ҲАФТАИ «ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – ДИЁРИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО»

Маълум аст, ки 16 ноябри соли1995 дар сессияи 28-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж «Декларатсияи тамоюлҳои кушодадилӣ» қабул гардида буд.

Ин сана дар миқёси олам ҳамчун «Рӯзи байналмилалии кушодадилӣ» таҷлил мегардад.

 

Ҳоло дар мамлакатамон намояндагони беш аз сад миллат ва 16 конфессияи динӣ чун фарзандони як оила тифоқона кору зиндагӣ мекунанд. Алҳол дар вилояти Бухоро низ 12 маркази миллию маданӣ ва 10 ташкилоти динии ноисломӣ фаъолият доранд. Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи онҳо бо як мақсад – баҳри оромиву осоиштагӣ ва тараққиёти Ӯзбекистони соҳибистиқлол азму кӯшиш мекунанд. Беҳуда нест, ки намояндагони ин марказҳо солҳои гуногун сазовори мукофотҳои давлатӣ гаштаанд. 
Ба муносибати Рӯзи кушодадилии байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо ҳамкории ҳокимият, шуъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифат, ташкилоти нодавлатию нотиҷоратӣ таҳти шиори «Ӯзбекистони Нав – диёри дӯстии халқҳо» 15-21 ноябр чорабиниҳои маданию маърифатӣ баргузор мегарданд. Яке аз чунин чорабиниҳо дар Донишгоҳи давлатии Бухоро таҳти унвони «Маърифат ва кушодадилии байни миллатҳо» ба амал омад. Дар он ташкилоти ҳамкор, намояндагони марказҳои миллию мадании вилоят иштирок карданд. Ҷонишини ҳокими вилоят Миралӣ Ҳамроев тадбирро кушода, ҷамъомадагонро бо иди байналхалқӣ муборакбод намуд. Аз ҷумла, ӯ бобати дар Бухоро ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни олам мақоми баланд доштани дӯстии халқҳо, якдилӣ, тафоҳуми байниҳамдигарии қавмҳою намояндагони динҳо, фазилатҳои инсонпарваронаи мардумамон таваққуф кард. Дар чорабинӣ аз хусуси фаъолияти хуби ҳамаи марказҳои миллию маданӣ сухан рафт, намояндагони онҳо бо ташаккурнома ва туҳфаҳои арзанда сарфароз карда шуданд. Дар охир иштирокдорони тадбир дар «Боғи дӯстӣ»-и донишгоҳ ниҳол шинонданд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: