бухоро ман номи Амир Кулолро дар овезаи рекламавии хатсайри зиёратӣ бинобар қабрҳои «Ҳафт муқаддасоти Бухоро» дида, ба ҳайрат афтодам, зеро ин гузаштаи мо ҳанӯз таъсир ва ҳузури замонавӣ дошт, ки ғайричашмдошти мо буд», – менависад муаллиф.
Дар Бухоро меҳмонон аз мақбараи Амир Кулол боздид ба амал оварданд. Ин мавзеъ дар доираи саъю кӯшишҳои 25-сола бобати ошкор ва барқарор кардани хотираи ҳафт сӯфии муқаддаси ислом, ки дар ин минтақа зисту зиндагӣ кардаанд, барқарор шудааст. 
«Онҳо – донишмандони Бухоро, касоне, буданд, ки дар байни асрҳои X ва XVI зиндагонӣ кардаанд, ҳар кадоми эшон ба шогирдони худ донишу таҷрибаашонро омӯхтаанд, менависад журналисти британиёӣ. – Ин маро водор намуд, робитаи навро бо рангҳои зебо, ки мо дар тамоми ҷараёни сафари худ дар Ӯзбекистон дидаву мушоҳида намудем, пайдо намоям. Пештар Амир Кулол мақбараи махсус надошт, вале имрӯз минтақаи иҳоташуда дар шарқи Бухоро бо масҷиду боғи зебое мавҷуд аст. Пештар инҷо қабри оддӣ буд. Сокинони маҳаллӣ медонистанд, ки дар инҷо Амир Кулол дафн шудааст, баъд аз он ки Ӯзбекистон мероси худро аз нав идрок намуд, ҳудуди қабри Амир Кулол як қисми ҳафт муқаддасот гардид». 
Муаллиф миннатдории худро аз раҳнамоён изҳор дошт, ки сарвати шаҳрҳои Ӯзбекистонро барои ӯ ва модараш аз нав зинда карданд. Бинобар суханони ӯ вай ва модараш гӯё таърихи оилаи худро зиёрат карданд. Сайёҳат дар ҷустуҷӯйи гузаштаи худ ба саргузашти ҳафтаина табдил ёфт ва таассуроти беш аз чашмдошт гузошт.
«Муҳимаш, минбаъд модари ман метавонад бо гузаштаи худ ифтихор кунад ва воқеан ҳақ дорад, иброз намояд, ки дар шарёни мо хуни муқаддас ҷорист», – хулоса мекунад Мишал Ҳусайн.

ИА «Дунё», 
шаҳри Лондон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: