Владимир ТЮРДЕНЕВ: СОЛИ 2020 АЗ ВОҚЕАҲОИ НАВУ ДУРАХШОНИ МУНОСИБАТҲОИ РУСИЯГИВУ ӮЗБЕКИСТОНӢ САРШОР ХОҲАД БУД

Дар арафаи Соли нав Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ӯзбекистон Владимир Тюрденев тамоми сокинони кишвари моро бо ҷашни фарорасида муборакбод намуд ва комёбиҳои соли 2019-умро дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни ду давлат қайд кард.

– Соли 2019 ва ман, фикр мекунам, шумо бо ман ҳамақидаед, он мафҳумро беш аз пеш мустаҳкам кард, ки Ӯзбекистон ва Русия шарикон ва дӯстони муътамаду аз санҷиши замонҳо гузашта мебошанд, – таъкид кард дипломати русиягӣ. – Ин, бешубҳа, аз бисёр ҷиҳат туфайли хидмати сарони давлатҳои мо Владимир Владимирович Путин ва Шавкат Миромонович Мирзиёев аст.
Мулоқоти самимии онҳо ба рушди ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар тамоми самтҳо такон мебахшанд. Ғайр аз робитаҳои мунтазами дуҷониба, тӯли се соли охир роҳбарони давлатҳои мо зиёда аз даҳҳо вохӯриро «дар соҳат»-и чорабиниҳои байналхалқӣ баргузор карданд. Алҳол мо омодагии фаъолро ба сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Русия, ки дар соли 2020-ум пешбинӣ шудааст, мушоҳида менамоем.
Алоқаҳои дуҷонибаи дараҷаҳои гуногун дар соли сипаришуда даҳҳо не, балки садҳо ададро ташкил медиҳанд. Ман мехостам танҳо ба аҳамиятноктарини онҳо таваққуф намоям. Аз сафари моҳи майи Раиси ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Ӯзбекистон оғоз мекунам, ки ба кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои дуҷониба асос гузошт. Вазифаи ин Комиссияи муштарак мувофиқсозии стратегии саъю кӯшишҳои дуҷониба бинобар афзун кардани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ ва технологӣ ба шумор меравад. Ин гуна механизмҳо дар Русия танҳо бо миқдори ками кишварҳо амал мекунанд. Д. Медведев, хотиррасон менамоям, ҳамчунин  ба ҳайати Русия дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШ, ки моҳи ноябр дар Тошканд баргузор шуд, сарварӣ кард.
Аз ҳамкориҳои байнипорлумонӣ, ки дар соли гузашта нафаси тоза пайдо карданд, наметавонам сарфи назар кунам. Сарони ҳар ду палатаи парлумони Русия В.Володин ва В.Матвиенко аз Ӯзбекистон боздид ба амал оварданд, онҳоро Президент Шавкат Мирзиёев пазируфт, бо ҳамкорони худ – роҳбарони Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис гуфтушунид баргузор намуданд. Мавриди тазаккур аст, ки барои раиси Думаи давлатии Русия ин тӯли солҳои дароз (аз соли 2006) аввалин сафари расмӣ ба Тошканд буд.
Ба ин маънӣ мехостам эътибори шуморо ба ақидаҳои ҳаммонанди Русия ва Ӯзбекистон оид ба вазъияти Афғонистон ҷалб намоям.
Дар ҷанбаи сиёсати хориҷӣ низ ҳамкориҳои қарини тарафайн ба роҳ монда шудаанд. Моҳи майи соли равон роҳбари Вазорати корҳои хориҷии мо С.Лавров бо сафар ба Тошканд омад, 25 декабр дар Маскав машваратҳои дуҷониба дар сатҳи муовинони вазорати корҳои хориҷӣ баргузор шуд. Русия ва Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ, аз ҷумла дар доираҳои СММ ва дигар созмонҳои байналхалқӣ бо мавқеи ҳаммонанд ё худ қарин баромад мекунанд.
Ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи таълим низ мунтазам инкишоф ёфтанд. Бариловаи бахшҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.Плеханов, Донишгоҳи давлатии нафту гази ба номи И.Губкинаи Русия бахшҳои Донишкадаи физикиву муҳандисии Маскав, Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Маскав, Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав ва дигар муассисаҳои машҳури таълими олии Русия кушода шуданд. Соли 2020-ум ба нақша гирифта шудааст, ки бахши Донишгоҳи давлатии техникии Астрахан, Донишгоҳи маъданҳои кӯҳии Санкт-Петербург ва Академияи давлатии дорусозии Перм боз гарданд. Ҳамчунин муроҷиати ҷониби Ӯзбекистон дар бораи таъсис додани бахшҳои Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи Н.Бауман, Донишкадаи меъмории Маскав, Донишкадаи давлатии забонҳои Русия ба номи А.Пушкин баррасӣ мешаванд.
Наметавонам дар бораи робитаҳои фарҳангиву инсонпарваронаи Русия ва Ӯзбекистон, ки дар соли гузашта боиси эътибори зиёд гардиданд, таваққуф накунам. Фикр мекунам, ҷои баҳс нест, ки маҳз қаробати маънавии халқҳои мо, низоми ҳаммонанди ҳуввиятҳо – гарави ҳамкориҳои бомуваффақият дар тамоми самтҳо: аз сиёсат то иқтисодиёт ба шумор мераванд.
Дар соли 2019-ум тақрибан 100 чорабинӣ дар соҳаи фарҳанг гузаронида шуд, ки аз ҷашнвораҳо, консертҳо, конфронсҳои мухталифмавзӯъ ва «мизҳои мудаввар»  иборат буданд. Дар Ӯзбекистон Рӯзҳои маданияти Русия ва Рӯзҳои маданияти Ҷумҳурии Тотористон бомуваффақият баргузор шуданд. Мо ният дорем ҷуғрофияи гастроли ҷамоаҳои эҷодии Русияро вусъат диҳем, яъне танҳо бо Тошканд маҳдуд нагардем. Бовар дорам, ки ин бобати оммавӣ гардидани маданият ва забони русӣ дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ такони хуб мебахшад.
Аз фурсат истифода бурда тамоми сокинони Ӯзбекистонро бо фарорасии соли 2020 муборакбод менамоям!
Бигузор, тамоми орзуҳои шумо, умеду ормонҳои поку некатон амалӣ шаванд!
Бигузор дар ҳар хонавода хурсандиву меҳру мурувват ҳукмрон бошанд! Бигузор роҳҳо, шаҳрҳо ва деҳоти ба дили шумо азиз беш аз пеш зеботару ҷолибтар гарданд!
Муътақидам, ки соли 2020-ум дар муносибатҳои русиягиву ӯзбекистонӣ аз воқеаҳои наву дурахшон саршор мегардад, робитаҳои дуҷониба бошанд, ба манфиати халқҳои мо мустаҳкамтар мешаванд.

ОИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: