ЗИЁРАТГОҲЕ ДАР ДОМАНИ КӮҲ

Дар даромадгоҳи деҳаи Қоратоши ноҳияи Фориш, дар доманае зиёратгоҳе бо номи «Хӯҷа Боғбонота» мавқеъ гузидааст.

Дар даромадгоҳи деҳаи Қоратоши ноҳияи Фориш, дар доманае зиёратгоҳе бо номи «Хӯҷа Боғбонота» мавқеъ гузидааст. Мувофиқи маълумотҳо номи аслии ин шахси маъруфи таърихӣ Ибн Муҳаммад ал-Восит буда, дар асри ХII зиндагонӣ кардааст. Тавре, ки дар лавҳаи дохили зиёратгоҳ оварда шудааст, Низомиддин Мир Алишери Навоӣ дар «Насойим-ул-муҳаббат» дар қатори ҳафтсад нафар пиру авлиёҳо номи Хоҷа Боғбонро низ зикр намудааст. Гуфта шудааст, ки ин пири комил илмҳои оид ба фиқҳ ва исломиро хуб аз бар намуда буд ва барои ба суҳбаташ мушарраф гардидан мардуми зиёд ба ҳузураш мешитофтанд.
Се сол муқаддам зиёратгоҳ таъмир карда шуд. Барои ба баландӣ (то ғор) баромадан зинаҳо сохтанд. Ҳавзчаҳо бунёд намуданд, ки моҳичаҳо дорад. Роҳравҳо обод гардид. Катҳои зебо гузошта шудаанд. Поёнтар чашмае ҳаст, ки обаш хусусияти шифобахшӣ дорад, дар қадре баландӣ марқади ӯ ҷой гузидааст. Ба сари қабр зиёраткунандагон тавассути ҳафтод зинаҳои бетонӣ, ки тақрибан як метр дарозӣ доранд, мебароянд.
– Ҳамаи ин корҳои таъмирӣ ва ободонӣ ба туфайли ҳиммати беминнати марди саховатманд, соҳибкори номӣ Турсунбой Олтинов ба анҷом расиданд, – гуфт зимни суҳбат имом-хатиби зиёратгоҳ Холдор Ҳамидов. – Ба нақша гирифта шудааст, ки то ин ҷо роҳ асфалтпӯш карда шавад. Ҳамчунин таҳоратхона, ҷойи намозхонӣ низ бунёд мегардад, – гуфт Холдор Ҳамидов.
Бояд гуфт, ки дар гармои тобистон одамон гурӯҳ-гурӯҳ омада дар суфа ва катҳои зери сояи дарахтони тут нишаста истироҳат мекунанд. Ғизову хӯрданиҳои бо худ овардаашонро тановул менамоянд. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори»Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: