МАНЗИЛҲОИ НАВИ ОИЛАҲО

Мувофиқи Фармони Президент аз 11 марти соли 2021 «Дар бораи чорабиниҳои иловагии бо хонаю ҷой таъмин кардани аҳолӣ тавассути воми ипотекаи тамоилҳои бозорӣ» дар ноҳияи Вобканд низ корҳои назаррас ба амал меоянд.

Аз ҷумла, дар кӯчаи Аҳмади Дониши ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Дӯстлики маркази ноҳия дар ҷойи автобазаи партовшудаи собиқ барои 90 оила манзили замонавӣ сохта шуд. Ин биноҳои панҷошёна мувофиқи дархости ҶММ «Қишлоққурилишинвест» аз ҷониби бинокорони ҶММ «Колоннаи механиконидашудаи сайёри байнихоҷагии 201» (сардораш Р. Тойиров), ҶММ «Бунёдкор транс экспорт имкон» ва ҶММ «Ғиждувон бунёдкор» сохта шудааст. Биноҳои мазкур бо вомҳои ипотекаи филиали вилоятии «Қишлоққурилишбонк» сохта шуда, бо пардохти 15 фоизи қимати бино  (қисми боқимонда дар давоми 20 сол супорида мешавад) ба эҳтиёҷмандон супорида шуд.
Ин манзилҳо дорои як қатор қулаиҳо буда, он бо нуқтаҳои гази табиӣ, барқ, оби тозаи ошомиданӣ васл карда шудааст. Дар ин ҷо мавҷуд будани муассисаи таълими томактабӣ ва мактаби таҳсилоти умумӣ барои истиқоматкунандагони мавзеъ писанд омад.

А. АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: