Зуҳури олии инсонпарварӣ

Дар арафаи ҷашни моҳи шарифи Рамазон ба сифати зуҳури дурахшони чунин сифатҳои неки халқамон мисли некӣ, шафқат, инсонпарварӣ ва меҳрубонӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Фармон «Дар бораи авфи гурӯҳи шахсоне, ки дар маҳалҳои маҳрумӣ аз озодӣ муддати ҷазоро гузашта, аз рафтори худ сидқан пушаймон гардида, ба роҳи дурусти ислоҳ даромадаанд» имзо гардид.

Бинобар Фармон тибқи банди 23 моддаи 93 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 65 шахс авф гардид, ки барои ҷинояташон муддати ҷазоро мегузаранд, аз рафтори худ сидқан пушаймон гардида, ба роҳи дурусти ислоҳ даромадаанд.

Аз ҷумлаи авфгардидагон 2 нафар пурра аз муддати ҷазои асосӣ озод гардида, 39 нафар аз муҳлати ҷазо шартан пеш аз муҳлат озод карда шуда, ҷазое, ки нисбати 6 нафар муқаррар гаштааст, ба ҷазои нармтар иваз карда шуд. Ғайр аз ин муддати ҷазо дар  намуди маҳрум  намудан аз озодӣ, ки нисбати 18 нафар муқаррар гаштааст, кӯтоҳ карда шудааст.

Аз ҷумлаи авфшудагон – 1 нафар шаҳрванди давлати хориҷӣ, 3 нафар занон, 3 нафар мардони синнашон аз 60 сол боло, 3 нафар иштирокдорон дар фаъолияти ташкилотҳои манъгардида.

Дар доираи татбиқи Фармон ба масъулони вазоратҳо ва идораҳо дар бобати баргардондани шахсони авфгардида ба хонавода ва наздиконашон, ҳамдастӣ ба онҳо дар ҷиҳати мосгардии иҷтимоӣ, ҷалб намудан ба меҳнати фоиданок, интихоби тарзи солими ҳаёт ва ишғол намудани ҷойгоҳи муносиб дар ҷамъият супоришҳо дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: