МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА КУРИЁИ ҶАНУБӢ БА АМАЛ ОМАД

6 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин суҳбати телефонӣ дошт.

6 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин суҳбати телефонӣ дошт.
Дар ибтидои суҳбат роҳбари давлати мо аз номи халқи сермиллати Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худ Президент Мун Чжэ Ин ва мардуми Куриёи бародариро бо Рӯзи таъсисёбии Куриё ва ҷашни анъанавии Чусок самимона муборакбод намуда, орзуву омоли сулҳу салоҳ, фаровонҳолӣ ва шукуфоӣ изҳор намуд.
Сарони  Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ аҳвол ва пешомади рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии махсуси стратегиро ҳамаҷониба баррасӣ карданд, ҳамчунин бинобар масъалаҳои рӯзмарраи сиёсати байналхалқӣ табодули афкор намуданд.
Муҳимияти фаъолона идома додани ҳамкориҳои тарафайн ва мулоқоти мунтазаму пурмазмун дар сатҳҳои гуногун ба мақсади коҳиш додани оқибати паҳншавии ҷаҳонии коронавирус барои ҳамкории бисёрҷанбаи ӯзбекистониву куриёӣ таъкид гардид.
Президенти Ӯзбекистон ба ҳамвазифаи худ барои ҳамкории амалии Куриёи Ҷанубӣ дар ташкил кардани муборизаи самарабахш бар муқобили пандемия, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами пешгирӣ ва табобати ин иллат низ миннатдории самимӣ баён кард.
Бобати ҳамкории қарини минбаъда дар сатҳи вазоратҳои нигаҳдории тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои манфиатдор, аз ҷумла дар соҳаи такмил додани усули табобат, коркард ва таъминсозӣ бо ваксинаҳо муоҳида ба даст омад. Дар ҷараёни суҳбат ба тайёр кардани рӯзномаи вохӯриҳои пешистодаи дараҷаи олӣ эътибори махсус дода шуд.
Аз ҷумла президентҳо масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявӣ, ташаккул додани шароити мусоид барои афзудани мубодилаи мол ва пурзӯр намудани кооператсия, ҳамчунин вусъат додани пойгоҳи зарурии ҳуқуқӣ ва кӯмак дар пешбурди ташаббусҳои соҳибкориро муҳокима карданд.
Онҳо ба ҳукуматҳои ду мамлакат супориш доданд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи 65 лоиҳаи муштараки ҳамкориҳои сармоявӣ, молиявию техникӣ ва башардӯстонаро, пеш аз ҳама барномаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таълим бинобар самти ҳамкории оҷонсии байналхалқии Куриё ва Бунёди рушди иқтисодиву ҳамкорӣ идома диҳанд.
Ғайр аз ин бобати зиёд кардани маҷмӯи лоиҳаҳои пешомаднок бо иштироки ширкатҳои пешқадам ва идораҳои бонкиву молиявии Ӯзбекистону Куриёи Ҷанубӣ, ки ҳоли ҳозир аллакай аз 4 миллиард доллар бештар мебошад, чораҳои муҳим андешида мешаванд.
Дар хотимаи мулоқоти телефонӣ сарони давлатҳо ҳамраъии қатъии худро бинобар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанба, ки ба решаҳои мустаҳками дӯстии бисёрасрина такя мекунанд ва идома додани ҳамкориҳои васеъмиқёси амалиро бори дигар таъкид намуданд.
Суҳбати роҳбарон чун анъана дар муҳити самимӣ, конструктивӣ ва дӯстӣ гузашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: