СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ БЕШТАР МЕШАВАНД

Дар вилояти Андиҷон аз ҷониби марказҳои хидматрасонии давлатӣ тӯли 40 рӯзи охир 3701 субъекти нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар вилояти Андиҷон аз ҷониби марказҳои хидматрасонии давлатӣ тӯли 40 рӯзи охир 3701 субъекти нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд. Ба қарибӣ фаъолияти 2300 соҳибкоре, ки дар давраи карантин кори худро боздошта буданд, оғоз ёфт.
Мувофиқи маълумоти хидмати матбуоти раёсати Оҷонсии хидматҳои давлатии вилояти Андиҷон бинобар паҳншавии бемории коронавирус аз 25 март аз ҷониби ходимони навбатдори марказҳои хидмати давлатӣ тамоми хидматҳои давлатӣ аз тариқи электронӣ – портали «my.gov.uz» танҳо дар мавридҳои зарурӣ пешниҳод мешуданд. 
– Тӯли 40 рӯзи охир ба марказҳои хидмати давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон беш аз 50 ҳазор муроҷиат расид, – мегӯяд муовини сардори раёсати вилоятии Оҷонсии хидматҳои давлатӣ Абдураҳмон Алимов. – Ба баъзе шаҳрвандон мувофиқи тартиби муқарраршуда тавсияҳои дахлдор дода шуданд, ба бисёр ҳамватанон бо дарназардошти аҳамияти фаъолияти онҳо бо риояи қоидаҳои карантин хидматҳои зарурӣ пешниҳод карда мешаванд. 
Дар ин давра аз ҷониби марказҳои хидмати давлатӣ 3701 субъекти нави соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд. Баъд аз ҷониби роҳбари давлат эълон шудани сабуккунии чораҳои карантин ва муроҷиати видеоии ҳокими вилоят бобати ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолие, ки ба муносибати карантин кори худро қатъ карда буданд, аз 11 ҳазор субъекти соҳибкории фаъолияти худро муваққатан боздошта 2300-тоашон бо масъалаи оғоз кардани кор муроҷиат намуданд. Барои онҳо ҳуҷҷатҳои дахлдор мувофиқи тартиби муқарраршуда расмӣ кунонида шуданд. 
Қисмати асосии муроҷиатҳо ба масъалаҳои гирифтани ҳуҷҷат дар бораи набудани маҳбусият, бақайдгирии манзил, расмикунонии  кадастр, қайд ва аз нав ба қайд гирифтани субъектҳои соҳибкорӣ тааллуқ доранд.

Ф. УБАЙДУЛЛОЕВ, 
хабарнигори ӮзА.            

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: